1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1419

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шумо бояд иродаву устувории худро нишон диҳед, то ба ҳадафҳои худ бирасед. Занҳо метавонанд аз таҷрибаҳои гузаштаашон истифода баранд. Дар оила, бо фарзандон мушкилиҳо имкон доранд, аммо бо хирадмандӣ ҳал мешаванд. Баъзе корҳои муҳимро беҳтараш ба фурсати дигар гузоред. Хабарҳои нав метавонанд ба шумо барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ роҳ нишон диҳанд. Аз таъсири обу ҳаво эҳтиёт шавед, хастагӣ ва дардҳои сабук эҳсос мешаванд.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат ба шумо бахти бузурге насиб мегардад, фурсатро аз даст надиҳед! Аз таҷрибаҳои нав наҳаросед, онҳоро бо далерӣ истифода баред. Ашёҳои гумшуда метавонанд пайдо шаванд. Ба ҳиссиёти дарунии худ эътимод дошта бошед. Корҳои худро бо шахси боэътимод тақсим намоед. Аз шамолкашӣ эҳтиёт шавед, бемориҳои сабук метавонанд ҷиддӣ шаванд.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Шумо имрӯз дар муҳити пур аз муҳаббат қарор мегиред. Дар изҳори эҳсосоти худ ҷасур бошед ва нисбати дӯстдоштаи худ самимӣ бошед. Саргузаштҳои ҷолиб дар пешанд. Аз мушкилиҳо пинҳон нашавед, ба дӯстони боэътимод муроҷиат кунед. Имрӯз метавонед дар назди роҳбарият таассуроти хуб гузоред. Хароҷоти ғайриинтизор ба буҷаи хона таъсир мерасонад, вале бо сабр бошед. Аз ғизоҳои дӯстдоштаи худ лаззат баред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дӯстдоштаатон эҳсос мекунад, ки ба ӯ камтар диққат медиҳед. Ба ӯ нишон диҳед, ки нодуруст фикр мекунад. Ҳатто агар бароятон душвор бошад ҳам, имрӯз бо суханони хуш наздиконатонро хурсанд созед. Дар кор душвориҳо пеш меоянд, вале бо эътимод онҳоро пушти сар мекунед. Вазъи молиатон метавонад беҳтар шавад, эҳтимоли бурд ё баргардони қарз вуҷуд дорад. Сайругашти тӯлонӣ дар ҳавои тоза ба шумо нерӯ мебахшад.

Асад (23 июл-23 август)

Муҳаббати худро аз дигарон пинҳон доред, ҳасудон ҳамеша дар атрофатон қарор доранд. Рӯзи душворе дар пеш аст, ки метавонад бо муноқишаҳо дар муҳити оилавӣ анҷом ёбад. Кор бо ниҳодҳои давлатӣ ва имзои санадҳо имрӯз натиҷа мебахшанд. Аз баҳсҳои молиявӣ худдорӣ кунед, то муносибатҳоро вайрон насозед. Ба намуди зоҳирӣ аҳамият диҳед, варзиш ва ғизои солим ба шумо фоида мебахшанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз аз ҷанҷол бо дӯстдоштаатон худдорӣ кунед, ҳатто агар ӯ шуморо ба баҳс тела диҳад. Ба вазъият аз нигоҳи дигар назар андозед, ин кумак мекунад, ки роҳҳои осонтар пайдо шаванд. Ҳар қадаре ҳадаф ба назаратон дур намояд, ноумед набошед, пешравӣ наздик аст. Шиносоии нав метавонад ба рушди касбӣ ва молӣ мусоидат кунад. Имрӯз эҳтимол аст шахси мансабдоре ёратон шавад. Бо варзиш ва оббозӣ эҳсоси беҳбудӣ хоҳед кард.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҷодаи муҳаббат эҳтимоли пайдо шудани рақиб зиёд аст, аммо худро аз даст надиҳед. Ором бошед ва эҳсосотро назорат кунед. Наздиконатон аз шумо муҳаббат ва диққат мехоҳанд, онҳоро шод гардонед. Аз роҳбарият дур бошед, то кори иловагӣ нагиред. Дар давоми 2-3 ҳафтаи наздик диққати худро ба хона ва даромади пулӣ равона созед. Телефони ҳамроҳро шабона истифода набаред, чашмро эҳтиёт кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шояд шумо фикр кунед, ки мулоқот бо дӯстдоштаатонро қатъ кардан беҳтар аст, вале ин танҳо эҳсоси муваққатист. Вақтро бо дӯстон гузаронед, онҳо шуморо бо нерӯи мусбат пур хоҳанд кард. Дар кор такон ва фаъолшавӣ эҳсос мешавад, вале корҳои мушкилро беҳтараш ба таъхир гузоред. Манбаи нави даромад пайдо мешавад, вале кори асосиро фаромӯш накунед. Имрӯз лаҳзаи муносибест барои раҳо шудан аз одатҳои бад ва оғози роҳ ба сӯи тандурустии беҳтар.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳтимолияти сар задани рашк дар муносибати ошиқона вуҷуд дорад, ки метавонад сабаби ҷанҷол гардад. Ба эҳсосот роҳ надиҳед ва бо сабр рафтор кунед. Оиладорҳо бояд эҳтиёткор бошанд ва муҷаррадон аз ҷустуҷӯи муҳаббат муваққатан худдорӣ намоянд. Дар кор душвориҳои асосӣ паси сар шудаанд. Бо дӯстону шиносон гуфтугӯ кунед, онҳо метавонанд манбаи нави даромадро нишон диҳанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз муҳаббат метавонад аз ҳар ҷо пайдо шавад, дар кӯча, дар кор ё ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Нигоҳҳои меҳрубони атрофиён диққататонро ҷалб мекунанд. Барои оиладорҳо муносиб нест, ки дар ҷустуҷӯи ишқбозиҳои нав бошанд. Дар кор, агар ба ҳисси дарунӣ такя кунед, муваффақ мешавед. Аз қарзҳои нав худдорӣ намоед. Фитнес ба шумо барои беҳбуди ҳолати ҷисмонӣ мусоидат мекунад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар шумо танҳо бошед, имрӯз барои ошиқ шуданатон мувофиқ аст. Ҳамеша ростгӯву росткор бошед, ростӣ аз нофаҳмиҳо ҷилавгирӣ мекунад. Дар оила, масъалаҳои вобаста ба норасоии пул сар мезанад. Баъзеҳо эҳсос хоҳанд кард, ки бояд ҳақ будани худро исбот кунанд. Энергияи зиёд доред, вақти хубест барои оғоз кардани лоиҳаҳои нав. Дар хароҷот эҳтиёткор бошед. Фурсати муносибест барои дидани духтури дандон.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз барои шумо як сюрпризи ғайриинтизор омода шудааст, ки воқеаи ҷолиб ва фараҳбахш хоҳад буд. Аз он натарсед, ҳамааш ба нафъи шумо анҷом меёбад. Эҳтимол яке аз дӯстон аз шумо меранҷад, зеро ӯ на дӯстӣ, балки муҳаббати шуморо мехоҳад. Бо ягон масъала ба роҳбари худ муроҷиат накунед, эҳтимоли ҷавоби рад шунидан зиёд аст. Агар истироҳат дар кишвари хориҷиро нақша доред, пешакӣ ҳама чизро омода созед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД