formula
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "Б"
22959

Б –

 

БАВИШ بویش қазову қадар; қисмати азалӣ.

БАДРИДДИН а. بدرالدین касе, ки дар кори дин комил бошад, диндори комил.

БАДРОМ بدرام 1. хушу хуррам ва ороста («Дурҷ», «Бурҳон», «Ғиёс», «Анҷуманоро», «Онандроҷ»); хурраму ороста ва некӯ («Шарафнома», «Фарҳанги Сурурӣ», «Деҳхудо»); ороста бо зебу зинат, дилкушо («ФЗТ», «ФНЭ», «Фарҳехта»); 

2. хурсанд, шод («Ф.Шоҳнома»);

3. хуш ва беҳтар («Fиёс»);

4. маҷлисе бошад хурраму дилкушо ва некӯ чун боғу хона ва ҷои хуб ва ҳар чӣ бад-ин монад («Туҳфат-ул-аҳбоб»); маҷлиси дилкушо ва ҷои осоишу ором («Бурҳон», «Ҳафт қулзум», «Фарҳанги Сурурӣ»); ҷойи ором чун боғу хона ва маҷлис («Шарафнома»);

5. ҳамеша ва мудом («ФНЭ», «Бурҳон», «Анҷуманоро», Ҳафт қулзум); ҷовид («Анҷуманоро», «Деҳхудо»).

БАЁЗ а. بیاض 1. сафедӣ (кайфияти ранги сафед) («ФЗТ»); сапедӣ, сафед («Вожаҳои сара», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Амид», «Муъин», «Мунтаҳо», «Нозим», «Деҳхудо»);

2. маҷ. покизагӣ.

3. китобчаи дуо («Дурҷ»); китоби дуо («Муъин»);

4. китобчае, ки дар он матлаби судманд баён кунанд, дафтари бағалӣ («Дурҷ»);

5. китобчаи сафеди нонавишта («Нозим», «Деҳхудо»);

6. дурахшандагӣ, тобиш («Деҳхудо»); 

БАЗМОРО بزم آرا ороишдиҳандаи базм, он ки базмро метафсонад; хушрӯй, зеби базм («ФЗТ»); базморой, он кӣ орояндаи маҷлиси айш ва меҳмонист («Нозим»); маҷлисоро, орояндаи базм («Деҳхудо»); он кӣ маҷлиси айшу меҳмониро оройиш мекунад, базмороянда («Амид», «Дурҷ»). 

БАРЗИН برزین 1. оташ («Бурҳон», «Анҷуманоро», «Fиёс», «Онандроҷ»); нор («Бурҳон», «Деҳхудо», «Дурҷ»); 

2. меҳри боланда («Зебоном»);

3. номи чандин қаҳрамон аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ («ФЗТ»); 

4. номи писари Ҷаҳн дар замони Фаридун («Ф.Шоҳнома»); 

5. номи писари Гуштосп, паҳлавони эронӣ («Ф.Шоҳнома»); номи паҳлавонест эронӣ («ФНЭ»);

6. номи падари Беҳзод аз насли Рустам («Ф.Шоҳнома»).

7. номи як деҳқони сарватманд дар замони Баҳроми Гӯр («Ф.Шоҳнома»);

8. номи сардори лашкари Нӯшервон («Ф.Шоҳнома»); номи яке аз сардорони Анӯшервон («Амид»).

БАРЗИНДОД برزین داد бузургтарин офарида («ФНЭ»); офаридаи некӯ ва бартар («Зебоном»). 

БАРЗИНФАР برزین فر 1. баландфар («ФНЭ»);

2. номи яке аз сардорони хаҳоманишӣ («ФНЭ»).

БАРЗИНМЕҲР برزین مهر номи яке аз паҳлавонони Шоҳнома («ФНЭ»).

БАРЗУ//БАРЗУЙ برزو//برزوی 1. баландболо («ФНЭ»); баландпоя, боланда («Зебоном»);

2. табиби донишманди Нӯшервон («Ф.Шоҳнома»); номи табиби махсуси Анӯшервони Одил, ки китоби «Калила ва Димна»-ро аз Ҳинд ба Эрон оварда ва бар забони паҳлавӣ тарҷума кард («Амид»);

3. номи писари Суҳроб – писари Рустам («ФНЭ»); номи писари Суҳроб – писари Рустам писари Зол аст дар ривоёти миллӣ («Дурҷ»).

БАРИН برین боло, баланд; баландтарин, болотарин.

БАРОНӮШ برانوش хатти озодӣ, бахшоиш.

БАРУМАНД  برومند 1. босамар, мевадор, серҳосил, самарабахш.

2. бараҳманд, хушбахт, баиқбол, бахтёр.

БАСИР а. بصیر 1. бинанда, бино («ФЗТ», «Дурҷ»); «Вожаҳои сара», «Фарҳехта», «Fиёс», «Муъин»); бино ва соҳиби басар («Деҳхудо»); 

2. доно, равшандил, равшанбин («Вожаҳои сара», «Фарҳехта», «Муъин», «Дурҷ»); бино ва доно («Нозим»); дилогоҳ, қодир ба ташхис; зирак («Деҳхудо»);

3. маҷ. огоҳ, хабардор («ФЗТ»; хабир («Амид»);

4. ниг. Абдулбасир.

БАХТ بخت 1. насиба, қисмат, иқбол, саодат («ФЗТ»); толеъ («Фарҳехта», «Муъин»); баҳра ва насиб («Fиёс»); сарнавишт, тақдир («Ф.Шоҳнома»), толеъ («Дурҷ», «Амид»); бахш («Нозим», «Деҳхудо»);

2. маҷ. заношӯӣ дар мавриди духтар ё зан («Муъин»); дар тадовули омма шӯй, шавҳар, завҷа; маҷ. дар шавҳар истеъмол шавад («Ф.Низом»); гоҳе дар завҷа ҳам истеъмол шавад («Деҳхудо»); 

3. шонс («Амид», «Дурҷ»); иттифоқ, пешонӣ, осоре, ки дар хайр ё шар барои касе ҳосил ёбад («Нозим»); иттифоқу асбоби номаълум («Ф.Низом», «Деҳхудо»); 

4. ахтар, толеъ («Бурҳон»); толеъи саъд («Фарҳанги Шуурӣ»); кавкаб, ситора, бурҷи толеъ («Нозим», «Деҳхудо»). 

БАХТДАВЛАТ بخت دولت хушбахту саодатманд.

БАХТЁР بختیار 1. хушбахт, саодатманд, хуштолеъ («ФЗТ»; дорои бахт; он ки бахташ мусоид бошад («Фарҳехта»); дорои бахт ва иқбол, он кӣ бахташ мусоид бошад («Дурҷ»); бахтманд, бахтвар, бахтовар («Онандроҷ»); саид («Нозим»); некахтар, хуҷастарӯзгор, ҷавонбахт («Онандроҷ», «Деҳхудо»); некахтар («ФНЭ»); боиқбол («Муъин»); касе, ки бахт бо ӯ ёр бошад («Амид»);

2. давлатманд («Нозим», «Деҳхудо»).

БАХТОВАР بخت آور он чи бахту толеъи нек оварад; хушбахт («ФЗТ»); саодатманд («ФНЭ»); некбахт, он ки бахти мувофиқ дорад («Онандроҷ», «Деҳхудо»); бахтоваранда («Дурҷ»). 

БАХТОФАРИД بخت آفرید офарандаи бахт, оварандаи иқбол.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Билолиддин 2023-05-03, 20:53
Чи маьно дорад
Посух
Шамъигул 2023-05-08, 07:49
Маънои номро фахмонед
Посух
Бахтовар 2023-09-06, 02:02
Намедонам
Посух
Бобожонн 2023-10-01, 23:21
Маънояш
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Билолиддин 2023-05-03, 20:53
Чи маьно дорад
Посух
Шамъигул 2023-05-08, 07:49
Маънои номро фахмонед
Посух
Бахтовар 2023-09-06, 02:02
Намедонам
Посух
Бобожонн 2023-10-01, 23:21
Маънояш
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД