Нақши зан дар оила баробари тарбияи фарзанд, дар истифодаи мақсадноки маблағҳо низ муҳим аст. Вақте ки зан пулро идора мекунад, бо ин барои беҳтар кардани шароити оила ва таъмини ояндаи фарзандон кӯшиш мекунад. Аммо чанд тавсия ҳаст, ки барои занҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки пул дар оила кумак мерасонанд.
Мақсаднок сарф кардани пул
Дар оила, пул на танҳо барои таъмини эҳтиёҷоти асосӣ, балки барои рушди оила ва тарбияи фарзандон истифода мешавад. Ҳар як хароҷот бояд бо хирад ва стратегияи дуруст анҷом дода шавад, то пул барои манфиатҳои оила ва фарзандон сарф шавад. Беҳуда сарф кардани пул метавонад мушкилот ва қарзҳои иловагӣ эҷод кунад.
Муносибат ба пул
Занҳо дар муқоиса бо мардҳо бештар эҳтиёткорона ва мақсаднок пулро сарф мекунанд. Вақте ки пул ба дасти зан мерасад, кӯшиш мекунад, ки онро барои манфиати оила, таълим ва тарбияи фарзандон истифода кунад. Ин самаранокии молиявиро ба вуҷуд меорад ва ба оила кӯмак мекунад, ки шароити зиндагӣ беҳтар шавад.
Мушкили молиявии занон
Дар баъзе ҳолатҳо, занҳо на ҳамеша мустақилона пул кор мекунанд, ки ин метавонад ба мушкилот дар идоракунии пул дар оила оварда расонад. Агар зан дар масъалаи молиявӣ мустақил набошад, ё ҷойи кору даромад надошта бошад, ин метавонад боиси сахтӣ дар мустақилияти молия шавад. Баъзан, мушкилот дар идоракунии пул ба сабаби набудани омӯзиш ва таҷриба дар ин соҳа ба амал меояд.
Роҳҳои раҳоӣ аз мушкилот
Раҳоӣ аз мушкилоти молиявии занон ва оилаҳо марбут ба омӯзиш, таҳлил ва амалисозии стратегиҳои дуруст аст. Омӯзиш дар бораи идоракунии пул ва эҷоди нақшаҳои молиявӣ барои таъмини истиқлоли молиявии занон, беҳтар кардани шароити оила муҳим аст. Бинобар ин, ҳар як хароҷот бояд бо мақсадҳои оилавӣ мувофиқ бошад. Яъне, пул аввал ба хароҷотҳои аввалиндараҷа сарф шавад. Бо маслиҳати аъзои оила нақшаи молиявӣ сохтану пайи амалии он шудан, қадаме ба зиндагии шоиста аст.
Вақте ки дар оила пул ба дасти зан мерасад, истифодаи бохирад муҳим аст. На танҳо эҳтиёҷоти оила таъмин шавад, балки оянда фарзандон таъмини хуби молиявӣ пайдо кунанд. Ҳамчунин, бо эътимоди мардон ба онҳо бештар мешавад. Беҳуда нагуфтанд, ки “тоҷ бар сар мекунад, зан мекунад, хок бар сар мекунад, зан мекунад”.
Умуман, истифодаи мақсадноки пул ва баланд бардоштани саводи молиявии занон ба беҳтар шудани зиндагии тамоми аъзои оила кумак мекунад.
Усмон РАҲИМЗОДА