Arzon march 2024
Ба кӯдакон афсона гуфтан гуноҳ аст?
876

 

Дурӯғ гуфтан ба бандаи мусалмон ҷоиз нест. Мехоҳам донам, ки дар вақти хоб ба кӯдак гуфтани афсона дурӯғ ҳисоб мешавад ё не? 

Заррагул, н. Тоҷикобод. 

 

Посухи домулл Ҷамлиддин Хомӯшӣ

Аввал ин ки афсона барои хушҳол ва ором кардани кӯдакон нақл карда мешавад. Ҳама гуна нақлу қиссаҳоро ба дурӯғ ҳукм кардан аз рӯи мурувват нест. Албатта дар китобҳо ва таърихномаҳо қиссаҳои дуруст ва саҳеҳ вуҷуд доранд. Шумо метавонед, ки аз ин гуна нақлу ривоятҳо ба кӯдакон мутобиқ ба синну сол ва фаҳму даркашон ҳикоят кунед. Филмҳое, ки аз ҷониби коргардонҳо рӯи навор меоянд, агарчӣ образҳои онҳо тахайюлӣ ҳастанд, лекин мисли онро дар зиндагӣ мушоҳида кардан мумкин аст, бинобар ин, чунин филмҳоро набояд ба дурӯғ ҳукм кард, зеро дар онҳо ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва ибратомӯз вуҷуд доранд. Агар афсонаву ривоят ва ҳикояҳо ба роҳи бадӣ ҳидоят накунанд, пас зараре дар онҳо нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД