arzon replenishment
Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи падару модар баробар аст?
889


Ҳамаи мо ҳамсоя дорем ва гоҳо мешавад, ки муносибатамон бо ҳамсояҳо нохуб мегардад. Фаҳмидан мехостам, ки ислом вобаста ба фазилати ҳамсоядорӣ чиҳо мегӯяд. Ҳамсоя аз назари дини мубини ислом чи қадар ҳақ дорад?
Бахтиёр Баҳромов, ш. Хуҷанд.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бояд тазаккур дод, ки ҳаққи ҳамсоядорӣ дар дини мубини ислом ба ҳаққи падару модар баробар аст. Ҳамсоя се гуна аст: Якум ҳамсояе, ки як ҳақ дорад. Ин ҳамсояи ғайри дин аст ва фақат ҳаққи ҳамсоягӣ дораду халос. Дуюм ҳамсояе, ки ду ҳақ дорад. Он ҳамсояи мусулмон аст, ки ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳаққи мусулмонӣ дорад. Сеюм ҳамсояе, ки се ҳақ дорад. Он ҳамсояи хешованд аст, ки ҳаққи мусулмонӣ, ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳаққи хешовандӣ дорад. (“Риёзун-носиҳин”, с. 239-240)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД