1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1570

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар касеро дер боз дӯст медошта бошед, сабур бошед, вақт ҳама чизро рӯшан мекунад. Имрӯз беҳтар аст бо худ танҳо бошед, то дӯст доштан ё надоштани худро хуб дарк намоед. Агар масъалаи ногаҳонӣ сар занад ва худро ночор ҳис кунед, аз шахсони соҳибтаҷриба кумак пурсед. Дар масъалаи хариду фурӯши хона эҳтиёт кунед, вақти мувофиқ нест. Ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавед, вале худро аз ҳад зиёд монда накунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои мулоқоти ошиқона мусоид аст. Наздикон ба кӯмаки шумо ниёз доранд, албатта кумак кунед, аммо худро қурбон насозед. Аз додани ваъдаҳои беандеша, махсусан ба афроди нуфуздор, худдорӣ намоед. Имкони пайдо шудани сарчашмаҳои нави даромад ё тағйири касб вуҷуд дорад, ба маслиҳати дигарон вобаста нашавед. Эҳсоси хастагӣ метавонад ба фаъолияти шумо таъсир расонад, ором бошед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Агар танҳо бошед, бештар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошед, шояд шахси ҷолиберо вохӯред. Пас аз нисфирӯзӣ хабарҳое мерасанд, ки баъзеи онҳо ба ҳаёти шахсии шумо дахл доранд. Барои комёбӣ, бо сабру таҳаммул амал кунед ва ҳоло шартномаҳои муҳимро ба таъхир гузоред. Агар муваффақ шудан хоҳед, бо нафароне, ки ногап ҳастед, оштӣ шавед. Бештар истироҳат кунед, ин ба шумо неруи нав мебахшад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо меҳрубонӣ ва самимият ба дили наздикон роҳ пайдо мекунед. Навхонадорон шояд дар муносибатҳо дучори ихтилоф шаванд, бо сабр рафтор кунед. Соҳибкорон метавонанд натиҷаҳои калон ба даст оранд. Ба пешниҳодҳои нави корӣ диққат диҳед, шояд ин оғози як марҳилаи нав бошад. Аз муноқишаҳо канорагирӣ кунед, онҳо қуввати шумо кам мекунанд.

Асад (23 июл-23 август)

Агар озод бошед, имкон доред ишқи нав оғоз кунед, ки метавонад давомнок ва гуворо бошад. Оиладорон бо одамони ҷолиб шинос мешаванд, вале аз ҳад нагузаред, то рашки ҳамсарро барангезед. Пешниҳодҳои ҷолиб аз роҳбарият мумкин аст, вале дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Имрӯз ба зоҳир ва одоб диққати бештар диҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Айни замон нисбати шумо таваҷҷуҳ зиёд аст. Маслиҳатҳои калонсолон шояд ба шумо мувофиқ набошанд. Кӯшиш кунед қаҳру ғазабро дар худ нигоҳ надоред, онро ба сари дигарон нарезед. Имрӯз барои иҷрои масъалаҳои корӣ созгор аст. Ба гуфтаи дигарон гӯш диҳед, вақти шом корҳои вобаста ба даромади пулӣ натиҷаи хуб медиҳанд. Табъатон болида хоҳад буд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҳаёти шахсӣ оромӣ дида мешавад. Аз ширкат дар ҷамъомадҳо ва вохӯриҳои серодам худдорӣ намоед. Бо ҷасорат корҳоро оғоз намоед, тағйиротҳо имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Шароит барои беҳсозии вазъи молиявӣ ва касбӣ хуб аст. Агар фишори хунатон ноустувор бошад, назорат кунед ва доруҳоро ҳамеша бо худ нигоҳ доред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар муносибат бо дӯстдошта якрангӣ ва дилгириро дур кунед, фикрҳои нав ва пешниҳодҳои ҷолиб карда метавонед. Имрӯз эҳтимоли муноқиша бо шахси наздик вуҷуд дорад, аз баҳс дурӣ ҷӯед. Агар мехостед қадами ҷиддие гузоред, акнун вақти он аст. Рӯҳбаландӣ ва боварӣ ба худ натиҷаҳои хуб медиҳанд. Ба саломатии меъда диққат диҳед, аз хӯрдани хӯрокҳои вазнин ва нӯшокиҳои зиёдатӣ худдорӣ намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шахси дӯстдошта омода аст шуморо дастгирӣ кунад, бо муҳаббат посух диҳед. Атрофиён ба шумо диққати зиёд медиҳанд, аз ин фурсати муносиб истифода баред. Дар корҳои марбут ба сохтмон ва таъмир муваффақ мешавед. Созишномаҳои нав метавонанд даромади хуб оваранд. Барои барқарор кардани нерӯи худ чанд рӯз берун аз шаҳр истироҳат кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар мехоҳед дили касеро ба худ ҷалб кунед, ба ӯ изҳори муҳаббат намоед. Оромиву маданият натиҷаи беҳтар меоранд. Дар нимаи дуюми рӯз корҳои хона зиёд шуда, бо ёрии наздикон ба осонӣ иҷро мешаванд. Бо вуҷуди баъзе мушкилот, бо нерӯи зиёд ва нақшаи дақиқ муваффақ мешавед. Аз пешниҳоди шубҳаноки молӣ канорагирӣ кунед. Рӯзро бо варзиши сабук оғоз намоед, барои тамоми рӯз қувват хоҳед дошт.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ҳиссиётатонро идора кунед, ҳатто агар вазъ душвор бошад, онро намоиш надиҳед. Имрӯз барои шоми ошиқона, театр ё саёҳат фурсати хуб аст. Худписандӣ метавонад шуморо ба қарорҳои шитобкорона расонад, эҳтиёткор бошед. Шахси ношинос метавонад пешниҳоди ҷолиб диҳад, ба ҳисси дарунии худ гӯш диҳед. Мушкилиҳои ҳазмкунии хӯрок дар натиҷаи стресс ва тарзи нодурусти зиндагӣ эҳтимол доранд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат тағйироти ҷиддӣ интизор нест. Масъалаҳои дермондаро ҳал мекунед. Ба корҳои хонагӣ диққат диҳед, чизҳои кӯҳнаро тоза кунед. Пас аз нисфирӯзӣ шояд хабари муҳиме расад. Ба ҳамкорон туҳфаҳои хурд диҳед. Дар тиҷорат эҳтиёткор бошед ва барои пешравии корҳоятон аз Худованд мадад пурсед. Хастагии сабук эҳтимол дорад, вале ҷои ташвиш нест, ба шумо оромӣ ва истироҳат лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД