Oila Navruz
10- сабаби импотент шудани марди ҷавон
13.08.2022
ОИЛА
1305



Салом! Ман марди 50-сола ҳастам ва ниёз ба маслиҳати шумо дорам. Аз ҳамсари аввалам бо 2 фарзанд ҷудо шудаму занам шавҳари ҷавон карда, кӯдаконро партофта рафт.

Ба хотири он ки бачаҳоям дар дасти моиндар азоб накашанд, қариб 20 сол бе зан гаштам. Соли гузашта духтари калониамро ба шавҳар додам, писарам ҳам мактаби миёнаро хатм кард ва ман қарзи худро адошуда ҳисоб карда, дубора хонадор шудам. Зани навам 30-сола буда, бо сабаби бефарзандӣ аз шавҳараш ҷудо шудааст ва мехоҳад кӯдакдор шавад, вале намедонам аз кадом сабаб бошад, ки ман чандон майлу рағбати ишқварзӣ кардан надорам. Ҳис мекунам, ки азбистар гурехтанам зани ҷавонамро аз ман дилсард гардонида истодааст. Чанд бор шуд, ки ошкоро “мебинам, ки ман табъи дилатон нестам, ҳамчун зан ба шумо маъқул набошам, маро бурда, ба хонаи падару модарам монед. Ман фақат ба хотири фарзанд шавҳар кардам, ин хел зиндагии бе ишқу бемаъно чӣ лозим ”-мегӯяд.

Наметавонам ошкоро ба занам бигӯям, ки мушкили мардона дорам ва сабаби аз ӯ дурӣ ҷустанам ҳамин аст. Мардҳо дар 70-80-солагӣ зани ҷавон гирифта, бачадор мешаванд, ҳайронам, ки чаро ман дар синни 50-солагӣ ба мушкили гумшавии рағбати ҷинсӣ гирифтор гаштам. Илтимос, дар бораи сабабҳои импотент шудани мардон маълумот диҳед.

Ш. А, скини ш. Душанбе.

Шумо ягона марде нестед, ки аз сустшавии қувваи мардӣ шикоят мекунад. Мувофиқи маълумотҳои мутахассисони ин соҳа дар ҷаҳон 10 миллион мард аз гумшавии рағбати ҷинсӣ азоб мекашанд. Қаблан дар байни табибони шаҳватшинос ақидае роиҷ буд, ки сабаби якбора гумё кам шудани рағбати ҷинсии мард дар ноҷуриҳои системаи асаб мебошад, вале баъдтар илм исбот кард, ки гап танҳо дар асаб набуда,сустшавии қувваи мардӣ сабабу омилҳои зиёде дорад. Имрӯз мо дар бораи 10 сабаби асосии гумшави рағбати ҷинсӣ ва “импотент” шудани мард маълумт медиҳем.

                      1. Синну сол гунаҳкор
Олимон исбот кардаанд, ки рафтани синну сол хоҳ-нохоҳ ба ҳаёти шаҳвонии мардон таъсири ногувори худро мерасонад. Ҳар қадар, ки мард калонсолтар шавад, ҳамон андоза қувваи мардиаш суст мешавад. Албатта 50-солагӣ поёни ҳаёти шаҳвонии мард нест ва барои “импотент” шудан ҳанӯз барвақт аст, вале аллакай баъди 40-солагӣ қувваи мардӣ ба сустшавӣ сар кардан мегирад ва барои ба ҷимоъ тайёр шудани мард нисбатан вақти бештар лозим меояд. Мардони аз 18 то 20- сола агар дар чанд сония ба ҷимоъ омода шаванд, мардҳои 30-40- сола дар 1-2 дақиқа ва мардони 50-60 сола дар 5-10 дақиқа барои ишқварзӣ бо зан омада мешаванд. Дар ин ҳолатҳо зан бояд ба шавҳараш ёрӣ расонад, бинобар ин, шарм надошта, мушкили худро ба ҳамсаратон бигӯед ва хоҳиш кунед, ки дар бистар бо шумо меҳрубонтар бошад.


                                2. Дору мехӯред?
Сусткамарӣ ва гумшавии рағбати ҷинсии мард метавонад ба қабули дору низ алоқамандӣ дошта бошад. Муттаасифона, шумо дар бораи вазъи саломатиатон ягон маълумот надодаед. Агар фишорбаландӣ, бемории дил ё ягон касалии дигар дошта бошед ва пайваста дору хӯред, гум шудани шавқи ишқварзиатон метавнад аз таъсири ҳамон доруҳо бошад. Махсусан доруҳои антигистаминӣ, диуретикӣ ва таскинбахш қувваи шаҳвонии мардро суст карда, ба пастшавии рағбати ҷинсӣ боис мегарданд. Аз ҳамин хотир, мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки агар дору мехӯрда бошед, бо табибон дар ин бора маслиҳат кунед, то ки дорувориҳои шуморо иваз намояд.

                         3. Шароб-душмани ишқ
Маъмулан мардоне, ки дар ҳаёти оилавӣ ноком гашта, танҳо мемонанд, аз алам рӯ ба шароб меоранд. Аз ҳад зиёд нӯшидан ба системаи асаби инсон зарар мерасонад. Нӯшидани машруботи бисёр ба ғайр аз асаб ҳамчунин ба ҷигар низ зарар дошта, ин узви ҳаётан муҳими инсонро бемор месозад. Вақте ки кори ҷигар вайрон шуд, дар ҷисми мард ҳормонҳои занона зиёд шуда, дар натиҷа қувваи мардиаш кам шудан мегирад. Барои мӯътадил мондани таносуби тестостерон бояд ҳамаи узвҳои мард фаъолияти дуруст дошта бошанд.

                          4. Сигорро партоед!
Ҳамагон хуб медонанд, ки сигор ба саломатии инсон зарар дорад ва махсусан ба узвҳои болоиву поёнии нафас таъсири хеле бад мерасонад, вале дар бораи таъсири тақдирсӯзи сигоркашӣ ба ҳаёти шаҳвонии мардон кам касон иттилоъ доранд. Олимон тадқиқотҳои зиёде гузаронида, исбот кардаанд, ки сигор рагҳои хунгардро танг месозад. Тангшавии рагҳои хунгузар ва таъсири бади дуди тамоку қувваи мардиро кам ва шавқи ишқварзиро нобуд месозад, чунки мушакҳои узвҳои ҷинсии мард бар асари сигоркашӣ заиф мегарданд.


            5. Холестерин мардро сусткамар месозад?
Узвҳои ҷинсии мардона узвҳои рагдор мебошанд. Ҳамаи он моддаҳое, ки раги шараёнро маҳкам мекунанд -холестерини хўрока ва ҷавњарҳои ғализи чарбӣ ба узвҳои ҷинсии мард таъсири худро мерасонанд. Яке аз сабабҳои асосии гирифтор шудани мардон ба импотенсияин сатҳи баланди холестерин дар хун мебошад, аз ин лиҳоз, ба хурду хўрокатон диққати ҷиддӣ диҳед. Хӯрокҳои сергӯшту серравғанро камтар истеҳмол намуда, бештар ғизоҳои сервитамин хӯред, то ки дар вуҷудатон холестерин ҷамъ нашавад.


     6. Фарбеҳӣ қувваи мардиро заиф мегардонад
Бештар мардоне, ки фарбеҳ ҳастанд, ба мушкилоти сусткамарӣ гирифтор мешаванд. Гап дар сари он аст, ки ишқварӣ низ аз мард қувваи бисёре металабад, мардони фарбеҳ бошанд, ба зудӣ хаста шуда, имкони пурра қонеъ гардонидани талаботи ҷуфти худро надоранд. Мабодо фарбеҳ бошед, кӯшиш кунед, ки зудтар вазнатонро партоед. Машқи бадан беҳтарин машғулияти мардона буда, ба партофтани вазни зиёдатӣмусоидат менамояд. Ҳар қадаре, ки мард лоғарандом бшад, ҳамон андоза чусту чолок мешавад ва натанҳо дар кор, балки дар бистар низ “қаҳрамонӣ” карда метавонад.

                        7. Ором шавед
Шумо навиштаед, ки баъди аз ҳамсарам ҷудо шудан қариб 20 сол бе зан зиндагӣ карда, фарзандонамро худам ба воя расондам. Албатта дар танҳоӣ калон кардани ду фарзанд ва бардоштани инҷиқиҳои кӯдакони аз модар ҷудогашта барои мард хеле душвор аст ва ин чиз ба асаб бе таъсир намемонад. Аз ҳамин хотир мо тахмин мекунем, ки шояд камшавии рағбати ҷинсии шумо таъсири чандин сол танҳо зистану бо ранҷу азоб фарзандонро ба воя расониданатон бошад.
Системаи асаби мард дар саломатӣ ва ҳолати рӯҳию равониаш нақши муҳим дорад. Асаби ором кафолати солимии ҷисмонӣ ва шаҳвонии мард аст, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки асабатонро ором сохта, аз ҳаёт ва шириниҳои он лаззат баред. Яке аз роҳҳои ором сохтани асаб ва қалб ишқварзӣ аст. Ишқварзӣ гуфта мо танҳо алоқаи ҷинсиро дар назар надорем, навозишу меҳрубонӣ ҳам метавонанд рӯҳияи мардро бардошта, зану шавҳарро ба ҳамдигар наздиктар созанд.

            8. Аз занатон сирри худро пинҳон надоред
Аксари мардоне, ки бо мушкили гумшавии рағбати ҷинсӣ рӯ ба рӯ мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки аз ҷуфташон ин сирро пинҳон доранд. Ин хатои маҳз аст, чунки аввалан зан метавонад аз ӯ дурӣ ҷустани шуморо ба таври дигар фаҳмида, гумон бад барад, ки шояд ягон маъшуқа ёфтаед, аз ҷониби дигар асроратонро дар кунҷи дил пинҳон карда, шумо худатон рӯҳан азоб мекашед, бинобар ин,аз занатон ягон чизро пинҳон накунед. Дар хонаи хоби шумо набояд хомўшии мутлақ ҳукмрон бошад. Ҳар мушкиле, ки доред, онро бо оромӣ ба ҳамсаратон фаҳмонед. Боварӣ дорем, ки занатон шуморо мефаҳмад ва барои бо ҳам наздиктар шуданатон чора меандешад.

              9. Бемориҳои мардона доред?
Баъзан бо сабаби кори нодурусти узвҳои ташарруҳоти ҷинсӣ, ки бештар бо бемории ғадуди простата алоқамандӣ доранд, мард ба иллати сусткамарӣ гирифтор мешавад. Дар ин сурат мард бояд ба табиби андролог-уролог муроҷиат намуда, ҷиддӣ табобат бигирад ва агар зарурати гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ бошад, ҳатман ҷарроҳӣ кунанд.

Фируза редактор тсел, [12.08.2022 14:53]
10. Аз импотенсия натарсед
Аксари мардоне, ки бо мушкили гумшавии рағбати ҷинсӣ дучор гаштаанд, дар худ фурӯ рафта, одамгурезу дамдузд мешаванд. Гурехтан аз дигарон ва пинҳонӣ худро дарун ба дарун хӯрдани мард метавонад мушкили ӯро ҷиддитар гардонад, бинобар ин, пеш аз ҳама худро ба даст бигиред. Натарсед, импотенсия дарди бе даво нест, фақат сабаби гумшавии рағбати ҷинсиро ёфта, табобат кардан лозим меояд. Мардони гирифтори бемории импотенсия бояд кӯшиш кунанд, ки вақти худро хуш дошта, реҷаи хобу истироҳатро риоя намоянд. Хоби барҳат ва хӯрокҳои серғизо қувваи мардиро тезтар барқарор месозанд. Дар ҳавои тоза давидан, дар замин нишаста хестан ва худро ба чаппу рост хам кардан барои беҳдошти саломатии шумо айни замон мисли обу ҳаво зарур аст. Боварии комил дорем, ки агар ба тавсияҳои додаи мо риоя карда, ба табибони уролог ва шаҳватшинос муроҷиат намоед ва натарсида аз паси табобат шавед, шавқу рағбати мардонаатон аз нав барқарор гашта, боз соҳиби чанд фарзанд мегардед. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД