arzon replenishment
Фиребхӯрда
5040

Қиссаи сарнавишти талхи арӯси миллионер

 Зулми бибӣ

Дар деҳаи дурдасти вилояти Бадахшони кӯҳӣба дунё омадаам. Аз хурдӣ аз меҳру навозиши падар маҳрумам. Модарам баъди марги падарам ҳамроҳи хоҳарчаам Сайёра ба Душанбешаҳр кӯч баста, инҷо муқимӣшуданду ман ҳамроҳи бибиам Майрамбӣдар деҳа мондам.

Бо гузашти солҳо духтари қадрасу зебое шуда мондам, вале дилам кулбори ғаму дард буд. Бибиам чун душмани қаттол ба ҳама корҳоям эрод гирифта, доим маро меранҷонд. Мабодо ягон кори хона нотамом монад, вой бар ҳоли мани сарсахт, бибиам бо симу ғӯллачуб чунон мезад, ки тамоми аъзои баданам сиёҳу кабуд мегашт. Фасли зимистон дар минтақаи мо чунон сард ва қаҳратун аст, ки касро дар як дам сармо мезанад. Дар чунин ҳавои сард бибии худобехабарам маро бо калӯш ва либоси тунук ба мактаб мефиристоду маҷбур мекард, ки баъди дарс ҳезумчинӣ равам. Сиёсати кампир ончунон ба ман асар карда буд, ки аз дар даромаданашро дида ба поям ларза меафтод. Фақат бо оби дида аламамро мебаровардам. Аз сабаби дурии роҳ модарам наметавонист аз ҳоли духтари берӯзиаш бохабар гардад.

 Фирор ба пойтахт

Хуллас, базӯр то хатми синфи нӯҳум тоқат карда, сипас бо баҳонаи меҳмонӣ ба Душанбе омадаму дигар ба Бадахшон барнагаштам. Дар назди модарам мондам. Зиндагиам дар пойтахт рангу бӯйи нав гирифт. Модару хоҳарам маро эрка карда ғубори ғамро аз дилам мебароварданд. Дар корхонае ба кор даромадам. Рӯзу шаб фикри кор дар сарам чарх мезаду банди кори нав худро хушбахт меҳисобидам.

Доми фиреб

Рӯзе зане ба корхонаамон омаду саропои маро синчакорона аз назар гузаронида меҳрубонона гуфт:

-Ту духтари нозанин будаӣ, чаро барои чор танга пул худатро азоб дода мегардӣ? Агар розӣ бошӣ, ман туро ҳамроҳам ба Маскав мебарам. Мағозаи калон дорам, онҷо фурӯшанда шуда кор мекунӣ. Ин хел духтари зебо харидоронро ба мағоза мекашад. Не нагӯй, маоши хубат медиҳам. Дар ду-се сол соҳиби зару зевар мешавӣ, хонаи алоҳида мехарӣ….

Бегоҳи ҳамон рӯз дар бораи он зан ба модарам нақл кардаму бо маслиҳати пайвандонам он «зани хайрхоҳ»-ро рӯзи дигар ба хонаамон даъват кардам. Зан ба модарам низ афсонаи ба гӯши ман хондаашро такрор кард. Модари зудбоварам ба гапҳои ӯ бовар намуда, маро ҳамроҳи он зани ношинос ба Маскав фиристод.

Мағоза ё фоҳишахона?

Вақте ки ба ҷойи кори гуфтааш расидем « ту имрӯз ҳамин ҷо мемонӣ, ман пагоҳ омада туро ба мағоза мабарам»,- гӯён ҳамсафарам маро ба хонуми дигаре супорида рафт. Қаду бастамро синчакорона омӯхта ин зан пурсид, ки чанд сол дорам. «Акнун ба 17 даромадам» гуфтам бо чеҳраи хандон. Зан маънидорона лабханд зада маро ба хонае даровард, ки дар онҷо духтарони зиёде ба орову торо додани худ машғул буданд.

-Туро Садбарги лаънатӣ инҷо овард?- пурсид яке аз духтарон.

-Ҳа, холаи Садбарг оварданд. Гуфт, ки магазини калон дораду инҷо фурӯшанда шуда кор мекунам. Шумо ҳамаатон магазинчиед?-гуфтам дар ҷавоб ва бо ҳавас ба сарулибоси гаронбаҳои духтарон назар дӯхтам.

-Эй духтари нодон, Садбарг туро аҳмақ карда ба домаш афтонидааст. Ин ҷо Москав не, Дубай аст. Акнун фурӯшандагӣ не, танфурӯшӣ мекунӣ. Ҳамаи моро мисли ту фиреб карда оварданд. Ин ҷо фоҳишахона аст,-гуфтани духтарак ба сарам гӯё як сатил оби сард рехт. Хоб будам, бедор шудам, вале аз ин бедорӣ дигар суде набуд. Ба соддагии худу зудбовариии модар ва тақдири бадам ҳазорҳо бор лаънат мехондам, вале лобаю зориамро дигар касе намешунид. Худо ҳам гӯё мо, фиребхӯрдагонро фаромӯш карда буд, ки ба додамон намерасид.


-Хонаи Худоро ду-се бор зиёрат кардан шарт нест, дасти ману духтарам барин мазлуму нобиноёнро гирифтан ҳам баробари ҳаҷ кардан савоб аст, мардум!


 

«Мол»-и бозоргир

Рӯзи дигар Садбарг аз дар даромада бовиқор ба ҳар кадоми мо назар андохту таъкид кард:

-Ин ҷо хонаи очаатон нест, ки нозу бозор карда шинед. Тезтар худро орою торо дода ба кор тайёр шавед. Мабодо клиентҳоро ранҷонеду шикоят кунанд, мурдаатон тӯъмаи сагон мешавад!

Касе аз духтарон ёрои сар бардоштану ба ин даллаи худозада ҷавоби сазовор доданро надошт. Алови чашми ҳамаро гирифта буд ин беваи духтарфурӯш. Хомӯшии духтаронро дида ман ҳам ҷуръати лаб во намуданро накардам. Хуллас, моро ба кошонаи ҳусн бурда якояк орову торо доданду ба «бардел» оварданд.

Пас аз чанд дақиқа «клиент» ҳам пайдо шуд. Мансабдори бонуфузе будааст мардак, ӯро чанд нафар ҷондорон ҳамроҳӣ мекарданд. «Клиент» саропои ҳар кадоми моро бо чашми харидорӣ аз назар мегузаронду ба Садбарг ҳар гуна саволҳо медод, мисли харидори корозмуда сифати «мол»-ро дида «савдо» мекард. Миллионер духтарони дигарро тамошокунон ҳар дам кунҷковона ба ман менигарист. Аз нигоҳаш даступо хурда худоро зорӣмекардам, ки маро аз ин доми бало халос кунад. Амсоли гунҷишкаки нав ба дом афтода дилам тез-тез метапид. Намедонам ҳуснам маъқул шуд ё нигоҳи ҳаросонамро дида завқаш омад, ки миллионер қасд кардагӣбарин аз байни духтарон маро интихоб намуд.

Дар оғӯши ҳамзабон

«Падарлаънат, хизмати ин шайхро ба тамоми санъаташ иҷро кун! Агар ин мардак розию қаноатманд шавад, ману ту таги доллар мемонем,-таъкид намуд Садбарг маро ба «ҳарам»-и миллионер дароварда истода.

Аз тарси даллаи маккора дам фурӯ бастаму ба тақдирам тан дода, итоаткорона бо сари хам ҳамроҳи миллионер ба хонаи хоб даромадам.

Канори бистари хоб сархаму малул менишастам. Миллионер ҷондорҳояшро ҷавоб дода дарро басту ба ман наздик шуд. Тамоми аъзои баданам меларзид, охир ман акнун ба 17 қадам ниҳода будаму бо мард чи гуна муносибат карданро намедонистам. Мард бо умеди меҳрубонӣдидан дар канорам нишаста маро нозук ба оғӯш кашиду аз буни гӯшам бӯсид. Маро гӯё барқ зада бошад, худро дур гирифтам. Завқаш омада боз аз буни гӯшам бӯса зад. Ин дафъа ӯро тела дода аз худ дур кардан хостам. Марди дунёдида шояд бетаҷрибагиамро эҳсос намуд, ки маро нозук бардошта рӯи кати хоб хобонд. Намедонам, духтарҳои дигар бори аввал ба оғӯши мард афтода чӣ ҳис мекунанд, вале ман дар ҷавоби ҳама меҳрубониҳои марди миллионер танҳо ашк мерехтаму лаб мегазидам. Соате ба ин минвол гузашт. Гиря карданамро дида шояд раҳми мард омада буд, ки танҳо навозишкорона саропоямро маҳс мекарду мебӯсид. Ман ба маъшуқа не, ба кӯдаки гирёне монанд будам, ки бо қанду ширинӣоромаш кардан мехоҳанд. Мардаки бечора чи кор карданашро намедонист. Хандаовару раҳмангез буд ҳоли миллионер. «Агар ягон клиент хафа шавад, мурдаатон тӯъмаи сагон мешавад»,- гуфтани Садбарг ёдам омаду гиряро бас карда зӯракӣтабассум намудам.

Мард ҳам лабханд зад. Ба чеҳрааш зеҳн мондам. Марди зебое буд.

«Ба чунин марди зебо чи намерасида бошад, ки пул дода барои як шаб духтар мехарад?! Давлату сарват доштааст, о ягон духтари хубро ба занӣгирифта одам барин зиндагӣкунад, намешавад! Эҳ, ин мардҳо ҳеҷ аз зан сер намешаванд. Кӣмедонад ин халтаи пул чанд зан дорад»,- худ ба худ пичиррос задам зери лаб, зеро боварӣ доштам, ки марди хориҷӣ забони маро намедонад.

«Рост мегӯӣ аз занбозӣ фоида нест! Ягон духтари хубро ёфта ба занӣ гирифтан лозим»,- ҷавоб дод «клиент» маро ба ҳайрат оварда.

Чашмонамро калон-калон кушода ба рӯяш синчакорона нигаристам.

-Чаро ҷин дидагӣ барин ба даҳшат афтодӣ?! Ман эронӣ ҳастам, гапатро каму беш фаҳмидам,-гуфт миллионер ва аз куҷо буданамро пурсид. Сарнавишти ғамангезу чи тавр ба доми Саида афтоданамро нақл кардам. Мард лаб газида сар меҷунбонд.

Хуллас, хеле сӯҳбат кардем. Дилам оҳиста-оҳиста ба вай моил шуда, чи тавр ба оғӯшаш даромаданамро нафаҳмида мондам.

Субҳ «клиент» қаноатмандона аз бистар бархосту ба гарданам гарданбанди гаронбаҳоеро баста гуфт:

-Ростӣ, ман аввал ба суханҳои ту бовар накардам. Гумон доштам, ки бардурӯғ худро фиребхӯрда вонамуд мекунӣ, вале духтар буданат далели он аст, ки сабукпою бероҳа нестӣ. Ҷабри тақдиру макри Садбарг туро ба ин гӯшаи дунё овардааст. Парво накун, ман туро аз ин макони касофатбор халос мекунам»

«Клиент» аз бари рӯям бӯсида рафту ман ба ҳаммом даромадам.

Арӯси миллионер

Садбарг шояд аз ҳисоби ман пули калон кор карда буд, ки бо табъи болида аз дар даромада маро хеле меҳрубонӣ кард ва гуфт, ки метавонам то бегоҳ дам гирам. Вай дигар маро азоб намедиҳад. Оҳи сабук кашидам. Бегоҳ боз ҳамон «клиент» меҳмони мо гашт ва боз маро интихоб намуд. Сиёвуш сарватманд бошад ҳам, марди хоксору меҳрубоне буд. Мо он шабро дар оғӯши ҳамдигар бо лутфу меҳрубонӣ саҳар кардем. Субҳ Сиёвуш маро рӯйи роҳаткурсӣ нишонда мӯйҳоямро силакунон гуфт:

-Ҳеҷ гоҳ гумон надоштам, ки нисфи дунёро гашта, оқибат арӯсамро тасодуфан аз чунин макон меёбам. Дар ҳаётам занҳои зиёде буданд, вале ягонтоашонро дӯст дошта натавонистам. Духтарҳо барои ман танҳо бозичаи якшаба буданд, вале ту дунёи маро тагорӯ кардӣ. Ситора, ман бо як нигоҳ ба ту дил бастам. Агар розӣ шавӣ туро ба занӣ мегирам. Аввал гумон кардам, ки вай маро масхара мекунад, вале нигоҳи саршори меҳрашро дида дарёфтам, ки Сиёвуш ҷиддӣ бо ман издивоҷ карданист.

-Садбарги беинсоф шаҳодатномаи маро пинҳон кардааст, -гуфтам бо алам сар ба китфаш ниҳода.

-Ғам нахӯр, ман ҳозир ин масъаларо ҳал мекунам,- гӯён Сиёвуш аз дар баромаду пас аз лаҳзае ҳамроҳи Садбарг ба хона даромад.

-Хез духтарам, бахтат омад кард, либосҳоятро ҷамъ кун, туро оғои Сиёвуш аз ин ҷо мебаранд,-гӯён Садбарг шиносномаамро ба дастам дод. Сиёвуш як даста долларо наздаш партофту дасти маро гирифта аз дар баромад. Дар берун моро дастаи хизматгорон ва мошини гаронбаҳое интизор буд…

(Давомашро фардо шаб соати 21-00 интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД