Arzon march 2024
Раҳдавак занро химчамиёну зебо месозад
6263


Духтари 21- солаам, вале одами маро дидагӣ зани 30-35 сола гумон мекунад. Ба духтарҳои мӯрчамиён ҳасад мебарам, чунки онҳо талабгорони бисёр доранд. Модарам маро тасаллӣ дода мегӯянд, ки фарбеҳӣ ба ҳусни зан ҳусни дигар зам мекунад, вале эҳсос карда истодаам, ки ман барин духтарҳои гӯштдорак кайҳо аз мӯд баромадаанд. Аллакай аз ду фотиҳа гаштам. Домодшавандаҳо “фарбеҳи бад будааст” гуфта нозу нуз карданд. Илтимос, ба ман ягон роҳи осони хароб шуданро нишон диҳед.
Гулизор, н. Шаҳринав.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз, Гулизор! Фарбеҳии аз ҳад зиёд натанҳо домодҳоро мегурезонад, балки барои саломатӣ низ зарар дорад, барои ҳамин кӯшиш намоед, ки вазни зиёдатиатонро партоед. Хӯрокҳои сергӯшт, хамирӣ ва равғаниро камтар истеъмол намоед. Бештар дар ҳавои кушод сайругашт кунед, пиёда гардед, ба варзиш машғул шавед. Гиёҳҳо низ метавонанд дар партофтани вазни зиёдатӣ ба шумо кӯмак расонанд. Инак, чанд давои осону дастрас!

Нусхаи аввал
Як қошуқ риши ҷувориро дар термос андохта аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидаро резед ва даҳони зарфро маҳкам карда монед як-ду соат истад. Ин гиёҳобро рӯзе се маротиба ним соат пеш аз хӯрок нӯши ҷон намоед, дар давоми ду ҳафта хеле хароб мешавед.

Нусхаи дигар
Решаи чоқла, раҳдавак, пудинаи куҳӣ, риши ҷуворӣ, алафи газанда ва бобунаро ба андозаи баробар гирифта, ҳар рӯз ду қошуқ аз ин гиёҳҳои омехташударо дар зарфе андозед ва аз болояш 400 грамм оби ҷӯш резад. Пас аз ду соат гиёҳобро полонед ва дар як рӯз 3-4 маротиба ним пиёлагӣ пеш аз хӯрок бинӯшед. Ин амалро ду-се ҳафта ҳамарӯза такрор кардан лозим аст, то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд.

Нусхаи сеюм
100 грамм сабзиро ранда карда, ба он се дона чормағзи кӯфтаро пошед ва нағзакак аралаш карда хӯред. Пас аз хӯрдани сабзӣ муддати ду соат ягон чиз хӯрдан мумкин нест. Сабзӣ натанҳо хароб мекунад, балки барои одамони мисли шумо ба дипрессия гирифторшуда низ давои бемисл аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД