arzon replenishment
ГАЗНА ЗАНИ БЕЗУРЁТРО ФАРЗАНДОР МЕКУНАД
5779

Рӯзи 6-уми ноябр 5-солагии тӯйи арӯсиамонро ҷашн гирифтем. Шавҳарам бачаи корчаллону пулёб ва нисбати ман хеле меҳрубон аст. Ниҳоли умрамон ҳеҷ бор намеорад. Духтарҳо мегӯянд, ки бачадонам ягон захму иллати ҷиддӣ надорад, вале тухмдонҳоя хобанд. Хушдоманам дар рӯзи ҷашни панҷсолагии тӯйямон нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт, ки агар то соли оянда ӯро бибӣ накунам, писарашро зан медиҳад. Шавҳарамро аз ҷонам бештар дӯст медорам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки тухмдонҳои хобидаи ман ба кор дароянд?

Гулбаҳор аз маҳаллаи гипрозем.

Посух

Хоҳари азиз Гулбаҳор! Тухмдонҳо дуто буда, тақрибан баробари донаи бодом мешаванд. Ҳомиладор шудану нашудани ҳар як хонум пеш аз ҳама ба кори онҳо вобастагӣ дорад, агар фаъолияти тухмдонҳо суст бошад, тухмҳуҷайра дар ҷисми зан пухта намерасад ва тамоми кӯшишиҳои мард барои ҳомиладор кардани занаш барабас мераванд. Барои бедор ва фаъол намудани тухмдонҳоятон ман ба шумо чанд давои осонро тавсия медиҳам, вале ҷиддӣ табобат гирифтан хоҳед, бояд бо натиҷаи ташхис ташриф биёред, то ба қадри тавонмандии хеш барои амалӣ сохтани орзуятон ба шумо кӯмак бирасонем.

Нусхаи аввал

Гули ҳамешабаҳор, забони гов ва буймодарони маҳинбаргро ба андозаи баробар гирифта, тақрибан 5 қошуқ гиёҳо ба термос андозед. Аз болояш як литр оби ҷӯш рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед ва як ё ду соат нигоҳ доред. пас аз ин гиёҳобро полонда, рӯзе се мароиба 100 грамми бинӯшед. Ин гиёҳобро, агар бо асал нӯшед, таъсираш бештар мешавад.

Нусхаи дигар

Аз гиёҳҳои бодранҷбуя ва гули ҳамешабаҳор ду қошуқӣ гирифта ба он як қошуқӣ талхявшон ва карафсро илова намоед. Ҳамаашро омехта карда ба зарфе андозед ва аз болояш як литр оби ҷӯшидагӣ рехта, монед камтар истад. гиёҳобро полонда, дар давоми рӯз кам-кам нӯшидан гиред.

Нусхаи сеюм

Решаи сунбул-аттиб (валериана) - 10 гр

Баргу гули тиллосарак -10 гр

Баргу гули газна–10 гр.

Ҳамаашро ба термос андохта аз болояш як литр оби ҷӯш резед ва даҳони зарфро маҳкам кунед. Як соат пас даво тайёр мешавад. Онро аз дока полонда дар тӯли рӯз ба ҷойи чой кам-кам нӯшидан гиред, худо хоҳад, тухмдонҳоятон фаъол гашта, ниҳоли умратон бор меорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД