Мегӯянд, ки "филро қисм-қисм хӯрдан лозим аст”. Ин тамсил як усули идоракунии вақт аст, ки барои омодагӣ ба имтиҳон, сарфаи пул ё пардохти қарз, омӯхтани малакаи нав ва дар дигар ҳолатҳои ҳаёт истифода мешавад. Бартарии ин усул дар он аст, ки на танҳо ба осон кардани раванди захираи пул ёрӣ мерасонад, балки ба кашолкорӣ роҳ намедиҳад. Масалан, агар шумо пеши худ мақсад гузоред, ки барои харидории телефони нав маблағ захира кардан лозим аст, чӣ бояд кард?
Хусусиятҳои муҳимтарини телефонро муайян кунед: ҳаҷми хотира, ҳаҷми хотираи дарунсохт, иқтидори аккумулятор ва ғайра.
Арзиши дақиқи телефонро дар мағоза фаҳмед. Якбора 5-10% илова кунед, то шишаи ҳимоявӣ ва чехол харед. Агар нархи телефон боло равад, шумо метавонед пулро аз ин фоизҳои ба таври илова ҷамъшуда истифода баред.
Муайян намоед, ки то кадом сана воқеан пулро захира карда метавонед. Мақсадатонро ба марҳилаҳо тақсим кунед. Маблағеро, ки метавонед ҳар ҳафта ва моҳона ҷудо кунед, муайян намоед.
Дар тақвими худ огоҳинома ворид кунед, то бидонед, ки дар кадом рӯз пул гузоштан лозим аст.
Агар пулро захира карда натавонистед, худро сарзаниш накунед. Дар бораи он чизе андешед, ки ба шумо халал мерасонад ва кӯшиш кунед, ки нақшаи худро ислоҳ намоед.