1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
923

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳтимоли вохӯрии гуворо ва шиносоии нав хеле зиёд аст. Рӯзу шаб бо эҳсосоти ошиқона, сайругашт ва суҳбатҳои дилнишин мегузарад. Аммо баъд аз зуҳр нофаҳмиҳо дар муносибатҳои шахсӣ, хусусан бо фарзандон рух медиҳанд. Дағалӣ накунед, корҳоро то охир бурда расонед. Аз харҷҳои беҳуда худдорӣ намоед ва ба саломатии худ эътибор диҳед, вазъ рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Савр (21 апрел-21 май)

Рӯзи пур аз сюрпризҳо аст. Шояд дӯстдоштаатон бо як пешниҳоди ғайричашмдошт шуморо ба ҳайрат оварад. Дар муносибат бо ҳамсар кӯшиш кунед мавзӯъҳои навро пайдо намоед, он ба мустаҳкамшавии робитаҳо мусоидат мекунад. Имрӯз вақтест, ки метавонед шартномаҳои муҳимро ба имзо расонед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, эҳтиёт ними ҳаёт гуфтаанд.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар муносибатҳои ошиқона ҳамдигарфаҳмӣ эҳсос мешавад. Бегоҳ бо нафарони наздик ба театр ё консерт равед. Дар хона ба тозагиву тартибот диққат диҳед, ин ба рӯҳу саломатӣ фоида меорад. Барои онҳое, ки дар соҳаи хизматрасонӣ кор мекунанд, рӯз хеле бобарор аст. Шояд маблағе сарф шавад, вале дар оянда ин харҷҳо бо фоида бармегарданд. Агар худро нохуб ҳис кунед, аз машқ ва нӯшокиҳои қавӣ худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар ишқи наве пайдо шавад, беҳтараш онро махфӣ нигоҳ доред. Ба гапҳои бегонаҳо гӯш накунед, мустақил бошед. Бо гурӯҳи одамони ҳамфикр ниятҳоро амалӣ хоҳед кард. Барои муваффақ шудан, идеҳои худро пинҳон накунед. Метавонед таваҷҷӯҳи нафареро ҷалб кунед, ки ба шумо кор ё имкони нав пешниҳод мекунад. Фикрҳои мусбат ва истироҳати шабона ба саломатӣ фоида меоранд.

Асад (23 июл-23 август)

Агар аз дӯстдоштаатон ҷудо шуда бошед, пас беҳтараш худро бо харид ва корҳои майда-чӯйда машғул кунед, ин рӯҳияро беҳтар мекунад. Дар тасмимҳои молиявӣ манфиати хонаводаатонро низ ба назар гиред. Барои расидан ба ҳадаф, ҷасорат нишон диҳед. Имрӯз вақти хуб барои сармоягузорӣ ва хариди калон аст. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шонси шод гардонидани шахси дӯстдоштаатон вуҷуд дорад, агар ба ӯ чизе тақдим кунед, рӯҳбаланд мешавад. Дар хона фазои орому самимӣ ҳукмфармост, бинобар ин, сафарро ба таъхир андозед. Дар дастатон корҳои зиёди анҷомнашуда ҳаст, пас корҳои дигарро нагиред. Ба маслиҳати дигарон такя накунед, таҷрибаи шахсӣ ба кор меояд. Бо ашёи тезу хатарнок бо эҳтиёт бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз фурсате мешавад, ки бо шахси дӯстдошта дар бораи масъалаҳои шахсӣ сӯҳбат кунед, вале эҳтиёт кунед, ки ӯро наранҷонед. Аз корҳои якранг хастагӣ эҳсос хоҳед кард, истироҳатро фаромӯш накунед. Боварии зиёд ба дигарон метавонад ба шумо зарар расонад. Танаффус ва хоби кофиро фаромӯш накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз хоҳишҳои зиёде доред, аммо имконоти амалисозӣ маҳдуданд. Муносибати ошиқона метавонад ба нофаҳмӣ табдил ёбад. Субҳ худро аз кина ва рашк пок созед, ин калиди оромиш аст. Ҳангоми ҷустуҷӯи кор тавсия мешавад таҷриба ва дониши худро бе шарм зикр кунед. Агар чизеро аз даст диҳед, ноумед нашавед, шояд он фоидаовар бошад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз шумо назаррабо ва ҷаззоб мешавед, бисёриҳо ба суханону рафторатон мафтун мегарданд. Ба худ бештар бовар кунед, хусусан дар масъалаҳои ишқӣ. Барои омӯзиш, курс ё китобхонӣ рӯзи мусоид аст. Ҳарчанд хароҷоти ғайриинтизор шояд рух диҳанд, аммо даромади ногаҳонӣ онро ҷуброн мекунад. Барои саломатӣ рӯзи чандон хуб нест, аз сафарҳо худдорӣ намоед ва бо наздикон вақт гузаронед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз эҳсосоти ошиқона боло мегирад ва бархе мехоҳанд муносибатҳои кӯҳнаро аз нав барқарор кунанд, вале ин метавонад хато бошад. Қувватро барои сайру гашт, сӯҳбатҳои самимӣ ва муҳити фарҳангӣ равона кунед. Аз нав ба кор ва мақсадҳои касбӣ нигоҳ кунед, мумкин аст фикратон дигар шавад. Дар хароҷот эҳтиёткор бошед, қарз гирифтанро ба таъхир андозед. Эҳтимоли баландшавии фишор вуҷуд дорад, асабониятро маҳдуд созед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар мехоҳед муносибатҳои ошиқонаро ҷиддитар кунед, ба дӯстдоштаатон ишора кунед, шояд орзуи тӯй наздик бошад. Корҳои хонагӣ имрӯз осонтар ба назар мерасанд, аз ин рӯ тозакорӣ муфид хоҳад буд. Дар ҷойи кор интизор шавед ва маълумоти заруриро ҷамъ кунед. Завқ ва нияти шумо метавонад бо ҳисси ҳасади дигарон дучор шавад, эҳтиёт бошед. Агар худро каме нохуб ҳис кунед, истироҳат кунед, ҳамааш мегузарад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Барои ошиқон рӯзи бобарор аст. Нақшаҳои калонро ба фардо монед, имрӯз шояд тағйирот рух диҳад. Рӯйдодҳои ногувор рӯҳияатонро коҳиш медиҳанд, вале дастовардҳо дубора умед мебахшанд. Агар аз шумо пул талаб кунанд, қарз медиҳед ё не, аз худатон вобаста аст, ба ҳиси худ такя кунед. Ба саломатии дилу рагҳо аҳамият диҳед, аз машқи ҷисмонӣ парҳез кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД