arzon replenishment
Ҳаётатро суғурта кунӣ, гунаҳкор намешавӣ?
658

Феълан аксари одамон мошин, хона ва дороиҳояшонро суғурта мекунанд. 

Ман мехоҳам ҳаётамро суғурта кунам, зеро агар ин корро кунам, пас аз маргам дар ИМА ба фарзандонам маблағи хуб медиҳанд. Оё Ислом ба ин кор иҷозат медиҳад.

Сироҷиддин, тоҷики муқими Амрико.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Аз Шайх Ибни Боз оиди суғуртаи ҳаёт пурсиданд. Чунин посух дод:
“Суғуртаи ҳаёт ва молҳо ҳаром аст ва ҷоиз нест, зеро дар он ғарар ва рибо вуҷуд дорад. Аллоҳ таъоло ба хотири раҳмат ба уммат ва ҳимояи онон аз чизҳое, ки ба онҳо зарар мерасонад, тамоми муомилаҳои рибавӣ ва муомилаҳое, ки дар он ғарар аст, ҳаром кардааст”.
Аллоҳ таъоло фармудааст: «Аллоҳ хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст». (Сураи Бақара: 275).
Ҳадиси саҳеҳе аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, ки ӯ аз ғарар наҳй кардааст. Ғарар, ин хариду фурӯши мубҳам ва номаълум аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД