shoh palace
Бумеранг
24.01.2022
Дилошӯб
1359

Дар зиндагӣ бумеранг гуфтагӣ қоида њаст, ҳар чӣ кардӣ, он рўзе ба ту бармегардад- ин ҳарфҳоро њар рўз мешунавем. Вале ман мегўям, ки ин бумеранг кори Худованди бузург аст, ки аз ҳама чиз огаҳ аст…

                          Нозанини бетақдир

Ањдия духтари зебову нозанину боақл, донандаи чор забон, соҳиби маълумоти олӣ ва кори хуб, зани нашъаманде шуд… Чаро?

Падараш аз олам гузашту модараш ба шавҳар баромад, бибиву бобои модарияш додарашро ба келинашон надоданд. Аммо Аҳдия, ки калонак буд, бо гиряву зории худ дили бибию бобояшро об карда, назди модараш рафт. Модараш зани дуюми як тоҷир буд, ин мард дер-дер ба хона меомад, вале барои модараш тамоми шароитро муҳайё карда буд. Хонаи панҷҳуҷрагии серҷиҳоз дар маркази шаҳр, пулу мол, мошин, модараш тиҷорати худашро дошт. Дар як маркази савдои бузург мағозаи атриёт кушода буд, муносибати падарандар бо Аҳдия хуб буд ва духтарак беҳтарин гимназияро хатм карда, ба донишгоҳи бонуфузе дохил шуд. Донишгоҳро хатм намуда, дар як ташкилоти хориҷӣ тарљумон шуд, хостгорони зиёде дошт, вале модараш ўро ба писари холааш дод. Бибию бобои модарияш кайҳо оламро падруд гуфта буданду ин ду апаву хоҳар барои ҳамдигар хеле азиз буданд. Аҳдия хеле нею нестон кард, вале модараш гиря кард, ки ту гапи маро намегирӣ, ман хушбахтии туро мехоҳам. Духтар дигар илоҷ надошт ва розӣ шуд. Холааш чор духтару як писар дошт, Шуҷоъ ҷавони зебову қоматбаланду хушгапе буд, вале дар ҳеҷ куҷо кор намекард. Аз ҳисоби падари сарватмандаш хўрда мегашт, тўйи онҳо хеле бадвоҳима гузашт, то дер мардум аз он мегуфтанду таъриф мекарданд, вале он ба Ањдия бахт наовард…

                                 Нашъаманд

Аҳдия, ки ягон ҷавонро дўст намедошт, аз рўзи аввал ба писархолааш меҳр баст, вале оҳиста-оҳиста фаҳмид, ки бар замми бекорхӯҷагияш Шуҷоъ нашъаманд низ будааст. Чӣ қадар кӯшиш карданд волидайн ба хотири раҳоии писари ягонаашон аз дасти ин вабо, вале натавонистанд. Оқибат ин дард ҷавони нозанини аз сад гулаш як гулаш нашукуфтаро ба зери хок бурд. Аҳдия фаромўш намекунад, ки рўзи ҷанозаи шавҳараш ҳама хун мегиристанд ва ҳамин вақт як зан аз дарвоза ворид гашту аввал хеле бачамой гуфта гирист, баъд ду дасташро сўйи само бардошта гуфт: «Худоё, ту дуои мани мазлумро ба даргоҳат қабул кардӣ! Самар (падари Шуљоъ) ду писари маро нашъаманд карду ин дард онҳоро ба домани хоки сияҳ бурд, ман сари қоқ зери чархи кабуд мондам! Ва имрўз писари ягонаи ўро назди писарони ман бурдӣ…”

Аммаҳои Шуҷоъ ба пиразан ҳуҷум карданд ва агар мардум дар миён намедаромаданд, шояд аз як ҷонаш сад ҷонаш намемонд. Аҳдия баъдҳо фаҳмид, ки хусураш ба қочоқи маводи мухаддир даст доштаасту танҳо баъди нашъаманд шудани писараш аз ин амали зишт даст кашидааст…

                                   Зиндагии боронӣ

   Баъди марги Шуҷоъ, Аҳдия бемор шуд, зеро шавҳараш дар рўйи дастони ў ҷонашро ба ҷонофарин супорид. Як соли дароз дар ҳолати рўҳафтодагӣ зиндагӣ кард ва модараш ўро талқин кард, ки ба кор барояд. Корманди хуб, ки буд, дар ҷойи кораш ўро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд ва ў худро пурра ба кор бахшид. Сафарҳои хориҷияш зиёд буданд ва як рўз баъди бозгашт аз чунин сафарҳо бо Сафдар шинос шуд. Сафдар дар як ширкати сохтмонӣ ба ҳайси меъмор кор мекарду дар рухсатии меҳнатияш ба Маскав ба назди додари муҳоҷираш рафта буд. Сафдар ҷавони дилёбе буду дили нозанинро баъди хушомад задану гул бурдану тўҳфа харидан ёфт. Нозанинро ба худаш ошиқ кард…

       Сафдари пастқоматаки «таппаксар», Аҳдия пештар одамонеро, ки пушти сари ҳамвор доштанд, ҳамин гуна ном мемонд, дили духтарро ба даст оварду пас сар шуданд дарду ранҷҳо. Худо накунаду Аҳдия ба Сафдар занг занад, аз он тараф бо овози баланд мегуфт:

-ҳе, ҷота бдон!!! ҷота бдон!!

Баъдҷо ҷавонзанро ба ғулом табдил доду ҳар чизе, ки ў мегуфт, Аҳдия бо ҷон иҷро мекард. Аҳдия тӯли шаш ҳафт моњи шиносоӣ бо Сафдар фаҳмид, ки мард оне нест, ки аз худаш месозад. Ў зиндагии оддӣ, чор фарзанд ва як хонаи якҳуҷрагӣ дошт, мошини қимматбаҳое, ки меронд, аз ширкат буд. Оҳиста -оҳиста зиндагии ҷавонзан шабеҳи як дӯзах шуд, ки дар он ҷангу ҷанҷолу баъдҳо шаттаву шаллоқ низ буд. Сафдар таҳқираш мекард, ба сараш даст мебардошт, мудом маоши ў ва чизу чораи модарашро ҳисоб мекард. Мегуфт, ки модарат бояд хонаашро ба номи ту кунад, зеро агар падарандарат аз олам гузарад, бачаҳои вай омада, ту ва модаратро мисли саг аз хона берун меандозанд. Аз зан пул мепурсид, қаҳр мекард мерафту боз баргашта меомад ва охири охирон онҳо ҷудо шуданд…

                                   “Бумеранг”

Аҳдия ба зӯр иродаву ғурурашро, ки кайҳо помоли як номард шуда буд, ҷамъ карда, боз зиндагияшро аз сари нав оғоз бахшид. Ба кори дигар гузашт, зеро аз телефони корияш метарсид, телефони мобилияшро зада шикаст, чунки бо он мудом бо Сафдари палид дар тамос буд. ғамбемор гашта буд ҷавонзани бечора….

ҷорӯби вақт номи ин номардро аз кўчаҳои хотирааш рўфт, доруҳои таскинбахш аз қуттичаи доруҳояш ғайб заданд. Худро ором эҳсос мекард, дигар асири телефон набуд, то соати сеи шаб зангу шаб ба хайр гуфтани он бешарафро интизорӣ намекашид… Вале дар дил азм кард, ки дигар ҳеҷ гоҳ ягон мардро ба ниҳонхонаи қалбаш роҳ нахоҳад дод. Хушдорони зиёде дошт, вале сард буд… Модари зораш аз ин ишқи бебарори духтараш хабар дошт ва хуни дил мехўрд, насиҳатҳои ў дар бораи он ки на ҳамаи мардҳо якхеланд, аз як гўшаш даромада, аз гўши дигараш баромада мерафтанд. Як сол гузашт, Аҳдия бо ёрии модару падарандараш ва пасандозњои доштааш дар ҳамсоягии модараш хонаи дуҳуҷрагие харида, онро таъмир кард. Мошин, хона, танҳоие, ки барояш хеле писанд буд, хулоса аз чизе камбудӣ надошт…

     Як шом модараш занг зада гуфт, ки як зан хона омада, туро мепурсад, ман суроғаатро додам, даратро кушо ва бо ханда илова кард, хостгор аст чӣ бало?! Аҳдия ду ошёна боло аз модараш зиндагӣ мекард, нав аз кор омада буду қасди ҳаммом кардан дошт. Ў аз ҷояш хесту қањваи ниманўшидаашро канор гузошта буд, ки занги дар садо дод. ҷавонзан дарро кушода, дар рў ба рўяш зани ғамгинеро дид ва ўро ба хона таклиф кард. Зан салом гуфту оби чашмаш рухсораҳои пажмурдаашро шўстанд, Аҳдия ҳайрон шуд. Зан гуфт:

-Апаҷон, ман хоҳари Сафдар… Акаам шаш моҳ боз бемор аст, на табиб монду на мулло, на духтуру на чизи дигар, дилаш бемор аст ва давояшро наёфтем. Духтурони аз Эрон омада ҷарроҳӣ карданд, вале беҳбудӣ нест, бисёр мехоҳанд шуморо бубинанд. ҳоло дар мошин дар поён ҳастанд, илтимос, як борак фароед, ў ба зӯр нафас мегирад, вале роҳи хонаи шуморо аз ёд набурдааст….

         Аҳдия дар ҳолати карахтӣ қарор дошт, зеро аз шунидани номи Сафдару бемории ў ба ҷойи дилсўзӣ вҷудашро нафрати беандозае фаро гирифта буд. Ў ба хоҳари Сафдар гуфт:

-Апаҷон, ман ба хотири бародари шумо як қадам ҳам намемонам ва бо ў гапи гуфтанӣ надорам, ба ў саломи маро расонед ва гўедаш, ки ў дили маро шикасту Худо дили ўро…

Хоҳари Сафдар, ки мисли як себи дукафон ба акояш монанд буд, бо гиря аз хона баромада рафт…

Баъди ду рўз пушти дари Аҳдия боз хоҳари Сафдар пайдо шуд ва як номаро ба вай дароз карда гуфт:

-Акаам аз олам гузашт ва ин номаро ў гуфту ман навиштам, ақаллан хонед. Аҳдия майлаш гуфту номаро даронда, аз тирезаи балконаш ба берун ҳаво дод, зеро барояш фарқе надошт, ки дар он чӣ навишта шудааст. Ў Сафдарро кайҳо бахшида буд, вале Худо набахшида будааст…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД