Дар охири моҳи июн мардуми Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ - Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Ин рӯз ҳамасола 27-уми июн таҷлил мешавад ва тибқи анъана рӯзи истироҳат эълон мегардад.
Имсол дар робита ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвар се рӯз пайиҳам - 27, 28 ва 29-уми июн рӯзҳои истироҳат эълон гардидаанд. Ин сана барои сокинон имкони хубест барои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангиву тантанавӣ ва ҳамчунин барои истироҳати бештар бо наздикон.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли 1997 бо фармони Президенти Тоҷикистон таъсис ёфта, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ба таври расмӣ сабт гардидааст.