arzon replenishment
Ба хотири “гражданство” никоҳ кардан равост?
19.06.2022
ОИЛА
980


Ман ба хотири ба даст овардани ҳуқуқи иқомат дар Русия ва гирифтани шиноснома мехоҳам бо як зани рус издивоҷ бикунам.

Оё ҷоиз аст, ки танҳо бо ин мақсад бо ӯ издивоҷ бикунам?

Шаҳбоз, ш. Москва.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) ба ин савол чунин посух медиҳад:

Агар ӯ аз ҷумлаи заноне бошад, ки издивоҷ бо ӯ ҷоиз аст, ҳеҷ боке надорад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Зан барои чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад... ». Аз ҷумла молро ҳам зикр кардааст. Ин монанди он аст. Агар бо ӯ ба хотири ба даст овардани иқомат издивоҷ бикунад, ҳеҷ боке надорад, ба шарте, ки пас аз ба даст овардани иқомат нияти талоқи ӯро надошта бошад. Яъне, шумо метавонед бо ин зан издивоҷ кунед, вале агар баробари гирифтани шиноснома ӯро бе далел ва амдан талоқ диҳед, мумкин нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД