tobiston
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1100

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз беҳтар аст, ки қувваи худро ба муҳаббат равона кунед, натиҷаҳо хеле рӯҳбаландкунанда хоҳанд буд. Аз муноқиша бо хешовандони калонсол худдорӣ намоед, то фазои хонавода вайрон нашавад. Дар кор пешравиҳои назаррас эҳсос мегардад, ҳамкорон шуморо дастгирӣ мекунанд. Ниҳоят бахт ба рӯи шумо механдад: лоиҳаҳои дерин амалишаванда мешаванд. Барои оромии ботинӣ, истироҳати фаъол ва машқҳои сабук муфид хоҳанд буд.

Савр (21 апрел-21 май)

Ҳамаи шубҳаву дудилагиро як сӯ гузошта, аз зиндагӣ лаззат баред, шумо ҳоло дар зиндагӣ бурд мекунед. Шиносоиҳои нав ва эҳёи робитаҳои қадимӣ фоида меоранд. Рафтори далеронаатон ояндаи шуморо тағйир медиҳад ва эҳтироми дигаронро ба даст меоред. Дар масъалаҳои молиявӣ тағйироти ҷиддӣ намешавад, вале вазъият тадриҷан беҳтар мешавад. Шумо неру ва саломатии хуб эҳсос мекунед, рӯзро бо рӯҳбаландӣ сипарӣ хоҳед кард.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар муҳаббат ҳодисаҳои ғайриинтизор рӯй намедиҳанд, шодиву оромӣ идома хоҳад ёфт. Барои шурӯи муносибатҳои нав ва муоширати самимӣ фурсати муносиб аст. Ҳангоми қабули қарорҳои муҳим, ақидаҳои гуногунро низ ба назар гиред. Имрӯз имкони пайдо кардани шахсони ҳамфикр зиёд аст. Масъалаҳои молиявӣ чандон муҳим нахоҳанд буд. Танҳо бемориҳои куҳна каме худро нишон медиҳанд, эҳтиёт бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи худро беҳтараш бо шахси дӯстдошта гузаронед, ин шодиву оромии равониро меорад. Баъзеҳо камгап ва фикрӣ мешаванд, ки метавонад наздиконро нороҳат кунад. Корҳои шахсӣ беҳтар анҷом меёбанд, аз ҳамкорӣ бо дигарон худдорӣ намоед. Пеш аз хароҷоти калон, имкониятҳои молии худро бодиққат арзёбӣ кунед. Фикрҳои мусбат ба саломатӣ ва рӯҳия таъсири хуб доранд. Аз дилшикастагӣ ва бетарафӣ канора гиред.

Асад (23 июл-23 август)

Агар муҳаббататон ҷавоб наёфта бошад, эҳсосоти манфиро боздоред, ин ба шумо сабукии равонӣ мебахшад. Шумо имрӯз бо дӯстон дучор хоҳед шуд, пас кӯшиш кунед, ки сӯзу гилаҳои гузаштаро ба ёд наоред. Талошҳоятон дар кор қадрдонӣ мешаванд, истеъдоди тиҷоратӣ ва масъулиятшиносиятон маълум мегардад. Дар масрафҳо эҳтиёткор бошед, то маблағ кам нашавад. Муносибати оромона бо атрофиён шуморо аз баҳсу муноқишаҳо дур медорад.

Асад (24 август-23 сентябр)

Имрӯз хатар вуҷуд дорад, ки ба хоҳишҳои яклаҳзаина таслим шавед! Агар муҷаррад ҳастед, вақти худро ба кор ё фаъолияти судманд бахшед. Хонавода метавонад каме нофаҳмӣ орад, аммо кӯшиш кунед сулҳу оштӣ барқарор намоед. Дар ҷойи кор бо устуворӣ ва оромии худ фарқ мекунед. Пулҳои деринтизорро ба даст меоред. Саломатии худро назорат кунед, меъда ва гурда каме ташвиш медиҳанд, аз хӯрокҳои равғанин парҳез кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Пушаймонӣ дар муносибатҳои ошиқона ба шумо гарон меафтад. Аммо ба табъи хуши шумо касеву чизе дахолат карда наметавонад. Агар имкон доред, таътил гирифта, ба сафар равед. Меҳнати ҳалолатон аз ҷониби роҳбарият қадр мешавад, мукофоти ғайриинтизор имкон дорад. Имрӯз фурсати хубест барои шурӯи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ. Аммо шахсони дорои бемории дил эҳтиёт бошанд, эҳсосоти шадид метавонад онҳоро озурда кунад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шиносоиҳои имрӯза метавонад ба муносибатҳои дарозмуддат оварда расонанд. Бо нафаре, ки 24 соати оянда шинос мешавед, дар зиндагиатон тӯлонӣ мемонад. Бо сабру хирад дар масъалаҳои хонаводагӣ муваффақ мешавед. Барои оғози корҳо рӯзи хуб аст, атрофиён низ ба кумак омодаанд. Имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ зиёд аст. Барои нигоҳ доштани рӯҳия, бештар дар ҳавои тоза қадам занед, ин саломатӣ ва фикрҳои шуморо тоза мекунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шахсони танҳо метавонанд ба муҳаббати нав рӯ ба рӯ шаванд. Муносибат бо фарзандон каме душвор мешавад, сабр ва ҳалли оқилона муҳим аст. Шумо фаъол ва пурэнергия ҳастед, вале монеаҳоро низ дар роҳ эҳсос мекунед. Бо қувваи сариштакорӣ онҳоро паси сар мекунед. Аз омехтани дӯстиву кори тиҷоратӣ худдорӣ намоед, ба зараратон мешавад. Бемориҳои кӯҳна, хусусан марбут ба дилу меъда, метавонанд хурӯҷ кунанд, эҳтиёт шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мулоқотҳои ҷолибу кӯтоҳмуддат имрӯз имконпазиранд. Аз сабаби серкорӣ, ба наздикон кам аҳамият додед, вақти ҷуброни он расидааст. Ҳиссиёти ҳамсар ё шарики худро эҳсос намоед ва кӯшиш кунед ӯро дастгирӣ кунед. Кор ба фидокорӣ ниёз дорад, роҳбарият ба шумо умед бастааст. Вазъи иқтисодӣ ноустувор аст, беҳтараш аз шартномаҳои нав худдорӣ намоед. Андешаи он ки бемориҳоятон худ аз худ нест мешаванд, комилан ғалат аст.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар ҳис кунед, ки муносибатҳои ошиқона сардтар шудаанд, худро маҷбур накунед. Баъзан монеаҳо ба фоидаи шумоянд. Дар танҳоӣ намонед, бо дӯстон суҳбат кунед, ба худатон вақт ҷудо кунед. Имрӯз имконияти касбӣ пеш омада метавонад, онро аз даст надиҳед! Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед, агар зарурати шадид набошад. Субҳ худро нотоб эҳсос мекунед, вале то нисфирӯзӣ ҳолат беҳтар мешавад. Бехобӣ ва дарди сар ба зудӣ мегузаранд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Агар дӯстдоштаатон пешниҳоди оиладоршавӣ накунад, эҳтимол тарси рад шудан дошта бошад, ташаббус нишон диҳед! Имрӯз фурсати барқарор кардани оромӣ ва субот дар муносибатҳо фаро расидааст. Ба эҳсосот озодӣ диҳед, то нофаҳмиҳо пешгирӣ шаванд. Гарчанде танбалӣ шуморо фаро мегирад, кӯшиш кунед бо корҳои осон машғул шавед. Аз харидҳои хатарнок худдорӣ намоед, вазъи молии шумо ҳоло нозук аст. Танҳо шубҳаҳо метавонанд шуморо аз муваффақият боздоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД