Formula september
Ҳазрати Муҳаммад (С.С) дар бораи Наврӯз чи гуфтааст?
738

Аз қадимулайём гузаштагони мо чунин ақида доштанд, ки ҳар касе иди Наврӯзро бо хушиву шодмонӣ ҷашн бигирад, ҳаёташ то соли дигар бо шодкомӣ мегузарад. Дар ҳақиқат Наврӯз ин оғози соли нав - рӯзи баробаршавии шабу рӯз, аз нав зинда гаштани табиат, рӯзи ба бурҷи Ҳамал расидани Офтоб мебошад.

Табиат бо омадани Наврӯз қолини сабзу мунаққаш аз гулҳои баҳориро ба мисли чакани зебосанамони диёри биҳиштосои мо-Тоҷикистон ба бар мекунад. Гулҳои наврӯзӣ гӯё бо насими баҳорӣ ҳамнаво гашта, хурду калонро ба базму тантанаҳои наврӯзӣ даъват мекунанд, вале то ҳол одамоне ёфт мешаванд, ки Наврӯзро иди оташпарастон ҳисобида, барои мардуми мусалмон ҷашн гирифтани онро ҳаром мешуморанд. Ҳамчун ҷавоб ба чунин афрод мо ривоятеро дар бораи паёмбари гиромии ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С.С) ва иди Наврӯз манзури хонандагони сомонаи Оила. ТЧ мегардонем.

Абурайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия»-и хеш чунин зикр намудааст:

«Овардаанд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво бар Пайғамбар (с) ҳадя оварданд. Он Ҳазрат пурсид: «Ин чист?» Гуфтанд: «Имрӯз рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?». Фармуд: «Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд бар онон фармуд: «Бимиред! Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Он гоҳ (Расули акрам (с) аз ҳалво тановул кард ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД