1xbet
Тақдири зани сеюм (ҚИСМИ 3)
1368

Дере нагузашта Анора ва Афзалшоҳ тӯй карда, зану шавҳар шуданд. Арӯсро ба хонаи апааш овард Афзалшоҳ. Ният кард, ки дар поини ҳавлӣ хона сохта, зани ҷавонашро ба ин ҷо меорад.

Зиндагии домоду арӯс мисли асал мегузашт. Одамони мешинохтагӣ ба ин марди сезана аҳсант мехонданд, ки се зан – се палонҷро бо ҳам мисли дӯсту дугона гардонидааст.

Афзалшоҳ ба тиҷорат машғул буд. Субҳе бо занони меҳрубонаш якояк хайрухуш карду ба гӯши Анораи наварӯс гуфт:

- Азизи дили ман, имшаб хоби парешон дидам, гӯё модари раҳматиам ба хобам даромада, хурсанди дорад, ки ман меҳмони хонааш мешуда бошам. Дилам хиҷил, агар раваду аз сафар барнагардам, пас тифли батнатро агар писар шавад, Муҳаммад ном гузор, агар духтар шавад, Кибриё. Майлаш, паноҳи ҳамаатон ба Худо.

- Ин хел нагӯед, ҳоло зиндагии ширини шумо дар пеш аст.

Зани дувумаш, ки бисёр вақт гапҳои ҳарза мегуфт, пеши роҳи шавҳарро гирифта, нолаву зори кард, ки аз сафар баргардад.

- Нарав, отаи Бахтиёрҷон, нарав! Туро дар роҳ деву аҷинаҳо банд карда мекушанд.

Аммо Афзалшоҳ бо нияти овардани бори калон ба Чин сафар кард. Дар фурудгоҳи давлати Чин гумрукчиён Афзалшоҳ ва ду ҳамроҳонашро, ки аз Афзалшоҳ пинҳонӣ даруни меваҳои шафтолу маводи мухаддир мебурданд, дастгир карданд. Афзалшоҳ ҳам қатори онҳо ба маҳбас афтод. Афзалшоҳ адвокат гирифт барои бегуноҳии худро исбот кардан. Вале то ба озодӣ баромадан дар маҳбас ӯ аз хӯрокҳои бемазза ва ғаму дарди даруни қалбаш сакта гирифта, ба ҳалокат расид.

Вақте ки ҷасади Афзалшоҳро ба ватан оварданд, Анора дар таваллудхона писар таваллуд кард. Зани дувуми Афзалшоҳ бошад, дарди ҷунунаш авҷ гирифта, баъди маросими сеи шавҳар вафот кард.

Анора бо писарчааш на ба хонаи падар, балки ба назди зани якуми бефарзанди шавҳараш омаду чор фарзанди сағерамондаи шавҳарашро низ бо худ гирифта, зиндагӣ карданд. Зиндагиашон хуб аст, аммо дар ин хонадон касе дигар баланд намехандад. Анора дигар фикри шавҳар карданро надорад. Агар дар бораи шавҳар падараш гап занад, ин ҷавонзани зебои бовафо мегӯяд:

- Падарҷон, дар ин замона марди безан бисёр аст, аммо шавҳари хубу дилаш соф ками кам аст. Афзалшоҳ бароям ягона мард буду ягона мард мемонад. Дар ин дунё мисли ман ҳазорон заноне ҳастанд, ки танҳо ба хотири фарзанд зиндагӣ мекунанд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД