1xbet
Бозии Тими миллии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
1061


Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар бозии чаҳоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Арабистони Саудӣ мусовӣ кард.

Вохурӣ дирӯз, 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гашта, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Ҳисобро нахуст меҳмонон дар дақиқаи 46-уми қисми дуюми бозӣ бо голи Фирас Ал –Бурайкан кушоданд ва Муҳаммад Ал-Бурайн ирсоли головарро марбути номи хеш кард.

Дар дақиқаи 80-уми бозӣ Рустам Соиров аз ирсоли головари Амадонӣ Камолов истифода бурда, ҳисобро баробар намуд.

Бо ҳамин натиҷа бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо хиссоби 1:1 анҷом ёфт.
Ҳоло пас аз се даври марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Арабистони Саудӣ бо 10 имтиёз дар гурӯҳи «G» садрнишини ҷадвал буда,тими миллии Тоҷикистон панҷ хол дорад.

Бозии навбатии Тими миллии Тоҷикистон рӯзи 6 июн дар сафар гузашта бо дастаи Иордания қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД