Ҷудокорони тоҷик бо дастовардҳои таърихӣ аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ба Ватан бармегарданд.
Хотиррасон менамоем, ки ин мусобиқаи бонуфуз дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон баргузор гардид. Бори аввал дар таърихи ҷудои тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 3 медал ба даст омад.
Эмомалӣ Нуралӣ аввалин нуқраро дар таърихи ҷудои тоҷик соҳиб шуд, Обид Ҷебов сеюмин ва Темур Раҳимов чаҳорумин медали биринҷиро дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон барои Тоҷикистон ба даст оварданд.
Имрӯз дар таърихи ҷудои тоҷик саҳифаи нав боз гардид, ки боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст.