1xbet
Барои чӣ Роналду тарки “Ал-Наср” мекунад?
300

Бозингари тими миллии Португалия ва дастаи “Ал-Наср”-и Арабистон, беҳтарин нишонзан дар таърихи футбол Криштиану Роналду баъди бозии ҷамъбастии суперлигаи Арабистон дар саҳифаи инстаграмаш акси худро гузошта, зери акс чунин навишт: “Ин марҳила низ ба охир расид, таърих ҳамоно навишта шуда истодааст, аз ҳама миннатдорам”.

Чанд рӯз пеш аз ин президенти FIFA гуфта буд, ки ҳамлагари португалӣ дар Ҷоми Ҷаҳон байни бошгоҳҳо иштирок мекунад, вале “Ал-Наср” иштирок намекунад. Ин маънои онро дорад, ки Роналду аз даста меравад, аммо ба куҷо? Бисёр сарусадоҳое ҳаст, ки Криштиану ба дастаи авалини худ - ба “Спортинг” ва ё ба “Челси” гузариш мекунад, аммо варианти хуб барои футболбоз ба “Ал-Ҳилол” гузаштан аст, чун агар Роналду ба “Ал-Ҳилол” гузариш кунад, метавонад дебюти худро дар Ҷоми Ҷаҳон байни бошгоҳҳо муқобили “Реал Мадрид” монад. Аммо барои Криштиану Роналду муқобили “Реал Мадрид” бозӣ кардану гол задан осон нест.

Шумо Роналдуро дар кадом даста дидан мехоҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД