Arzon march 2024
Ба сари қабри фарзанд рафтани модар гуноҳ аст ё савоб?
704

 

Бо амри парвардигор писарчаи шашсолаам фавтид. Худованд ба ман сабр намедиҳад. Беқарораму ноором. Дилам бисёр мехоҳад, ки сари қабри фарзандам равам, вале мегӯянд, рки афтани зан ба қабристон ҷоиз нест. Чӣ кор кунам? Ба ман тавсия диҳед.

Судоба, ш. Ваҳдат.

        Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

Хоҳариазиз, нахуст аз даргоҳи илоҳӣ ба шумо сабри ҷамил мехоҳем. Бигзор худованди муттаол ба шумо сабри ҷамил диҳад. Маргу зиндагӣ ба дасти холиқи яктост. Бинобар ин, ба ин фармуди тақдир муросо кунед.Аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ рафтани занҳо ба қабристон ҷоиз аст, фақат бо риояи шароит, яъне ҳангоми ба қабристон рафтан аввалан аз шавҳаратон иҷозат гиред, сатри шаръиро риоя карда, аз нолаву фиғону мўй кандан худдорӣ кунед. Албатта, дар он ҷо фотиҳа хондан барои аҳли қабристон боиси аҷру савоб аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД