arzon replenishment
Ал-Рабиа: Имсол беш аз 2 млн зойир ба ҳаҷ меоянд
569

Вазири Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ, доктор Тавфиқ Ал-Рабиа гуфт, ки дар ин сол ба Макка ва Мадина шоҳиди вуруди теъдоди рекордии зойирин ва меҳмонони хориҷӣ ҳастанд ва феълан 1 миллиону 300 ҳазор нафар аз онҳо дар ин ду шаҳри муқаддас ҳузур доранд.

"Мо талош дорем, ки таҷрибаи зойирон ва меҳмононро ғанӣ гардонем, то ба онҳо имкон диҳанд, ки аз таърихи қадимаи шаҳрҳои муқаддас баҳра баранд. Макка ва Мадина рушд меёбаёд ва мо дар ин ду шаҳр беш аз 100 макони таърихӣ дорем,-иброз доштааст Ал-Рабия зимни баргузории форуми Манафея, ки рӯзи душанбе доир гардид.

Бино ба гуфтаи Ал-Рабиа, вазорат як системаи бузург барои хидмат ба зойирони Ҳаҷ ва Умра дошта, расмиёт хуб ҷараён дорад. Имсол беш аз ду миллион зойир барои адои маросими Ҳаҷ ба ин кишвар хоҳанд омад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД