shoh palace
Ба Русия мардикорӣ рафта ба сил гирифтор гаштам
818


Ф.Д мисли садҳо мардони тоҷик барои пешбурди зиндагиаш рӯ ба мардикорӣ оварда, Русияро интихоб карда буд. Ҳар коре, ки аз тарафи корфармо пешниҳод мешуд, ин ҷавонмарди меҳнатӣ бо ҷону дил онро анҷом медод.

Зимистонҳои қаҳратуну дар ҳавои сард то нимаҳои шаб ҷон коҳонда меҳнат кардан ба саломатии ин муҳоҷири меҳнатии тоҷик бе таъсир намонда, кам-кам месулфидагӣ шуд, вале имкон надошт, ки аз паси табобати худ шавад. Боре онҳоро барои таъмири як беморхонаи кӯҳна бурданд, ки пештар он ҷо беморони сил табобат мегирифтаанд. Баъди ҳамагӣ се моҳи кор дар он ҷо ҳоли вай тамоман бад шуд. Сулфааш чунон авҷ гирифт, ки дигар як лаҳза орому қарор надошт, бар замми ин, ҳарорати баданаш баланд шуда, шабона тасф мекард ва дар обу арақ тар мешуд. Мадоре надошт, ки роҳ гардад ва ба қавли худаш пойҳояшро кашолакунон мерафт...
“Ҳолатам чунон вазнин шуд, ки дигар ба кор баромада натавонистам ва ҳамкорон маро ба Тоҷикистон равон карданд. Муддати як моҳ дар хона ба худмуолиҷакунӣ машғул шудам. Гоҳ-гоҳ балғами хунолуд мепартофтам. Ин ҳолатро модарам дида, маро маҷбурӣ ба беморхона овард. Ташхис нишон дод, ки ба бемории сил гирифор шудаам””-қисса мекунад ҳамсуҳбаи мо.

Тавре ки аз нақли қаҳрамонамон бармеояд, ӯ муддати 3 моҳ дар беморхонаи бемориҳои сил табобат гирифтааст. Ба сил гирифтор буданашро фаҳмида, ҳатто баъзе дӯстони наздикаш низ аз ӯ дурӣ меҷустанд, вале дар ин миён одамони хайрхоҳу хайрандеше низ буданд, ки ба аёдаташ рафта, ӯро дилбардорӣ мекарданд, ки зиқ нашавад, Худо хоҳад, шифо меёбад.
“Пас аз он ки маро аз беморхона ҷавоб доданд, баъзе ҳамдеҳагонам аз ман ҳазар карда, аз дур салом медоданду самти ҳаракаташонро дигар мекарданд. Ба онҳо фаҳмондан мушкил буд, ки ман аллакай шахси шифоёфтаам”-мегӯяд бо дард ин ҷавонмарди тоҷик.
Аз нақли қаҳрамони мо чунин бармеояд, ки ӯро аз худи беморӣ дида, канораҷӯӣ, ҳазар кардан, дурӣ ҷустан ва тамғагузории мардум маъюсу руҳафтода кардааст, ҳол он ки сил бемории табобатшаванда мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки ин беморӣ аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, манбаи асосиаш чубча микроби Кох мебошад.

Арақкунии шабона, ҳарорати бадан аз 37,5 дараҷа боло, гум шудани иштиҳо, якбора кам шудани вазни бадан аз зумраи нишонаҳои асосии бемории сил маҳсуб меёбад.

Барои гирифторони бемории сил Асосиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” барномаи махсусеро барои беҳбудии кори ҳам беморон ва хам табибон роҳандозӣ намудааст, ки дар ҷаҳон аввалин маҳсуб меёбад. Тибқи ин барномаи мобилӣ, ки тамоми маълумотҳо вобаста ба ин беморӣ ба он замима шудаанд, маризон метавонанд маълумотҳои заруриро ба даст оварда, аз он ройгон истифода баранд. Ҳамчунин  ба воситаи ин барнома бемор метавонад, бо духтурони Маркази ҷумҳуриявӣ ҳимояи аҳолӣ ҳамсуҳбат гашта, маслиҳату машварат бигиранд ва бо дигар беморони силдошта ҳамсуҳбат шавад.

Эҳсони Аъзамиён, намояндаи Асосиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар суҳбат ба мо қайд кард, ки тамоми навгониҳои соҳа барои беҳтар кардани сатҳу сифати табобати беморон ва осонӣ бахшидан дар раванди ташхис ва муолиҷаи онҳо мебошад. Агар дар маҷмуъ гӯем, ҳадафи асосии барномаи OneImpact Tajikistan, ки дар PlayMarket ва AppStore ройгон дастрас  аст, канда нашудани бемор аз табобат  мебошад. Тамоми чорабиниҳо ва барномаву маъракаҳои фаҳмондадиҳие, ки мегузаранд, бо ҳамин мақсад аст.
“Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки тамоми таҷҳизоти муосир-аз маводҳои доруворӣ сар карда, то таҷҳизоти ташхисию табобатии замонавиро доро мебошад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар барои сари вақт дарёфт кардани беморон дастгоҳи муосири GeneXpert муҷаҳаз гардонида шудааст”-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қонун ба ҷавобгарӣ мекашад агар...

Қонунгузории кишвар дар моддаи 154 оида ба “Ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурии беморони сил” овардааст, ки беморони шакли гузарандаи бемории сил, вайронкунандагони чандинкаратаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ҳамчунин қасдан аз муоина барои дарёфти бемории сил ва табобати он саркашӣ намуда, дар асоси санади судӣ дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил барои ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурӣ бистарӣ кунонида мешаванд. Мувофиқи ин модда хешовандони наздик ё роҳбари муассисаи тиббии зидди бемории сил метавонанд аризаро ба суд оид ба бистарикунонии шахси гирифтори бемории сил, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, пешниҳод менамоянд.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон гирифторони бемории сил аз сад ҳазор аҳолӣ 70-72 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳисоботи СБҶ кишвари мо дар миёни 113 давлати ҷаҳон, аз давлатҳое маҳсуб меёбад, ки дар ин самт ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД