arzon replenishment
10-роҳи халосӣ аз нарак ва доғҳои рӯй
06.04.2022
ОИЛА
1145


Баробари ба синни балоғат расиданам пӯсти рӯям пури нарак гашта, дар назди ҳамсолонам дар хиҷолат мондам.

Бо умеди он ки бо даст зер карда, обу зардобашро мебарораму аз ин наракҳои безеб халосӣ меёбам, ҳамарӯза дар назди оина пӯстамро сахт-сахт фишор медодам. Дар натиҷа пӯсти рӯям пур аз пай (шрам) гашт. Намедонам аз ин доғҳои баднамуд чӣ хел халос шавам. Илтимос, ба ман кӯмак кунед!
Мунира, ш. Ваҳдат

Равондани доғҳои нарак бо малҳам
Доғҳои баъди нарак дар пӯст боқимондаро пурра тоза накунед ҳам, сафед кардан мумкин аст. Бо ин мақсад малҳаму мазҳои гуногуни сафедкунандаро аз дорухона ва мағозаҳои косметикӣ дастрас карда метавонед. Маҳлулҳое, ки дар таркибашон гидрохинон доранд, бе ягон таъсири бад пӯстро сафед мекунонанд. Шакли беҳтарини ин намуди малҳам мази дуфоиза аст. Рафту пайҳои рӯятон чуқуртар бошад, мази чорфоизаро истифода бурданатон лозим меояд, вале дар дорухона чунин мазро бе дорухати табибон ба шумо намедиҳанд. Барои ҳамин қаблан бо мутахассис маслиҳат бояд кард.

Пилинги кимиёвӣ
Мутахассисони соҳаи косметология пайи наракҳоро аз пӯсти рӯй бо пилинги кимиёвӣ, яъне тоза кардани қабати осебёфтаи пӯст рафъ месозанд, вале бо сабаби бисёр ҷавон буданатон мо ин усулро ба шумо тавсия намедиҳем. Бонувон ва мардони синну солашон болое, ки рӯяшон нарак дорад ё пайи наракҳо дар чеҳраашон боқӣ мондааст, метавонанд аз пилинги кимиёвӣ истифода баранд.

Усулҳои халқии халосӣ аз нарак
Пайи аз нарак боқӣ мондаро на танҳо дар утоқҳои косметикӣ, балки бо халқӣ низ рафъ кардан мумкин аст. Чанд маслиҳат дар ин бобат:
1. Ҳамарӯза пӯсти пайи нарак доштаро бо равғани зайтун ё бодом маҳс кунед, зеро пӯсти ба хубӣ нармкардашуда коллаген бароварда, ҳамвор мешавад.
2. Шарбати лимӯ воситаи хуби сафедкунандаи пӯсти рӯй аст. Бо як пора лимӯ саҳару бегоҳ ду маротиба рӯятонро молиш диҳед.
3. Бо ях молидани пӯсти рӯй ҳам боиси рафъ гаштани пайи нараҳо мегардад.
4. Бодирингу лимӯ пӯст сафед ва нарм месозанд. Вақте пӯст нарм шуд, пайҳои нарак рафъ мегарданд.
5. Ҳамарӯза ба пӯсти рӯй молидани асал таъсири мусбӣ мерасонад, асал натанҳо сарчашмаи витаминҳои гуногун аст, балки ғизобахш низ ҳаст.
6. Помидори тару тозаро реза карда ба пӯсти рӯятон молед, барои рафъ намудани пайи нарак кӯмак мерасонад.
7. Докачаи тунукеро дар шарбати гули алоэ тар карда ба пӯсти рӯятон молед, он пӯстро ҳамвору зебо месозад. Ҳоҳиши ҷабидани шарбати алоэро надошта бошед, як баргро аз байнаш ба ду қисм бурида ба ҷойҳои пайдори пӯсти рӯятон гузоред.
8. Сафедии як дона тухмро бо чанд қатра шарбати лимӯ лат зада, ба пӯсти рӯятон молед.
Ретсептҳои мазкур ҳатман ба шумо кӯмак мерасонанд, вале мабодо пайҳои нарак аз ҳад зиёд чуқур бошанд, он гоҳ ба табиби косметолог муроҷиат карданатон лозим меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
MUSLIHIDDN 2023-09-08, 23:02
Ман 14 сола аз нарак азият мекашм!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
MUSLIHIDDN 2023-09-08, 23:02
Ман 14 сола аз нарак азият мекашм!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД