arzon replenishment
Ишќи Бобои Барфї
2050

Соли навро хеле дўст медорам, омад-омади он дар навори назарам рўзњои хушу нохуши зиндагиямро бедор месозад. Дањ сол пеш гумон мекардам зиндагї барои ман маънияшро гум кардааст, дигар бахт бар рўям нахоњад хандид, дигар….

Хулоса, хеле дилсард будам аз дунёву одамон, вале таќдири Худои бузург будаасту мањз шаби соли нав гардиши бузурге дар њаёти ман рух дод. Борњо мехостам ин ќиссаро дар сањифањои њафтавори дўстдоштаам «Оила» бикорам то мардум бихонанд, хоса он бонувоне, ки аз зиндагї дилсарданд. Бихонанду ба муъљиза бовар кунанд, охир муъљиза мањз сўйи њамонњое меравад, ки ба он бовар мекунанд….

                         Нозанини хушахтар

Дар оилаи сарватманде дида ба олами њастї кушодаам, ду бародарам дар синфи њашту дањ мехондаанд, ки ман таваллуд шудаам ва аз ин рў, азизу ноздонаи хонавода гардида будам. Аёми кўдакиям ширинтарин фасл буд, кай парвои оламу одам доштам, падарам дар вазифаи баланди њизбї кор мекарданду њама шароитро бароямон муњайё намуда буданд. Маро бошад, чун лӯхтак оро дода, њамеша дар пеши мошинашон мегардонданд, аммо модарам…

Модари порсову њунармандам, хонашин бошанд њам, дар тарбияи мо фарзандон сањми бориз доштанд. Он кас то метавонистанд ба мо аз рўзгори бузургони дину илму адаб њикояњо наќл намуда, ба китобхонї ташвиќамон мекарданд. Дафтару китобамонро аз назар гузаронида, њатто барои бањои чор њам сарзанишамон менамуданд. Њамин буд, ки бародаронам ба донишгоњњои бонуфузи Маскав дохил шуда, онро бо сари баланд хатм намуданд. Чун навбати ман расид, љанги шањрвандї сар заду нохонда мондам. Бисёр зебо ва њунарманд будам, зеро модарам ба ноздонагию эркагиям нигоњ накарда, тамоми њунарњои занонаро ба ман омўзонида буданд…

                                 Домоди худї

Оташи љанг аланга заду њар ду бародарам ба Маскав рафтанд, бо ёрии њамсабаќњояшон соњиби љойи кор гаштанд, он ваќтњо телефони мобилї набуду дар почтаи ноњия навбат поида, баъд ба онњо гап мезадем. Падарам як умр ба њизби комуннист содиќ буданду дар вазифањои баланд кор мекарданд ва бо дигар шудани айём дилашон тоќат накарда, бемор шуданд. Азбаски одами накўкор буданду њангоми коргари њукумат буданашон ба њама некї мекарданд, силоњдорон низ ба мо кор намегирифтанд. Вале дили падарам ин њангомаву љангу хунрезиро бардошт карда натавонистанду як шоми зебои бањорї аз сактаи дил оламро падруд гуфтанд. Ба нооромињо нигоњ накарда, дар љанозаи падарам одами бисёре омад. Падарам як бародар ва як апа доштанд, ки хеле дўсташон медоштанд. Модарам хешу табори бисёре дошта бошад њам, аз азал тамоми маслињатњояшро бо њевару хоњаршўяш мекард. Амаам баъди додани чили падарам маро барои писари ягонааш Муслим хостгорї омад, Муслим байни шаш апаву хоњар ба воя расида, нињоят нармтабиату мењрубон буд. Ҷавони ќоматбаланду абрўсиёњи зебое низ буд, то сар шудани љанг дар њукумати ноњия муњосиб буду дар донишгоњ ѓоибона мехонд. Модарам розї шуданд, мешунидем, ки камондорон духтаронро зани дуюму сеюм карда мегиранд. Ростї, ман ба Муслим ягон эњсосот надоштам, ѓайри он ки ба ў чун писари аммаи ягона ва мењрубонам мењр доштам. Модарам ба чашмони пуроби ман нигариста гуфт:

-Лайлиљон, ман бо бародаронат њам маслињат кардам, дар замоне ки мо зиндагї дорем, кї медонад фардо чї мешавад? Писари аммаи худат аз сад бегона хубтар аст, ба хотири рўњи падарат, розї шав…

Оё ман пас аз шунидани номи падари азизам метавонистам чизе бигўям?!

                    

                         Тўйи бо оби чашм

Дар ноњия бењтарин тўйњо тўйњои пайвандони мо буданд, ёд дорам, дар тўйи писари амакам падарам устод Одина Њошимро даъват карда буданд ва то рўз мардум хурсандї намуданд. Он ќадар мардум ба дидани Одина Њошим омада буданд, ки тўйро дар стадиони ноњия баргузор намуда буданд. Дар тўйњои духтарони аммаам низ устодони санъати тољик њунарнамої намуда буданд, аммо тўйи ману Муслим як достони пуроби чашм буд. Мардум њавсали тўйравї надоштанд, зеро ватан ба хоку хун оѓўшта буд. Модару аммаам гардани якдигарро гирифта гиристанд, ману Муслим њам мегиристем. Ман арӯс шуда, аз хонаи худамон ба хонаи аммаам, ки як хона аз хонаи мо болотар буд, рафтам. Њарчанд хонаи одами бегона намерафтам, вале аз танњоии модаракам дилам косаи хун буд. Холаи калониям духтарчаашро бо модарам монд, вале баъди гузаштани як њафтаи тўямон амаам ба нею нестони модарам нигоњ накарда, ўро ба хонааш овард, зеро шавњари амаам ду сол пеш аз олам гузашта буд. Духтарњояш њама дар хонањои худашон, ду кампирак мешинем якљоя гуфт аммаам, акнун онњо дар ду њавлї зиндагї мекарданд, гоњ дар њавлии мо, гоњ дар њавлии падарии ман. Бародаронам низ аз ин гуна сурат гирифтани зиндагии ман хурсанду хотирљамъ буданд, њар ваќти занг задану бо онњо њамсўњбат шуданам моро тасаллї медоданд, ки Худо хоњад, њама љо тинљ мешавад ва дида ба дидор мерасад. Модарам њангоми бо писаронаш њарф задан худро батамкин нишон медод, вале гўширо монда, зор-зор мегирист. Медидам, ки марги шавњару дурии писарон ўро дар як сол пир карданд, рухсорањои арѓувонии зебояш пажмурдаву зард гашта буданд. Ман то метавонистам дилбардорияш мекардам, вале ќалби худам низ косаи зардоб буд…

                         Такягоњ

Зиндагии ману Муслим бо гиряву мотам оѓоз ёфта бошад њам, баъдтар якдигарро дўст доштем. Ман ба шавњари ќоматбаланду абрўсиёњу мењрубонам ба хотири такягоњи мустањкам буданаш дар зиндагї ошиќи шайдо шудам. Ман медонистам, ки Муслим модарамро дўст медорад, вале эњтирому ќадрдонияш нисбати модарам маро бештару бештар ба ў дилгарм кард. Модарам низ ба њар тора мўйи њамсарам меларзид, хулоса зиндагиямон хуб буд. Оќибат аќлу хиради фитрии миллати мо ѓолиб омаду дар кишвар сулњу субот пойдор гашт, Муслим ба љойи кораш баргашт. Ў ба ман ваъда дода буд, ки тинљиву осудагї шавад, туро ҳатман ба донишгоњ дохил мекунам ва ба ин ваъдааш низ вафо намуд, ман ба риштаи иќтисодии яке аз донишгоњњои пойтахт дохил шуда, дар шуъбаи сабти њолати шањрвандии ноњия ба кор шурўъ кардам. Бародаронам дар Маскав кори хуб, хонаву дар доштанду дигар ба Тољикистон омаданї набуданд, вале модарам пеши онњо шарт гузошт, ки омада, зани тољик мегиранд. Бародаронам розї шуданд ва баргаштанд ба ватан, дар рўйи њавлиямон рўзи њашр барпо гашт, гўё падарам нав мурда бошад, нолаву фарёд. Бародаронам, Маќсаду Маќсуд, ки ду љавони нозанину баландболо шуда буданд, ки аз диданашон њаваси кас меомад. Танњо баъди каме ба худ омадан, мо фањмидем, ки онњо танњо нестанд ва њамроњашон духтараки сафедандоми болобаланди нозанине низ њаст. Маќсад бародари калониям духтаракро ба мо шинос кард, Мавзуна-њамсари манн, аз Хуљанд аст. Модарам аз шунидани ин хабар яку якбора гуфт:

-Ист, њоли хона надаро…

Дар як нафас њама хомўш монданд, мо гумон кардем, ў духтаракро ба хона роњ намедињад, вале ў ба ман нигариста гуфт:

-Лайло, чї дањанта воз карда, мешинї, рав, барои келинам пойандоз биёр! Ман давида, махмали сабзе оварда, пойандоз партофтам. Ҳамин ваќт Лайлї пеши пойи модарам афтида, сар хам кард, аммо модарам ўро бардошта, ба оѓушаш кашиду боз ёди падарам карда гирист…

 

                           Шодї болои шодї…  

Хонаамон тўйхона ва мењмонхона буд, танњо љойи падарам холї, мо ду шаб хоб нарафта, фаќат сўњбат мекардем. Бародарам гуфт, ки бо Мавзуна њамсабаќ будаанду якдигарро дўст доштаанд. Дар ваќти нооромињо волидони Мавзуна ба Маскав кўч мебанданду дилбастагии духтарашонро бо Маќсад дида, ба издивољи онњо розї мешаванд.

-Мањз бо маслињатњои падаронаи хусурам ман роњу равиши худро дар зиндагї ёфтаму соњиби хонаву дар шудам ва як нафас аз додарам људо набудам. Худо хоњад, Маќсуд зан мегираду туро низ модарљон њамроњ гирифта, ба Маскав меравем, ба наздикї барои Маќсуд њам хона хоњем харид, -гуфт бародарам.

Бародаронам ду моњ бо мо буданд, дар ин миён Маќсуд духтари таѓоямро хуш кард ва мо тўйи зебое ороста, Нилуфарро келин кардем. Тамоми пухту пази тўйро Мавзунаи соњибњунар кард, мардум аз дидани њунарњои вай дањонашон во монд. Модарам Худоро шукр мегуфт, мо бародаронамро бо њамсаронашон ба Маскав гусел кардем, аммо модарам нарафт, гуфт, ки Маќсуд ки хона гирифт ба бурёкӯбон меравем. Нияти нек ними давлат будааст, баъди як сол Маќсуд хона хариду ману Муслим, амакаму аммаам, таѓояму янгаам ба табрики эшон рафта, бо ќудои хуљандиямон низ шинос шуда, як моњ дар Маскав саёњат карда баргаштем, аммо модарам монд. Зеро Мавзунаву Маќсад соњиби ду шоњписар гашта буданду Нилуфар низ дар ќадаш кўдак дошт, модарам бо дидани Шамсу Ќамар њама чизро фаромўш кард. Мо баргаштем…

      

                           Умри бесамар

Ман донишгоњро хатм кардаму дар зинањои мансаб низ боло рафтам, аз тўямон дањ сол гузашта бошад њам, соњиби фарзанд нашудем. Охири охирон бародаронам моро ба бузургтарин олимони соњаи тиб дар Маскав нишон доданд ва онњо гуфтанд, ки то аз њам људо нашавед, соњиби фарзанд нахоњед шуд. Муслим њељ људоиро намехост, ў пешнињод кард, ки аз хонаи бачањо тифлакеро ба фарзандї хонем. Аммо ман гуфтам, ки мо дар људої метавонем соњиби фарзанд шавем, пас барои чї бегонаеро ба фарзандї хонем? Њарчанд бароям нињоят вазнин буд, ќарор додем, ки људо мешавем. Мо аз суд људо шудем, Муслим талоќамро дод, ариза навишта, аз љойи кор рафтам ва чипта харида, назди бародаронам рафтам. Акнун бародаронам дар њамсоягии якдигар дуртар аз Маскав њавлињои боњашаммат доштанд, модарам аз ин рўйдод зиќ шуда бошад њам, янгањоям гуфтанд, ки “њељ гап не, њар кадоме бахти худро меёбед”. Як сол фаќат садамаи рўњии аз ин шикасти зиндагї хўрдаамро табобат кардам. Баъд бародаронам бароям кор ёфтанд, шаш моњ кор кардам, вале фањмидам, ки намешавад. Аз Маќсад хоњиш кардам, ки бароям дар Душанбе хона харад, модарам таклиф кард, ки хонаи падариро фурўшем, аммо бародаронам розї нашуданд. Онњо маслињат карда, дар Душанбе бароям як хонаи сењуљрагии муљањњаз харидорї намуданд ва ман ба ватан баргаштам. Дар як бонк хазинадор шуда, ба кор сар кардам, маошам ба зиндагиям мерасид, бародаронам њар моњ пулам мефиристоданд. Рўзњои истироњат ба дења мерафтам, хонаамонро писарони таѓоям нигоњубин мекарданд, њамин ки ман рафтам, аммаам ба наздам меомад. Муслим зани нав гирифта буду аз шарм маро бинад, роњашро иваз мекард, њамсараш Моњинав духтараки аљибе буд, аммаам шаб бо ман монад, албатта ягон чиз пухта меомад. Маро апаљон мегуфт, дар дилам рашк доштам, вале пинњон мекардам, аз аммаам фањмидам, ки Моњинав њомиладор аст ва тамоми баданам ба сўзиш даромад. Шаби дароз хобам набурд, вале чї илољ…

                                 Соли нав

Тамоми њастиямро ба кор бахшидам, дар мактаби ронандагї хонда, мошин харидам. Ба худам умуман ањмият намедодам, шопингу салон рафтан кори ман набуд, чизе доштам, то надарад, навашро намехаридам. Дар љойи кор либосњои кориро ба бар мекардаму хона даромада, хилъати хонапўширо, як дугона доштам Озода, ки њамеша маро талќин мекард, ки худамро нигоњ кунам, аммо ман ба маслињатњои ў даст меафшондам…

Озода шавњару ду фарзанд дошт ва њамроњи мо кор мекард, зани зебо набошад њам, бо ёрии макияжу дигар асбобу анљоми сунъї худашро ба маликаи њусн табдил медод. Ман бошам, њамин хел, ба ќавли вай кўњнамуде будам…                      

Аслан дар мањфилњои њамкорон иштирок намекардам, онњо низ ба ман он ќадар майл надоштанд, як зани љиддии ба зиндагї дилсардам мехонданд, ман нав ба сиву панљ ќадам гузошта бошам њам, аз сину солам калонтар метофтам бо мўйњои њамеша љамъу ќошњои ночидаам. Соли нав фаро расиду Озода маро ба љону њолам намонда, ба маѓоза кашола карда бурд, ў бидиррос зада гап мезаду маро насињат медод. Хулоса, ман ду курта, палто, шарфу мўза, атру упо ва ким чињои дигар харидам. Пеш аз сар шудани мањфил мо ба «Кошонаи њусн» рафта, худамонро оро додем, дар мањфил њама њамкорон аз ман чашм намеканданд. Њатто шефамон наздам омада гуфт:

-Лайлї Искандаровна, наход њамин ќадар зебоиро дар зери кўњнаколо пинњон мекардед а?!

Аввал каме дасту по хўрдам, вале боз Озода ба имдодам расид:

-Э дањанвоз, худатро ба даст гир, ту мисли моњ зебої!

Хулоса, дар айни раќсу бозї Бобои Барфї омад. Ў ба њама мењмонон тўњфањо таќдим намуд ва ба ман як таклифнома дод, ман онро гӯшае гузоштам, Озода онро гирифта хонду гуфт:

-Фардо шом ту ба тарабхонаи Бахт, ба шабнишинии солинавї даъват шудаӣ, раќами мизат панљ, яъне њама корњо панљ хоњанд шуд!

Шабнишинї бисёр хотирмон гузашт, рўзи дигар шанбе буду ман ба њузур хоб карданї будам, вале…

                             Ишќи Бобои Барфї

Субњи барваќт аз садои пайвастаи занги дар бедор шудам, дарро кушодаму пушти дар Озодаро дидам. Ў “њамроњ чой мехўрем” гўён, ба даъвати ман нигоњ накарда, ба хона даромад, торти овардаашро рўйи мизи ошхона гузошту чойники барќиро фурӯзон намуд….Чойхурї бо талќини ман ба рафтан ба тарабхонаи “Бахт” ба анљом расид. Он бегоњ бо «ташаббус»-и Озода худамро орову торо дода, ба тарабхонаи “Бахт” рафтам. Дар мизи панљ, ки барои ду кас ороста шуда буд, маро марди ќоматбаланди зебое интизорї мекашид. Ростї, худамро гум кардам, вале мард мушкиламро осон намуда гуфт:

-Ман њам бо армуѓони Бобои Барфї баин љо омадаам, шинос мешавем?

“Ман Лайлї” гуфтам шарм дошта, мард бо шӯхї посух дод “ман Маљнун…”

Дере нагузашта барнома оѓоз шуду мо хеле хурсандї кардем, Маљнун, ки баъдтар маълум шуд Акмал ном доштааст, маро ба хона гусел кард. Ў мошини худро назди тарабхона гузошта, дар мошини ман нишаст, чун ман ба наздикии хона расидаму мошинро ба таваќуфгоњи назди бино гузошта, бо ў хайрухуш карданї шудам, ў маро ба каме ќадам задан таклиф намуд. Њамин тавр, ман бо Акмал шинос шудаму зиндагонии ман ранги дигар гирифт. Ў ба ман наќл кард, ки маро бори аввал дар назди шефамон, ки рафиќи наздикаш будааст, дида ошиќ мешавад. Акмал гуфт, ки ба занњое, ки њусни табиӣ доранду аз макияж истифода намебаранд, эњтироми хоса дорам. Баъд чанд моњи дигар туро омўхтаму танњо буданатро фаҳмида, ќарор додам дилатро ёфта, бо ту хонадор мешавам. Ман бо занам дањ сол зиста, фарзанддор нашудам, аз ин рў, бо ризоияти њамдигар људо шудем. Хостам туро ба тарабхона даъват кунам, аммо сардоратон гуфт, ки ў аз ин тоифаи занњо нест. Баъд маљбур шудам Бобои Барфї шавам. Ба Акмал гуфтам, ки ман низ аз бефарзандї хонавайрон шудаам, хубатар аст бо зани таваллудкардае хонадор шавад, вале ў дигар домани маро сар надод…

Инак, дањ сол мешавад, ки ман њамсари «Бобои Барфиям», Худованд ба мо се шоњписару як гулдухтари ноздонаро насибу рўзї намуд. Хеле хушбахтам…

Боќӣ, Соли Наватон муборак, њамватанони гиромї!

                                                

                                                                         Лайлї

                                                                     Таснифи Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Амр 2022-01-01, 07:44
Ин кисса нейю.як гапи рах ба рост буд
Посух
Давлатхотуни Мубашир 2022-01-01, 21:09
Фирузачон чи хел хикояи нагз. Хубиаш боз дар он буд ки ба 2-3 кисм таксим карда давра дорад неву якбора хамаашро чоп кардед. Ба шумо кормандони рузномаи «Оила» соли нави 2022 ро табрик гуфта дар корхои эчоди ва зиндагии шахсиатон муваффакиятхои беназир таманно мекунам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Амр 2022-01-01, 07:44
Ин кисса нейю.як гапи рах ба рост буд
Посух
Давлатхотуни Мубашир 2022-01-01, 21:09
Фирузачон чи хел хикояи нагз. Хубиаш боз дар он буд ки ба 2-3 кисм таксим карда давра дорад неву якбора хамаашро чоп кардед. Ба шумо кормандони рузномаи «Оила» соли нави 2022 ро табрик гуфта дар корхои эчоди ва зиндагии шахсиатон муваффакиятхои беназир таманно мекунам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД