Arzon march 2024
6-бемории зимистона
22.01.2022
ОИЛА
1228

Барфи аввал! Иди соли нав! Яхмолакбозӣ ва барфбозию шӯхиюбозӣ! Албатта ҳамаи ин ба кас ҳаловат мебахшад, аммо зимистон дар баробари дилхушиҳо ба мо зуком, сулфа, табби баланд ва ба ҳамин монанд бемориҳои зиёдеро низ “тӯҳфа” карда метавонад, ки ҳоли касро табоҳ гардонида, монеаи амалӣ гаштани нақшаҳоямон дар зиндагӣ мегарданд.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи 6 бемории маъмулии зимистон ва роҳҳои пешгириашон маълумот медиҳем.

1. Зуком
Дар рӯйхати бемориҳои зимистон аз зуком дар ҷойи аввал меистад. Дар айёми сармо гирифтор шудан ба ин беморӣ мисли ду карат ду осон аст, чунки ин вирус бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ мегузарад ва як одами бемор метавонад чандин нафари дигарро ба зуком мубтало гардонад. Яке зукомро осон мегузаронад, вале дигарӣ баъди як ҳафтаи беморӣ низ ба пуррагӣ ба худ намеояд. Бадии кор дар он аст, ки зуком қариб ба тамоми узвҳои инсон таъсир мерасонад ва табби баланд, дарди сар, дарди гулӯ ва табларза беморро азият медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо зуком ҳатто боиси дарунравӣ ва қайкунӣ низ мегардад. Дар сурати ба ин шакли зуком гирифтор шудан якбора аз чанд дард азият кашидан мумкин аст. Аз ин рӯ, ба умеди мураббочой ва лимӯ нашуда, зуд ба духтур муроҷиат намед. Маъмулан маризонро бо зуком дар бемористон намехобонанд,вале барои паст кардани таб ва бартараф намудани аломатҳои дигари беморӣ шумо бояд фавран табобат бигиред, то ки зуком оризаҳои дигарро ба бор наорад.

2. ОРВИ ва фарқи он аз зуком
Фарқияти зуком аз ОРВИ (острая респираторная вирусная инфекция) дар он аст, ки грипп якбора сар мешавад, вале ОРВИ бо хастагии зиёд ва бемадорӣ оҳиста-оҳиста аз худ дарак дода, ҳоли мариз торафт бад шудан мегирад. Азбаски барангезандаҳои ОРВИ хеле зиёданд, шакли беморӣ ва роҳҳои табобати он низ аз ҳам фарқ мекунад. Зукомро бо давоҳои халқӣ низ табобат карда мешавад, агар чандон сахт набошад, вале мустақилона табобат намудани ОРВИ имкон надорад, зеро духтур бояд маҳз аз кадом вирус сироят ёфтани беморро аниқ карда, мувофиқи он табобат фармояд. Вирусҳое, ки боиси сар задани ин беморӣ мегарданд, бештар ба пардаҳои луобии роҳҳои нафас, гӯш, бинӣ ва гулӯ осеб мерасонад, аз ҳамин сабаб бинӣ маҳкам шуда, бемор аз сулфа ва дарди сахти гулӯ азият мекашад. Шахсоне, ки ба ОРВИ гирифтор шудаанд,бояд реҷаи бистариро риоя намуда, доруву дармонеро, ки табиб мефармояд, ба пуррагӣ бигиранд, то беморӣ ба дигар узвҳояшон зарар нарасонад.
3. Ангина
Маъмулан ангина бо дарди гулӯ сар шуда, баъдан табби мариз баланд мегардад ва беҳолу бемадор шуда, ҳатто вақти фурӯ бурдани луқма гулӯяш дард мекунад. Азбаски ин беморӣ дар аксари ҳолатҳо сабук мегузарад, бисёриҳо онро як касалии назарногир ҳисоб карда, чандон аҳамият намедиҳанд, ки ин хатои маҳз аст. Дар сурати аслан табобат накардан ва ё то охир нарасонидани табобати ангина он метавонад оқибатҳои нохушро ба бор оварда, касро ба ревматизм, миокардит ва дигар касалиҳо гирифтор созад. Барои он ки ангина шуморо ба дигар касалиҳо напечонад, бо тавсияи духтур амал намуда, тамоми доруву дармони фармудаи табибонро бигиред ва агар зарурати гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ пеш ояд, саркашӣ накунед.
4. Бронхит
Бемории дигаре, ки дар фасли зимистон моро азият медиҳад, ин бронхит аст. Омилҳои пайдоиши беморӣ хеле зиёданд. Ба ҷисми инсон роҳ ёфта нимикроорганизмҳои гуногун, шамолкашӣ, шаклан вайрон шудани қафаси сина (деформация грудной клетки) ва баъзе одатҳои бад аз қабили бисёр тамоку кашидан касро ба бронхит гирифтор карда метавонанд. Маъмулан бронхит бодардикунд аз худ даракдода, баъдан сулфа (аксаран сулфаи балғамдор)сармешавад. Мариз худро беҳолу бемадор эҳсос мекунад ва таббаш баланд мешавад. Худ табобаткунӣ зимни бронхит чандон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, бинобар ин, ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Шумо метавонед дар баробари доруву давоҳои кимиёвӣ аз давоҳои халқӣ аз қабили турбу асал, шалғам, шираи гули алоэ ва ғайра истифода баред.
5. Авитаминоз

Иллати дигаре, ки дар фасли зимистон бисёриҳоро домангир мешавад, ин авитаминоз аст. Тирамоҳ мавсими ҷамъоварии меваю сабзавот, ки кони витаминҳои табиӣ мебошанд, ба охир мерасад ва бо сард шудани ҳаво нархи ин маҳсулот дар бозорҳо ду-се баробар боло меравад. Албатта на ҳама имконият доранд, ки бо нархи дандоншикан себу ангур, ноку анор ва дигар намудҳои меваҳою сабзавотро харидорӣ намоянд. Мо кӯшиш мекунем, ки меваю сабзавотро бо дигар номгӯйи маҳсулот иваз намоем,вале организмро фиреб дода намешавад. Норасоии витаминҳо боиси он мегардад, ки ҷисм азият кашида, пӯст хушк ва нохунҳои инсон зуд шикан мешаванд. Ин нишонаҳои аввалини авитаминоз буда, баъдан нури чашм хира шуда, асабонияту бехобӣ касро азият медиҳад. Ба қавле “мурғи дили одам мурда” дигар ҳатто ба ишқварзӣ ҳавсала намекунад. Шахсоне, ки чунин нишонаҳоро дар худ эҳсос менамоянд, бояд пеш аз ҳама ба духтури гастроэнтеролог муроҷиат намоянд ва бо кӯмаки табибон ва давоҳои махсус норасоии витаминҳоро дар организмашон бартараф созанд.

6.Аллергия ба хунукӣ
Ҳайрон нашавед, дар ҳақиқат ҷисми инсон ҳатто ба хунукӣ аллергия пайд карда метавонад. Нишонаҳои аввалини ин намуди аллергия ин сӯзиш ва ё хориши пӯст, дамидани сурхӣ дар пӯст мебошад, ки аз дерматит дарак медиҳад. Барои пешгирии ин ҳолат аз малҳам ва кремҳои махсус истифода бурдан лозим аст. Кремро ба он қисматҳои пӯст, ки кушода ҳастанд, асосан ба дастон ва гардан мемоланд. Малҳам ва кремҳоро як соат ё ҳеҷ набошад, ним соат пеш аз баромадан ба кӯча бимолед, дар акси ҳол ба ҷойи фоида шумо ба организми худ танҳо зарар мерасонед.
Барои он ки пӯсти шумо аз ҳад зиёд хушк нашавад, бештар оби тоза бинӯшед ва саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД