Дар шаҳри Бохтар беш аз 11 ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимӣ ба истироҳат ҷалб карда мешаванд. Аз ин наздики 500 нафар ба истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳр фиристода хоҳанд шуд.
Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар гуфт, ки дар умум 11 ҳазору 120 кӯдак аз муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба истироҳат фаро гирифта хоҳанд шуд. Ӯ мегӯяд, барои фарогирии хонандагон ба муассисаҳои дохилӣ ҳам шароит ба таври зарурӣ таъмин гардидааст.
“Мо бо дастгирии роҳбарияти шаҳри Бохтар дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ лагерҳои тобистона ташкил кардем. Дар маҷмуъ 11 ҳазору 930 кӯдак ба муассисаҳои мавриди назар ҷалб карда хоҳанд шуд”,- гуфт номбурда.