Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ба дӯстдоштаатон бовар дошта бошед. Агар шубҳаву рашкро аз дил берун кунед, муҳаббататон ранги тоза мегирад. Эҳтимоли баҳс бо наздикон ҳаст, вале хубтараш созиш кунед. Имрӯз шиносоии муҳим рӯй медиҳад, ки дар оянда ба кору ҳаёт фоида мерасонад. Асабонияти зиёд метавонад ба саломатӣ зарар расонад. Ҳар як қадами худро боақлонаву дурандешона гузоред.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз барои муҳаббат мувофиқ аст. Агар нисбати касе дилбаста бошед, ӯро бо сюрприз шод гардонед. Нимаи рӯз бо хастагӣ ва иштибоҳ мегузарад, пас шитоб накунед. Дар ҷои кор нофаҳмӣ имкон дорад, бахилӣ накунед, то аз муноқиша ҷилавгирӣ шавад. Бо шахси наздик гуфтугӯ кунед, ин ба эҳсосоти шумо оромӣ мебахшад. Нафаре имрӯз шуморо санҷиданӣ мешавад, ҳушёр бошед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Муҳаббати нав пайдо мекунед, вале наздикӣ бо одамони нав метавонад шуморо хаста кунад. Дар ҷодаи муҳаббат ҳама чиз аз шумо вобаста аст. Оиладорон бояд имрӯз аз изҳори ошкорои андеша парҳез кунанд, имкони сар задани баҳс вуҷуд дорад. Мушкилиҳои муваққатӣ рух медиҳанд, вале вақти муваффақият наздик аст. Як шахси бовафо ба зиндагии шумо ворид мегардад. Саломатии шумо рӯ ба беҳбудӣ меравад, бемориҳои кӯҳна рафъ мегарданд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар муҳаббат эҳтиёткор бошед, эҳтимол ба касе дил бандед, ки барои шумо муносиб нест. Кори муҳимро то нисфирӯзӣ анҷом диҳед. Шомгоҳ мумкин аст меҳмон ояд. Имрӯз фурсатҳои хуби касбӣ ва молиявӣ фароҳам мешаванд. Баландшавии музд ё пешниҳоди кори нав мумкин аст. Баъзе имконоти пулкоркунӣ фиребанда менамоянд, вале ҳама ҷиҳати онро бодиққат баррасӣ кунед. Руҳу танро эҳтиёт намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз барои исбот намудани ҳақ будани худ ҷанҷол карданатон лозим нест. Беҳтараш ором бошед, фурсати дурахшидан наздик аст. Корҳои хонагӣ ва сафарҳои хурд имкон доранд. Аз гирифтани қарз худдорӣ кунед, хатар дорад. Агар пул даркор шуд, як рӯз сабр кунед. Табиат ва ҳавои тоза ба саломатиатон фоида мекунад, хусусан бегоҳирӯзӣ сайругаштро фаромӯш накунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ҳафтаи пурташвиш паси сар шуд, имрӯз фурсати нафасгирӣ аст. Худро ба даст гирифта, ба одамон фишор наоред. Нобарориҳо хотима меёбанд, айни замон замони пешравист. Фаъолият, варзиш ва истироҳат ба шумо нерӯ мебахшад. Аз вақти муносиб истифода баред, он дер давом намекунад. Бо хориҷиҳо ҳамкориро афзоиш диҳед. Хароҷоти беҳуда накунед, пасандоз фоидаовар хоҳад буд. Бо саломатӣ оқилона рафтор намоед, якбора чанд корро ба дӯш нагиред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бо дӯстдошта баҳс накунед, ҳатто баҳси сабук метавонад ба низоъ ё ҷудоӣ орад. Имрӯз эҳтиёткор бошед ва дар корҳои калон иқдом накунед. Дар ҷои кор шароити мусоид ба вуҷуд меояд, сюрпризҳои гуворо эҳтимол доранд. Ҳуҷҷатҳоро бодиққат санҷед, иштибоҳ имкон дорад. Барои сафар ё истироҳат бо дӯстдоштаатон нақша кашед. Қарз нагиред, ҳатто аз дӯстон. Агар имконият доред, кори шахсии худро оғоз кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Баҳсҳо бо шахси дӯстдошта кам мешаванд, барои нақшаҳои нав вақти хуб аст. Аммо эҳтиёт шавед: хашм метавонад муносибатҳоро хароб кунад. Рафтори шумо имрӯз фазои хонаводагиро муайян мекунад. Агар дар кор муҳити носозгор эҳсос кунед, эҳтимол ҳасудонатон фаъол шудаанд. Хароҷот аз рӯи нақша ба фоидаатон аст. Шомгоҳ эҳсосоти манфӣ, сардард ё хастагӣ эҳтимол доранд. Дар истеъмоли хӯрок ва машқ аз ҳад нагузаронед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Субҳ барои мулоқоти ошиқона мувофиқ нест, асабоният метавонад сабаби ҷанҷол шавад. Агар ором бошед, рӯз мусбат мегузарад. Шомгоҳ вақти муносиб барои тартиб додани ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва ёдгориҳо мебошад. Фикри шумо тезу бурро хоҳад шуд, барои баромад, маҷлис ва мулоқотҳо рӯзи хуб аст. Дар гирифтани ҳаққи заҳмат душворӣ эҳтимол дорад, масъалаи маошро баррасӣ кардан ҷоиз аст. Имрӯз парҳезро оғоз кунед, натиҷаашро хоҳед дид.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Шоми хубе барпо намоед, бо хӯроки болаззат ва муҳити ошиқона бо дӯстдоштаатон вақт гузаронед. Агар муҳаббат камранг шуда бошад, умедвор бошед, он бармегардад. Аз корҳое, ки дар он таҷрибаатон намерасад, худдорӣ кунед. Имрӯз ба муҳити атроф вобаста хоҳед буд. Хабару овозаҳо, хусусан дар бораи молу дороӣ, диққати шуморо ҷалб мекунанд. Фаъолияти худро камтар кунед ва ба хастагии зиёдатӣ роҳ надиҳед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз ба ҳамкор ё дӯстдоштаатон сири дилро бовар кунед. Аммо эҳтиёткор бошед, рӯзи каме хатарнок аст. Масъалаҳои хонаводагӣ ва молиявӣ диққати шуморо талаб мекунанд. Роҳбари шумо метавонад меҳрубонтар шавад ва дастгириятон кунад. Фурсат барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ муҳайёст. Аммо худро аз муноқишаҳо дур доред ва эҳсосотро идора кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз барои нигоҳ доштани муносибатҳои вайроншудаи ошиқона шонси зиёд нест. Баъзан раҳо кардан беҳтар аз таъмир кардан аст. Шумо эҳтимол дубора ҳама чизро аз сифр оғоз хоҳед кард. Масъулиятҳоро аз нав тақсим кунед. Дар ҳама ҳолат ором бошед, ҷанҷол ва нофаҳмӣ эҳтимол доранд. Эҳтимоли фиреб, ваъдаҳои дурӯғ ва ноустуворӣ зиёд аст. Дар масъалаҳои пулӣ ба шитоб роҳ надиҳед. Агар нияти ташхиси тиббӣ доред, имрӯз вақти муносиб аст.