arzon replenishment
3 савол ва 3 ҷавоб доир ба муносибати зану шавҳар дар Рамазон
1195

Домоду арӯси нав рамазонро чи гуна бояд гузаронанд?

Салом! Падару модарам “дар байни ду ид тӯй кардан раво нест” гӯён, саросемавор як рӯз пеш аз саршавии моҳи шарифи Рамазон маро хонадор карда, келин фароварданд. Мехоҳам донам, ки дар давраи рамазон зану шавҳар бояд бо ҳамдигар чи гуна муносибат намоянд?

Амирбек аз шаҳри Ҳисор

Посух

Худованд дар китоби муқаддаси Қуръон дар сураи Бақара ба мардони мусалмон ҳушдор дода фармудааст: «Ба шумо иҷозат дода мешавад, ки дар шабҳои рӯза бо занонатон наздикӣ дошта бошед. Онҳо
либоси шумоянд ва шумо либоси онҳоед. Бихӯред, бинӯшед, то ҳангоме ки барои шумо хати сафед ва хати сиёҳ сапедадам ва сипас
рӯзаро то шаб баҷо оваред...”
Шумо пас аз ифтор ҳар қадаре, ки дилатон мехоҳад, ҳамсаратонро дӯстдорӣ ва меҳрубонӣ карда метавонед, вале рӯзона наздикӣ кардан ба зан рӯзаро мешиканад.

Дар Рамазон ба занат кӯмак кунӣ,
занкалон мешавӣ?

Салом. Ду соли охир саломатии ҳамсари ман чандон хуб нест, вале якравӣ карда рӯза медорад. Азбаски фарзандонамон ҳанӯз хурданд, мехоҳам ақаллан дар давраи рамазон дар кору бори хона каме ҳам бошад, ба ӯ ёрӣ расонам, вале бародаронам маро масхара карда “ака,занкалон шудаӣ-ку” мегӯянд. Магар мард ба занаш кӯмак кунад, занкалон мешавад? Дини мубини ислом дар ин бора чӣ мегӯяд?

Д. М, хонандаи Оила. ТЧ

Посух

Бародари азиз, марди ҳақиқӣ натанҳо ба ҳамсараш, балки умуман ба ҷинси латиф бояд ҳамеша дасти кӯмак ва шафқат дароз намояд. Махсусан дар давраи рамазон ёрӣ расонидан ва дастгирӣ кардани занон амали хайру савоб аст. Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (С.С) дар ин кор намунаи ибрати тамоми мардони мусалмонанд. Пайғамбарамон ба ҳамсаронашон дар пухтани нон ва ҳатто дар
ҷӯшидани ҳайвонҳои ширдеҳ кӯмак мекарданд, алалхусус, дар моҳи
шарифи Рамазон. Пас чаро марди мусалмон бояд аз ёрӣ расонидан ба занаш ор кунад?! Ба суханони бародаронатон аҳамият надиҳед, шумо ба ҳамсари беморатон ёрӣ расонида, савоби зиёдеро ба даст меоред.

Барои ба таровеҳ рафтани занам иҷозат диҳам ё не?

Салом! Ҳамсари ман бениҳоят зани зебо аст. Азбаски қуръонхон мебошад, мехоҳад дар давраи рамазон намози таровеҳ хонад, вале ростӣ ман ба ин чандон розӣ нестам. Иқрор мешавам, ки марди бадрашк ҳастам ва занамро ба сояи худам ҳам рашк мебарам, вале ҳамсарам мегӯяд, ки ӯ барои ягон кори бад не, барои ибодат меравад ва ман набояд ӯро аз ин амали хайр манъ намоям. Кадоме аз мо ҳақ ҳастем?

Х. А, муштарии Оила. ТЧ

Посух

Аслан аз назари дини ислом ба масҷид рафтани занон мамнӯъ нест, вале баҳтар аст, ки занон дар хонаашон ибодат намоянд. Ривоят аст, ки паёмбари худо Ҳазрати Муҳаммад (С. С) фармуданд: “Зан аврат аст ва замоне, ки аз хонааш берун меравад, шайтон дар байни роҳ сарак мекашад ва ӯро таъқиб мекунад ва зан ҳеҷ замон ба Худо наздиктар намешавад аз замоне, ки дар хонааш аст”
Ибни Хузайма ва гурӯҳе аз уламои ислом низ баён кардаанд, ки намози зан дар хонааш аз намозаш дар масҷид беҳтар аст, агарчи масҷиди Макка ё Мадина бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД