Лутфия дар мактаб ба ҳайси фаррош кор мекард. Синну солаш ба 29 расида бошад ҳам, то ҳол бо ҷавоне ҳамгап нашуда буд. Як дугонаи некдилаш гуфт, ки «Лутфияҷон, ту духтари тозаву покизаӣ, ғам нахӯр, ман худам барои ту шавҳар меёбам».
Дугонаи Лутфия тавассути писари холааш огаҳӣ ёфт, ки як нафар ҷавонписар аз ноҳияи Файзобод, ки айни замон дар шаҳри Твери Русия ба муҳоҷират машғул аст, зангир будааст. Рақами телефони мобилии Лутфияро ба ӯ фиристонданд. Ин ҷавонписар ба Лутфия занг зада, худро ҳамчун ҷавони зангир ва муҷаррад муаррифӣ кард. Лутфия аз суханони ширину зебои ҷавонписар қабат-қабат гӯшт гирифта, акнун мисли духтарони ошиқ ҳар як занги телефонии ӯро аз Русия интизорӣ мекашид. Суҳбати телефонии онҳо муддати 2 моҳ идома ёфт. Баъди ду моҳи суҳбатҳои телефонӣ Азиз таклиф кард, ки Лутфия ба наздаш биёяд.
- Чӣ хел меравам? Охир, ман ҳоло духтарам. Духтари шавҳарнодида. Як модари бистарӣ дорам. Апаҳоям ҳама бахтшикаста. Худат як фикр кун, чӣ тавр ман бе тӯю тамошо назди ту меравам?
- Гӯш кун Лутфияҷон, ҳоло ин гапҳои куҳна аз мӯд рафтагӣ. Ҳоло ҳама ба зиндагии худ банданд. Ман ба ту пули чиптаро мефиристам. Ту хезу назди ман биё. Дар фурудгоҳ пешвозат мегирам. Омадӣ, никоҳи мусулмонӣ мекунем. Сипас баъди қадре пул ҷамъ кардан ба ватан омада, туро тӯю тамошо мекунам. Илтимос, ҷонам, розӣ шав.
- Майлаш, ман фикр мекунам.
Лутфия хеле фикр карду оқибат розӣ шуд. Ба модараш гуфт, ки ҳамроҳи дугонааш ба Русия ба муҳоҷират меравад. Модар чизе нагуфта, дуои нек дод. Чунки зиндагиашон хеле қашшоқона мегузашт.
Лутфия пули фиристодаи Азизро гирифта, чипта хариду сипас аз бозор камакак мағзу мавиз барои савғотӣ гирифт. Рӯзи рафтанаш дилаш ким-чӣ хел аз пешомади баде гувоҳӣ медод. Аммо ӯ аз роҳаш нагашт. Ғоибона ба овози Азиз ошиқи шайдо шуда буд. Вақте ки дар фурудгоҳ нахустин бор ин ҷавони фарбеҳи қадпастро дид, дилаш гӯё ба замин фитод. Аммо сир бой надода, бори дигар пурсид, ки Азиз куҷост?
- Ман Азизам, а духтар, овозамро нашинохтӣ магар?
- Азиз?
- Чӣ, маъқул нашудам?
- …
- Чаро хомӯшӣ, Лутфияҷон? Рафтем.
Лутфияи акнун сахт пушаймон мехост, ки осемасар гурехта равад. Аммо дигар дар дасташ пуле надошт. Азиз ӯро ба хонаи иҷорааш бурда, худи ҳамон шаб ҷӯраи домуллояшро оварда, бо як коса об ӯро никоҳ кард. Лутфия муқобилият нишон дода, гуфт, ки биё аввал якдигарро хуб санҷем, баъд зану шавҳар шавем. Аммо Азиз якравӣ карда, гуфт:
- Ҷонакам, ман аз интизорӣ мекафам охир. Ту барои Русия зани манӣ.
Он вақтҳо Лутфия ба маӯзи ин суханони Азиз сарфаҳм нарафта буд. Акнун дар танҳоӣ андеша мекард, ки он суханони Азиз маънии талхе доштаанд.
- Худоё,- акнун баъди ду соли занушавҳарӣ Лутфия бори аввал ин суханони шавҳарашро ба хотир оварда, дилаш хун мегирист. Ин ҷавонзан зани Азиз будааст. Лутфия аз дидани ин ҳақиқати талх дилаш гуп-гуп зада, намедонист, ки аламашро аз кӣ гирад. Дар батнаш бошад, дугоникҳои ҳанӯз ба дунё наомадааш ба ларзиш омада, аз вуҷуд доштанашон дарак медоданд.
- Худоё, чаро ман дидаву дониста худро ба оташи сӯзон партофтам!?
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН