Arzon march 2024
Модари фарзандкуш.Сари ду писарашро мисли гусфанд бурид
04.06.2019
Дилошӯб
5107

 

Сару рӯй, либос ва дастони Ҷавлон дар хун тар буданд. Бо дидани ин ҳол Нарзулло ба даҳшат афтида пурсид:

-Занак, барои чӣ сару рӯят пур аз хун аст?

-Бачаҳоятро куштам,-бо чашмони торси хун ба шавҳараш нигариста, пичиррос зад Ҷавлон.

Нарзулло талхакаф шуда тозон ба хона даромад ва Шукруллою Амруллои хурдакакро бо гардани бурида дида, чунон фарёди талх кашид, ки замину осмон ларзид…

 

Ҷуфти кабӯтар

Нарзулло бо дӯстдориҳои зиёд бо ҳамсинфаш Улфатмо хонадор шуд. Волидони онҳо ҳамдигарро хуб мешинохтанд, аз ин рӯ барои ба ҳам расидани ду дилдода монеае пеш наомад. Зиндагии ширину гуворои ду ошиқ дар хонаи алоҳида оғоз ёфт, зеро Нарзулло дар совхози навбунёди яке аз ноҳияҳои водии Вахш агроном шуда кор мекард ва чун мутахассиси ҷавон барояш хона дода буданд. Мардуми атроф ба ҳаёти ширини ин зану шавҳари ҷавон бо ҳавас менигаристанд, зеро ин ҷуфти зебо аз чизе камбудӣ надоштанд, аммо…

Доғи дил

Солҳо чун турнаҳои баҳорӣ гӯё дар як нафас гузашта, хонадории Нарзуллою Улфатмоҳро 15 сол шуд, вале ҳеҷ не, ки нахли умри ҷавонзан бор биёрад. Дар тӯли ин солҳо зану шавҳари ҷавон борҳо ба назди табибони номдор рафта табобат гирифтанд, аммо Худованд оҳи дилашонро нашунид. «Хунатон як аст, то аз ҳамдигар ҷудо нашавед, фарзанддор намешавед»-ҳамин буд ҷавоби тамоми табибон. Нарзулло назди қисмат ночор монда бо дили хунбор аз ҳамсараш ҷудо шуд. Улфатмо ба хотири надидану насӯхтан, пас аз ҷудоӣ аз Нарзулло ба пойтахт, ба хонаи холааш, ки мисли худаш бефарзанд буд ва пиру дастнигар шуда, ёрдамчие надошт, рафт, то дар дами пирӣ асои дасти ӯ гашта фарзандвор хизматашро ба ҷо биёрад.

Бахтшикаста

Нарзулло баъди ҷудоӣ аз зани дӯстдоштааш чанд моҳ ба худ омада натавонист. Волидонаш ба хонаи ӯ кӯч бастанд, то писари дилшикастаашон аз ғам ба ягон беморӣ гирифтор нашавад. Насиҳатҳои падару меҳрубониҳои модар ба ҷавон таъсир карданду дар бадали як сол ӯ каме ба худ омада, аз пайи дубора обод намудани кошонааш гашт. Пиру кампир духтараки ҷавонеро, ки ҳамшираи шафқат шуда кор мекардааст, барои писарашон хостгорӣ намуданд ва бо тӯю тамошо келин фароварданд. Ба бахти Нарзулло Амина духтари меҳнатию хушахлоқ баромад, вай ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоманашро ба ҷо оварда, шавҳарашро дӯст медошт, аз дасташ тамоми ҳунарҳои занона меомад, вале…

Худо, ки надод…

Ҳомиладор нашудани Амина дили шикастаи Нарзуллоро сиёҳтар мекард. Вақти бо Улфатмоҳ аз ташхис гузаштанаш табибон гуфта буданд, ки айб дар хунашон аст ва агар аз занаш ҷудо шуда зани дигар бигирад, албатта фарзанддор мешавад, аммо зани дуюм ҳам ниҳоли ормони ӯро борвар накард. «Худо, ки надод, сад зан бигирӣ ҳам намедодааст»,- аз дил мегузаронд ҷавонмард ва асабҳои дар тӯли ин қадар соли навмедӣ харобгаштааш торафт харобтар мешуданд. Як шом Амина ба захми дили шавҳараш намак пошида гуфт:

-Мардак, ман назди духтури занона рафтам, мегӯяд, ки ту ягон айб надорӣ, шавҳарат бояд табобат кунад…

Ин суханони зани ҷавонаш як алами Нарзулло сад алам карданд ва инони ихтиёр аз даст дода девонавор фарёд зад:

Ман табобат намекунам, безор шудаам аз духтурдавӣ, хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ, ту ҳам баромада рав!

Амина гӯё интизори ҳамин лаҳза бошад, ақаллан то саҳар тоқат накарда, ҳамон замон либосҳояшро ғундошту баромада рафт. Рафтори занаш ба Нарзулло бисёр сахт расид ва ғурури мардиаш нагузошт, ки дубора ба суроғи Амина равад. Ҳамин тавр онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.

Ашки сӯзони модар

Нарзулло тамоми ҳастияшро ба кор бахшида, дар даштҳои беоб аз пайи оббёрӣ кардани заминҳои лалмӣ овора буд. Фикри зангирӣ дигар аз гӯшаи хаёлаш ҳам намегузашт. Падару модараш борҳо насиҳат карда бошанд ҳам, ба бори сеюм хонадор шудан розӣ нашуд. Мӯйсафеди падараш аз ғами бадбахтии Нарзулло ба сактаи дил гирифтор гашта, аз олам гузашт, модараш бошад, шабу рӯз оби дида рехта мегуфт: «Бачаҷон, кадом рӯз ман ҳам мисли падарат аз ғами ту мемурам, барои чӣ зан намегирӣ? Мехоҳӣ, ки модарат рӯйи набераро надида, аз ин дунё оромонӣ равад?»

Ашкҳои хунини модар дили фигори Нарзуллоро боз ҳам афгортар мекард, вале шарм медошт, ки ба зане пешниҳоди хонадоршавӣ намояд. Метарсид, ки мардум занҷалоб гуфта масхарааш мекунанд.

Меҳмони некқадам

Кампири Хайрӣ шабу рӯз ашк рехта Худоро зорӣ мекард, ки ба писари чорпаҳлую зебои меҳнатияш ҳамсари шоиста ва фарзандони хуб диҳад… Шояд дуои модар мустаҷоб гашт, ки рӯзе як хеши дури шавҳараш аз кӯҳистон фотеҳахонӣ омаду қиссаи зиндагии Нарзуллоро шунида таклиф кард, ки духтари ӯро келин кунанд. Нарзуллои аз зиндагӣ дилсардгашта танҳо ба хотири модари пираш бори сеюм ба зангирӣ розӣ шуд. Кампири пурорзу кори хайрро қафо напартофта, худи ҳамон ҳафта кулчаю қатмол пухта ҳамроҳи духтару домодаш ба деҳа хостгорӣ рафт. Арӯсшаванда Ҷавлон ном дошта, ҳаждаҳсола будааст. Нарзулло марди ду зан дидаи 40-сола бошад ҳам, соҳибони духтар бо хурсандӣ розигӣ доданд, зеро хонаву дари алоҳида, ахлоқу одобу ҳамида ва мавқеи дар ҷомеа доштаи Нарзулло ба онҳо маъқул буд.

Бахти сеюм

Пас аз як моҳи хостгорӣ тӯйи хоксоронае ороста Ҷавлонро ба хонаи бахташ гусел намуданд. Нарзулло гумон мекард, ки баъд аз Улфатмои оқилаю донояш ӯ дигар ба касе дил намебандад, вале ҳусни гулӯсузи ин парии кӯҳистон ӯро чунон шефтаю шайдо кард, ки як қадам аз зани ҷавонаш дур намешуд. Кампири Хайрӣ бахти деромадаи писарашро аз ӯ зиёдтар дӯст медошту келинашро бисёр эрка мекард. Ҷавлон аз кӯҳистони дурдасти серкор ба водии ободу зебо фаромада, шукронаи хонаву дари обод ва шавҳари меҳрубонашро мекард ва ҳурмату эҳтироми хушдоманашро ба ҷо меовард.

Нахли умед

Пас аз ду моҳи тӯй Ҷавлон дар ҷисмаш тағйиротро эҳсос кард. Арӯсак хоболуд гашта буд ва бо дидани шавҳараш дилаш беҳузур мешуд. Бӯйи равғанро тоқат карда наметавонист, бинияшро баста хӯрок мепухт. Ҳолати зани дӯстдоштааш Нарзуллоро ба ташвиш овард, аммо кампири Хайрӣ писарашро таскин дода бо чашмони ашколуд гуфт:

-Бачам, занат ҳомиладор шудааст….

Ин хабарро шунида ҷавонмарди 20 соли дароз дар ҳасрати фарзанд сӯхта чунон хурсанд шуд, ки қариб шодикаф шуда буд. Вай аз Ҷавлон хоҳиш кард, ки зуд либосҳояшро пӯшад, ба духтур мераванд, вале арӯсак бо нигоҳи хаста пичиррос зад:

-Шуморо бинам, аҳволам бад мешавад…

Нарзулло бо ҳайрат ба модараш нигарист, кампири Хайрӣ бо мулоиматӣ ба писараш фаҳмонд:

-Келинам ба худам рафтааст, ман ҳам ҳангоми ҳомиладорӣ се-чор моҳ умуман бо падарат гап намезадам. Ту аз пайи корат рафтан гир, ман аз келини ҳамсоя хоҳиш мекунам, ки Ҷавлонро ба духтур барад.

Он рӯз Нарзулло ба кор нарафта пинҳонӣ аз қафои занашу келини ҳамсоя ба духтур рафт ва пас аз баромадани онҳо ба назди духтурзан даромад. Ҳақиқат будани ҳомиладории занашро фаҳмида вай як қабза пулро ба кисаи духтур андохту бо табъи болида ба кор рафт.

Падари хушбахт

Пас аз гузаштани муҳлати ҳамл Ҷавлон писараки зебое ба дунё оварду номашро Шукрулло гузоштанд. Хурсандии Нарзулло ҳадду канор надошт.

Дар сесолагии Шукрулло Ҷавлон писараки дуввумаш Амруллоро таваллуд карда, сари шавҳарашро ба осмон расонд.

Нарзулло ба вазифаи баландтар гузашт ва хонаҳои кӯҳнаашро афтонда хонаҳои нав сохт. Кампири Хайрӣ ризо аз қисмат оламро тарк гуфт. Зиндагии Ҷавлону Нарзулло хурсандона идома дошт, аммо…

Дарди бедармон

Дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ Ҷавлон бемор шуд. Рангаш торафт заҳир гашта, дар худ фурӯ рафта буд, дигар на ба кӯдаконаш заррае аҳамият медоду на ба шавҳараш, рӯзи дароз ба як нуқта нигариста мешишт. Нарзулло занашро ба духтур бурд. Табибон гуфтанд, ки ба касалии руҳӣ гирифтор шудааст, ҳатман ӯро дар беморхона хобондан лозим аст. Ҷавонмард бо дили пурғусса ҳамсарашро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хобонида ба хона баргашту ба балои бад гирифтор шуд. Хоҳари занаш, ки дар ҳамсоягии онҳо келин шуда буд, бо шунидани ин хабар «язна, барои чи апаамро дар девонахона хобондӣ, ӯ девона нест! Ман аниқ медонам, ту занҷаллоб боз фикри зангирӣ дорӣ» гӯён, қиёматро қоим кард.

Нарзулло ҳарчанд хатарнок будани бемории Ҷавлонро мефаҳмонд, суханаш асар намекард.

Рӯзи дигар қайсингилаш бе огоҳии ӯ ба касалхона рафта, забонхат навиштааст ва апаашро ба қавли худаш аз девонахона халос кардааст.

Фоҷиа

Писаронаш бо дидани модарашон хурсанд шуда, худро ба оғӯши Ҷавлон партофтанд. Ин манзараро дида чашмони Нарзулло ғарқи об шуданд.

-Мардак, илтимос, рафта аз бозор сабзию гӯшт биёред, ош мепазам,-хоҳиш кард Ҷавлон мисли одами комилан солим.

Нарзулло аз якбора сиҳат шудани занаш хурсанд шуда ба бозорча рафт ва тахминан як соат пас бо халтаҳои пурбор ба хонааш баргашт. Аз чи бошад, ки бачаҳояш чун ҳарвақта ба пешвозаш надавиданд. Сукути пурасрор дар дили мард ҳисси тарсу ҳаросро бедор кард ва давида ба хона даромад. Занаш дар даҳлез бо ду даст сарашро дошта менишаст. Сару рӯй, либос ва дастони Ҷавлон дар хун тар буданд. Бо дидани ин ҳол Нарзулло ба даҳшат афтида, пурсид:

-Занак, барои чӣ сару рӯят пур аз хун аст?

-Бачаҳоятро куштам,-бо чашмони торси хун ба шавҳараш нигариста пичиррос зад Ҷавлон.

Нарзуллои ваҳшатзада тозон ба хона даромад ва Шукруллою Амруллои хурдакакро бо гардани бурида дида, чунон фарёди талх кашид, ки замину осмон ларзид.

Фиғони ҷонкоҳи раисро шунида дар як лаҳза ҳама ҳамсояҳо ҷамъ шуданд. Деворҳои хона, роҳраву даҳлез ҳавзи хун буданд….

Сари Шукруллою Амруллои хурдакакро мисли гӯсфанд аз тан ҷудо кардани Чавлонро дида, мардум талхакаф шуданд.

Зиндадаргӯр

Имрӯз Ҷавлон ва хоҳараш Завлон дар боздоштгоҳи мувақаттӣ қарор доранд, қонун барои онҳо чӣ ҷазоро муайян мекунад, Худо медонад. Ҷавлон дар вазъи бисёр бади рӯҳӣ қарор дорад, Нарзуллоро бошад, ғами марги ваҳшатбори ду писараки бо ҷон баробараш зиндадаргӯр кардааст ….

 

               

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД