Ҷавоне буд, ки ҳамеша аз зангҳои зиёди модараш асабӣ мешуд. Модар дар як рӯз 10 бор занг мезад: Бачам, нон хӯрдӣ? Бачам, куртаи гарм пӯшидӣ? Бачам, кай меоӣ?
Писар бошад, бо зарда мегуфт:
- Оча, ман кӯдак нестам. Бас кунед, занг назанед, ман бандам...
Ӯ ҳатто рақами модарашро ба рӯйхати сиёҳ гоҳо мепартофт, то халалаш нарасонад.
Пас аз чанд вақт модар аз дунё гузашт. Писар ба хона баргашт, маросими дафнро гузаронд ва телефони кӯҳнаи модарашро ба даст гирифт. Ӯ дид, ки дар телефони модар садҳо паёмҳои овозӣ (голосовой) ҳастанд, ки модар ба писараш фиристода буд, аммо писар ҳеҷ кадомашро гӯш накарда буд.
Ӯ якеро кушод. Садои ларзони модар омад: Бачам, медонам бандӣ, барои ҳамин занг назадам, фақат овоз мондам. Дишаб хоб дидам, ки пойҳоят ях кардаанд, ҳамон ҷӯробҳои бофтаи маро пӯш. Садқаи қадат шавам.
Дигареро кушод: Бачаҷон, мебахшӣ, ки занг зада халал расондам. Фақат хостам гӯям, ки нони гарм бастам, агар вақт ёфтӣ, биё.
Писар дар нимашаб дар хонаи холӣ нишаста, ин овозҳоро гӯш мекард ва зор-зор мегирист. Ӯ акнун мехост, ки модараш ҳазор бор занг занад, ҳазор бор “нон хӯрдӣ?” гӯяд, аммо дар телефон танҳо овоз хотира монда буду халос.
Мо аз ғамхории зиёди модар безор мешавем, вале намефаҳмем, ки ин ғамхорӣ ягона чизест, ки моро дар ин дунёи бераҳм нигоҳ медорад. Рӯзе мерасад, ки барои як занги модар тамоми дунёро доданӣ мешавем, аммо дер мешавад.
Агар ҳозир модарат занг занад, асабӣ нашав. Шояд ин занг ягона мусиқии ҷаннат дар зиндагии ту бошад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН