Formula september
Ба одамони ғайримусалмон садақа диҳӣ, қабул мешавад?
816

Салом! Чанд сол боз ман бо аҳли оилаам дар Русия зиндагӣ мекунам. Азбаски моҳи шарифи Рамазон наздик шуда истодааст, мехостам донам, ки дар ин моҳи муборак садақа ва закотро ба нафарони ғайри мусалмон диҳӣ, ҷоиз ҳаст ё не?
Амриддин аз шаҳри Иркутски Россия

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Бале, садақа додан ба ғайри мусулмонон ба хотири нарм намудани дилҳояшон ба ислом, бо умеди мусулмон шуданашон ҷоиз аст, хоҳ аз моли закот бошад ё аз моли садақаи нофила. Аммо ба ҷуз ин, садақа додан ба онҳо ҷоиз аст, вале закот додан ба онҳо ҷоиз нест, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд: «Аллоҳ шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан нисбат ба касоне, ки дар (амри) дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун насохтаанд, манъ намекунад. Бегумон Аллоҳ адолатпешагонро дӯст медорад».

(Сураи Мумтаҳана: 8).

Закот додан ба кофир ҷоиз нест, магар ин ки ӯ аз ҷумлаи дилҷӯшудагон бошад, зеро Аллоҳ таъоло дар баёни мустаҳиққони закот мефармояд: «Ва барои дилҷӯшудагон». (Сураи Тавба: 60).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД