1xbet
“Шаҳри ҳушманд” соҳиби бинои нав гашт
20.06.2025
Oila.tj
39

Имрӯз, 20-уми июн бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД “Шаҳри ҳушманд” ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, “Шаҳри ҳушманд” - ин консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният ва ғайра мебошад.

Ташкили “Иқтисоди рақамӣ”, “Нақлиёти ҳушманд”, “Тибби ҳушманд”, “Таълими ҳушманд”, “Рӯшноии ҳушманд”, “Иқтисоди сабз” (Шаҳри сабз), “Харитаи электронӣ” ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” роҳандозӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД