shoh palace
ДИЛО-ХОНУМ ЗАНИ РИЗО МЕШАВАД?
2094

 

Даричаи ошноӣ

Ному насаб: Хадича Шендил

Санаи таваллуд: 2-юми августи соли 1983, 37-сола

Бурҷ: Асад

Касб: актрисса ва модел

Вазъи оилавӣ: Оиладор, модари як фарзанд

Филмҳое, ки Хадича Шендил дар онҳо нақш бозидааст:
Қишри мураффаъ– (2016)
Рӯзе, ки китоби сарнавиштро менавиштанд (2014)
Дило-хонум / Dila Hanım –(2012)

Водии гургон: Қапқон / Kurtlar Vadisi Pusu – Эбру Алемдар (2008-2010)
Садбарги ваҳшӣ / Yaban Gülü – Лачин (2008)
О Худоё! / Fesupanallah – Гюльпаре(2007)
Ду ношинос / İki Yabancı – Зейно (2007)
Сентябр / Eylül – Азиза (2005)

Фариштае бо чашмони барроқ

Чашмони барроқ, абрувони чун пари зоғ сиёҳ ва чеҳраи амсоли фаришта зебои ин нозанин дили миллионҳо одамонро дар сар то сари сайёра рабудааст. Дар кишвари мо низ ин зебосанами турк мухлисони бешумори худро дорад ва ошиқони ҳунараш ҳамарӯза ба идораи Оила занг зада, асрори зиндагии ин паривашро пурсон мешаванд.

Бозии тақдир

Хадича Шендилро мардуми тоҷик ҳамчун Дил аз сариали машҳури “Дило-хонум” мешиносанд. Ин филми пуртаззод бо сужаи аҷиб ва ҳодисаҳои пурпечутобаш ҳар шом ҳазорон-ҳазор дӯстдорони филмҳои туркиро ба назди экран мекашонад. Сериамл ба андозае ҷаззоб ва таъсирбахшанд, ки аксари тамошобинон, хоса занону духтарон баробари қаҳрамонҳояш гоҳ ашк мерезанд, гоҳи дигар ба шӯр меоянд. Дило аслан духтари нозпарварди шаҳрист, аммо ишқи Эҳсон ӯро ба музофоти Сари гул мебарад. Эҳсон ва Дило мисли як ҷуфт кабутари сафед дар самои орзуҳо пар-пар мезананд, вале ҳанӯз чиллаи арӯсию домодиашон набаромада боди сахти навмедӣ лонаи бахти ин ду ҷавонро валангор месозад. Эҳсони паҳлавонҷусса кушта мешавад ва Дилои нозанин пероҳани мотамӣ ба бар намуда, қасам ёд мекунад, ки аз қотили ишқаш ҳатман интиқом хоҳад гирифт, аммо...

Бо амри тасодуф Дилоро бо қотили шавҳараш Ризо ошно мешавад. Бехабар аз он ки дастони ин мард ба хуни ҳамсари меҳрубонаш олудаанд, Дило ба ошнои наваш улфат мегирад ва кулбори аламҳои қалбашро танҳо пеши ӯ холӣ мекунад. Ризо-хон низ бо тамоми ҳастӣ ба Дило ошиқ мешавад. Аз тарси он ки, агар ин нозанин дар асл кӣ буданашро фаҳмад, дигар ба рӯяш ҳатто нигоҳ ҳам намекунад, ин марди бо обрӯ ва сарватманд номи аслиашро пинҳон дошта, худро ҳамчун Ёвуз муаррифӣ менамояд, вале дере нагузашта, ин сир фош мешавад. Дило вақте қотили шавҳараш будани ошиқашро мефаҳмад, мисли паланги захмӣ ба ҳуҷум гузашта, дар сари қаҳру ғазаб Ризоро мепарронад, вале бозии ақдир бо ҳамин анҷом намеёбад. Ризо-хон тир хӯрда бошад ҳам, зинда мемонад ва муборизаро барои ба даст овардани дили Дило-хонум идома медиҳад...

Овоза ё ҳақиқат?

Дило ва Ризо нақши ду дилдодаро ончунон самимӣ ва боварибахш офаридаанд, ки бисёриҳо онҳоро ошиқу маъшуқи ҳақиқӣ гумон мекунанд. Дар байни мухлисони филм ҳатто сару садоҳое мавҷуданд, ки ин ҷуфти зебо дар асл зану шавҳаранд...

Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?

Оё Дило ва Ризо дар асл ошиқу маъшуқанд?

Рост аст, ки ба хотири Дило шуда, Ризо талоқи ҳамсарашро додааст?

Ҷанҷоли Дило-хонум бо зани ошиқаш то куҷо ҳақиқат дорад?

Мехоҳед ба ин саволҳо ҷавоб пайдо кунед, пас биёед якҷоя китоби зиндагии ин парипайкарро варақгардон мекунем.

Зане, ки пир намешавад...

Дило-хонуми мисли ғунчаи гул тару тоза ва дилкаш дар экран тахминан 20-22 сола менамояд, вале дар асл киштии умри актриса кайҳо сарҳади 30-ро убур намудааст.

Хадича Шендил 2-юми августи соли 1983 дар пойтахти Туркия, шаҳри зебои Истамбул дар оилаи тоҷир чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Падараш Невзод Шендил марди сарватманд, соҳиби як ширкати бузурги сохтмонӣ буда, даромади хеле калон ба даст меовард. Модари Хадича хонашин бошад ҳам, зани босавод буд ва барои рушди шахсияти фарзандонаш тамоми шароитҳоро фароҳам меовард. Писардор шудан орзуи бузургтарини Невзод Шендил буд, аммо худованд ӯро ба муроди дил нарасонд. Падараш Хадичаро назар ба дигар духтаронаш бештар дӯст медошт ва ҳамаша “писарам” мегуфт. Вай кӯшиш мекард, ки ин духтари нозанинашро дар руҳияи мардонагӣ тарбият намояд, то баъди сари ӯ такягоҳи модару хоҳаронаш гардад. Хадича тез-тез ба Анталия ва дигар шаҳрҳо сафар намуда, дар ҳалли мушкилоти гуногуни ширкат ба падараш ёрӣ мерасонд, аз ҳамин сабаб бисёриҳо дар симои ӯ роҳбари ояндаи ин ширкати бузурги сохтмониро медиданд, аммо тақдир ин зебосанамро ба роҳи дигар бурд...

Иқтисодчие, ки дунёро тасхир намуд

Хадича Шендил аз рӯйи ихтисос иқтисодчӣ аст. Ӯ факултаи иқтисод ва идоракунии донишгоҳро дар шаҳри сайёҳии Анталия хатм намудааст. Дар байни дӯстони Хадича ҳунармандони ҷавон хеле зиёд буданд. Сӯҳбатҳои ширини эшон дар мавзуи театру кино ин фариштаро ошиқи санъат гардонд ва Хадича ба омӯзиши ҳунари актёрӣ сар кард.

Соли 2001 Хадича Шендил дар озмуни зебоии “Зебосанами Туркия” ширкат варзида, мақоми сеюмро ба даст овард. Пас аз ин комёбӣ фариштаи сияҳчашму сияҳабру дар озмуни байналмиллалии “Маликаи Аврупо” баранда шуд, аммо шӯҳрати ҳақиқиро ба Хадича синамо овард...

Зинаҳои шӯҳрат

Қаблан дар чанд филм нақш бозида бошад ҳам, мурғи шӯҳрат баъди сериали “Дило-хонум” ба китфи Хадича нишаст. Дар ин филм Хадича ва ҳамбозиаш Эркан Петеккай нақши ду ошиқи шайдои дар гирдоби бозиҳои зиндагӣ афтидаро хеле ҷаззҳоб ва таъсирбахш офариданд. Ҳаминбуд, ки баъди ин сериал харидорони ҳунари Хадича хеле зиёд шуда, қадру қиматаш ҳамчун актриса боло рафт.

“Рӯзе, ки китоби сарнавиштро менавиштанд”- дуввумин филми муваффақе буд, ки Хадича Шенделро ҳамчун ҳунарманди нотакрор ба ба ҷаҳониён ошно намуда, шӯҳрати ин нозанинро даҳчанд гардонд, аммо...

Чаро Хадича ғайб зад?

Пас аз сериали “Бӯсаи ҳаёт” Хадича аз экран ғайб зад. Дигар чеҳраи малакутии ин фариштаи ҳунар дар ягон филм падидор намегашт. Овоза ва сару садоҳо дар бораи ин зебосанам хеле зиёд буданд, яке мегуфт, ки Хадича бо ҳамбозиаш Эркан Петеккай аз сериали машҳури “Дило- хонум” ишқварзӣ мекардааст ва ҳамсари Эркан аз ин моҷарои ошиқона огоҳ шуда, мӯю рӯйи актриссаро кандааст, дигарӣ Хадичаро маъшуқаи партёри дигараш Озҷон Дениз мебаровард, саввумӣ дар ишқварзии ин парипайкар бо Мурод Йилдирим қиссаи мебофт, вале...

Ҳамсари вафодору модари меҳрубон

Дар асл ин овозаю ҳангомаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Хадича Шендил соли 2015 бо ишқу муҳаббати пок ба ҳампешааш Бурак Сагьяшар ба шавҳар баромадааст. 17-уми майи соли 2017 дар оилаи ин ду ситораи дурахшони синамо писарчаи нозанине ба дунё омада, зиндагии пуршӯру шари волидонашро комилан дигаргун намуд.

Хадича ҳамчун модари меҳрубону ҳамсари вафодор баъди ин р\йдоди фараҳбахши зиндагиаш ҳаёти худро пурра ба тарияи фарзанд ва хизмати шавҳараш бахшида, муддате аз саҳна дур шуд.

Хадича дар сӯҳбат бо журналистон таъкид крадааст, ки ба пуррагӣ синамро тарк карданӣ нест. Писарчааш Ҷон каме калонтар шавад, ҳатман ба саҳна бармегардад.

Мо ба Хадича бахти сафед ва фатҳи қуллаҳои нав ба навро дар зиндагӣ таманно намуда, умед мебандем, ки ин фариштаи меҳр бо филмҳои нав ба наваш хотири мухлисони сершумори худро дубора шод хоҳад кард

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД