Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз муҳаббат ва таваҷҷуҳ нисбати шумо зиёд мегардад, ҳатто агар аллакай дӯстдошта дошта бошед. Аммо эҳтиёт шавед, ин ҳама метавонад боиси ҳасади дигарон шавад. Бигузоред зиндагӣ бо ҷараёни худ равона шавад. Вақт нишон медиҳад, ки барои беҳбудии робитаҳои оилавӣ чӣ бояд кард. Дар кор аз зоҳир кардани қобилияти роҳбарӣ натарсед. Хӯроки сабук ба саломатии шумо фоида хоҳад овард, вале парҳези шадид тавсия намешавад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз вақти муносибест барои корҳои хона. Шахсони танҳо шояд дар масъалаи ошиқӣ аз ду якеро интихоб карданашон лозим ояд. Нақши худро дар ҷомеа фаромӯш накунед, шом бо оила ба чорабиние равед. Бо пул эҳтиёткор бошед, ҳар харидро пешакӣ андеша кунед. Шумо хеле хаста шудаед, вақти он расидааст, ки каме истироҳат кунед ва қувват гиред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар масъалаҳои ошиқона каме номуайянӣ эҳсос мекунед. Аммо дер ё зуд бояд қарор гиред. Робита бо одамон на ҳамеша хушоянд аст, ҳатто наздикон метавонанд бо шӯхии номувофиқ шуморо ранҷонанд. Ҳамкории корӣ, хусусан бо занон, натиҷаҳои хуб хоҳад дод. Даромади устувори пулӣ шояд ҳоло набошад, аммо дар сари шумо якчанд фикрҳои ҷолиби пулёбӣ пайдо мешаванд. Ба шумо гиёҳҳои шифобахш барои дарди гулӯ тавсия мешавад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Бо шахси дӯстдошта баҳс накунед, ҳатто ҳарфи ночиз метавонад ба ҷудоӣ оварда расонад. Имрӯз метавонед аз ҳар мушкиле раҳо ёбед, агар вақтро беҳуда нагузаронед. Рӯзи ором аст. Эҳтимол, кори шумо бо як сафари ногаҳонӣ ё санҷиши тасодуфӣ халалдор гардад. Хабари молиявӣ метавонад шуморо шод гардонад, маблағе ба даст меоред, ки эҳтиёҷоти шуморо мепӯшонад. Барои беҳбудии саломатӣ беҳтараш дар хона истироҳат кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Эҳтимол хоҳиши ишқбозӣ дар дили шумо бедор шавад. Аммо ҳушёр бошед, худро идора кунед, то баъд пушаймон нашавед. Ҷустуҷӯи муҳаббат натиҷа намедиҳад ва ҳатто метавонад боиси руҳафтодагиятон гардад. Имрӯз фурсати хубест барои оғоз кардани нақшаҳои нав ва мулоқотҳои корӣ. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед ва каме бештар сарфа кунед. Дар рондани мошин низ эҳтиёт кунед, хавфи садама вуҷуд дорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ба эҳсосот дода нашавед, ҳарфи сахт метавонад муносибатҳои ошиқонаи шуморо вайрон кунад. Дар оила тағйирот ё мушкилоти хурде рух медиҳанд, ки дар оянда судманд хоҳанд шуд. Имрӯз ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан шумо худро хаста эҳсос мекунед. Эҳтимол аст, ки корҳоятон нимкола монанд, бидуни нақша харид накунед. Агар бемор бошед, эҳтимоли шифо ёфтанатон зиёд аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ишқбозиҳои ноҷо метавонад боиси гапу калочаи зиёд гардад. Агар бо наздикон қаҳрӣ бошед, фурсати хубест барои оштӣ шудан. Меҳнат ва саъйи шумо метавонад ба баландшавии мансаб расонад, аммо интизомро фаромӯш накунед! Ҳоло вақти ишқбозӣ нест, бояд ба масъалаҳои молиявӣ диққат диҳед. Иммунитети худро беҳтар кунед ва аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, хатари гирифторшавӣ ба вирус зиёд аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Як нофаҳмии хурд бо шахси наздик метавонад муносибати ошиқонаро вайрон кунад. Эҳсосотатонро назорат кунед. Зану шавҳарон ба гуфтугӯи душвор ва туҳматҳо омода бошанд. Дар ҷои кор шояд шуморо ба баҳсу муноқиша даъват кунанд, бо оромӣ аз вазъият бароед. Шиносоии муҳим ё тасодуфи ғайричашмдошт метавонад ба пешравии шумо мусоидат намояд. Нағзакак хоб кунед, набудани истироҳати дуруст ба саломатии шумо зарар мерасонад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нобовариву гумони бад ба муҳаббататон осеб мерасонанд, боэътимод бошед ва вақти худро бо дӯстони наздик гузаронед. Рӯз метавонад бо нофаҳмиҳо оғоз шавад, эҳсосотро назорат кунед. Ба худ фишори зиёд наоред, шитобкорӣ боиси иштибоҳ мешавад. Пул қарз надиҳед, эҳтимоли зиёд аст, ки онро барнагардонанд. Имрӯз фурсати хубест барои варзиш ва ғизои солим.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Муноқиша бо намояндагони ҷинси муқобил ба обрӯи шумо таъсири бад мерасонад. Ба эҳсосот дода нашавед, хоксорӣ нишон диҳед. Имрӯз рӯзи нақшагирии чорабиниҳо ва саёҳатҳои дилхушкунанда аст. Аз хушомадгӯии беш аз ҳад худдорӣ намоед, самимият беҳтарин роҳ аст. Эҳтимол аст, ки қарзи кӯҳна ё маблағи дигаре пардохт шавад. Бегоҳӣ эҳсоси хастагӣ мекунед, вале натиҷаҳо шуморо шод мегардонанд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шомгоҳон эҳтимоли афзоиши муҳаббат зиёд мешавад. Агар ба ишқбозӣ омода бошед, фурсатро истифода баред. Меҳмонон, дӯстон ё хешовандон метавонанд ба суроғатон оянд. Дар коргоҳ, мумкин аст, ҷойи ҳамкоре, ки бемор ё аз кор рафтааст, ишғол кунед, пешакӣ маошро аниқ кунед. Аз шартбандӣ ва қимор дурӣ ҷӯед, шонси бурд паст аст. Имрӯз эҳтимоли хастагии ҷисмонӣ ва асабӣ шудан зиёд аст, истироҳат кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Касе метавонад аз рӯҳияи хуби шумо сӯйистифода кунад, эҳтиёт шавед ва ба ҳар кас бовар накунед. Сабаби серкорӣ ин аст, ки вақти кофӣ барои наздикон намеёбед. Имрӯз хабари номатлубе мешунавед ва дар сафарҳои корӣ душвориҳо эҳсос мекунед. Беш аз ҳарвақта эҳтиёткор бошед, қаллобон фаъоланд. Аз машқҳои вазнин худдорӣ намоед, ба шумо аэробика ва машқҳои нафаскашӣ бештар мувофиқанд.