Formula novemver 2024
Арвоҳ (ҚИСМИ 1)
4505

Қиссае, ки ман ба шумо ҳикоя карданиям, ба дунёи хаёлот алоқаманд аст. Суханро кўтоҳ ва вақти қимати шуморо эҳтиром карда, ба нақли ҳодиса мегузарам.

Як бегоҳӣ маро ба хонаи бародарам Бекназар ба хўроки шом даъват намуданд. Ҳини ба ҳавлӣ даромадан чанд нафар меҳмони ношиносро дидам.

- Инаш, дўсти ман, Саидҷаъфар Низомӣ, олими тавонои Пажўҳишгоҳи равоншиносӣ мебошад,- якеашро бо ишораи чашм нишон дода, оҳиста дар гўшам хонд соҳиби манзил.

Аз қафои ман ҳамсояи Бекназар чамбаракбадасти локомотиви роҳи оҳани Қўрғонтеппа - Кўлоб Тўхтамурод аз дарвоза пой ба даруни ҳавлӣ гузошт. Пас аз вохўрӣ ва аҳволпурсии ҳамдигар ҳама якҷоя болои кат нишастем.

Ҳаво софу беғубор буд. Офтоби тирамоҳӣ бо нуру гармияш ба атроф ҳусну тароват мебахшид. Саҳни ҳавлиро ҳавозаи токи ангур зеб медод. Шингилҳои ақиқранги ангур аз партави офтоб чун қандилҳои гаронбаҳои овезони қатор андар қатор дилу дидаи касро мерабуданд. Ҳавлӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани меҳмонон тозаву озода ороста ва ҳама чиз бо назму тартиб гузошта шуда буд.

Суҳбат қур гирифт. Дар байни баҳси гарму ҷўшон, нохост Тўхтамурод ба ҳамон олими муаррифӣ кардаи Бекназар, саволе дод, ки ҷилави суҳбатро ба дараҷаи як саду ҳаштод дараҷа тағйир дод:

- Шумо як олими маъруфи илми равоншиносӣ мебошед. Саволи ман чунин аст. Оё рўҳи зинда вуҷуд дорад ва ба мавҷудияти он боварӣ доред?

Ин савол на танҳо олимро, балки кулли меҳмононро дар ҳайрат гузошт. Онҳо бо нигоҳҳои тааҷҷубангез ба ҳамдигар нигаристанд. Як муддат дар рўи кат хомўшӣ пар зад. Ва оне, ки ин муроҷиат ба ў тааллуқ дошт, аввал гулў афшонда, сипас оромона ба гап даромад.

- Медонӣ чӣ, дўстам. Ин савол инсониятро аз замонҳои қадим ба андеша овардааст. Олимони равоншинос як тараф, ҳатто касоне, ки аз кўчаи илм нагузаштаанд, ба ин муаммои зиндагӣ кўшиш мекарданд ҷавоб ёбанд. Баъзе нимчамуллоҳои бесаводу қаллобон аз бесаводии мардум истифода намуда, бо кирдорҳои ношоиста рўзгори худро пеш мебурданд. Аз рўйи ақидаи ман, ҷавоби ин савол ба ҳолати рўҳии ҳар фарди алоҳида вобаста мебошад. Яке аз ҷиҳати хурсандӣ, дигаре аз сўзиши ишқи ноком, сеюмӣ аз фавти шахси азиз торҳои асаби худро идора карда натавониста, ба ҳар хаёлот дода мешавад. Дар пешорўяш гўё шабаҳро дида, гумон мекунад, ки маъшуқааш ба пешвозаш давида омад, мурда зинда гардид ва ё худаш дар ҳаво ба парвоз даромад. Ман ҳамчун олими равоншинос бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки ҳеҷ гуна рўҳи зинда нест ва ҳамчун арвоҳ вуҷуд доштанаш номумкин аст.

- Вале ман рўҳи зиндаро бо ана ҳамин чашмонам дидам,- машинисти паровоз аз рўйи олим чашм намеканд.

- Кай, дар куҷо ва дар кадом ҳолат?,- меҳмон омодаи шунидани ин хабари ҳаяҷонбарангез гардид. Дигарон ҳушу гўш шуданд.

- Моҳи марти соли 1999 ба ман супориш доданд, ки қатораи мусофиркашониро аз шаҳри Қўрғонтеппа ба шаҳри Кўлоб барам. Росташро гўям, ин фармонро бо дили нохоҳам қабул кардам. Зеро ки пас аз ҳодисаҳои маълум поезд аз ҳаракат монда буд. Гумону тахмин мекардам, ки бо сабаби солҳои зиёд истифода набурдани нақлиёт, резиши барфу борон баъзе қисмҳои роҳ аз эҳтимол дур нест, ки корношоям шудагист. Ба ҳар ҳол бо дили пурхафв паси чамбараки локомотив нишастам ва қатораро ба самти ҷануби кишвар ба ҳаракат даровардам. Аз пўли рўди Қизилсў бо тарсу ҳарос гузашта, бинои осоишгоҳро пушти сар карда, ба гардише, ки дар бараш деҳа бунёд ёфтааст, наздик шудам. Баръало дидам, ки шабеҳи зане бо либосҳои алвонӣ байни ҳар ду роҳи оҳан ба пешвозам дастакзанон овоз баланд карда медавад. Аввал ба ин мўъҷизаи табиат бовар накарда, чашмонамро молидам. Вале шабаҳ ба поезд наздик мешуд. Аз тарси он ки зан зери чархҳои поезд намонад, фили оҳанинро бо азоб нигоҳ доштам ва ҳаросон аз локомотив худро берун гирифтам. Вале зан ғайб зада буд. Гўё, ки ба осмон парида бошад.

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД