shoh palace
Бахтамро сӯхтӣ, отаҷон!
1849

(давомаш)

Бо ёрии Гавњар Назокат дар яке аз мактабњои бењтарини пойтахт ба кор шуруъ кард. Саводу малакаи кориашро дида, дар муддати кўтоњ ўро мудири бахши таълимии матаб таъйин намуданд. Ин бонуи оќила дар дилу дидаи мардум љо гирифта тамоми њастии хешро ба кор бахшид. Муаллими Аслам аввал гумон кард, ки Назокат ягон рўз баргашта меояд, вале чун дид, ки азми духтараш ќатъист, пасандози доштаашро љамъ карда барои ў дар пойтахт хонаи якњуљрагӣ харида дод. Назокат хонаашро таъмир кард, љињозонид ва ба Рустам рањмат гуфту ба хонаи худаш кўчид. Рустам дар дил азм кард, ки моњи дигар омада аз Назокат хоњиш мекунад, ки зани дуюмаш шавад, зеро то њол ўро дўст дорад ҳам, бо сабаби дар хонааш зиндагӣ кардани Назокат ин гапро ба ӯ гуфта наметавонист. Метарсид, ки духтар ин пешниҳоди ӯро ба таври дигар фаҳмида, меранҷад. Акнун, ки Назокат ба хонаи худаш кӯчида, дигар аз ӯ ягон вобастагӣ надошт, Рустам метавонист бо дили пур дасту дили ӯро пурсон шавад, вале…
Фоҷиа
Як рўзи сарди зимистон Назокат њангоми баргаштан аз кор лаѓжида афтиду сутунмуњрааш шикаст ва бо ҳамин дигар аз бистар барнахост…. Дар чор моњи бистарї буданаш ќатори њама азизонаш Рустам низ њар њафта ба аёдаташ меомаду соатњо наздаш нишаста бо ў суњбат мекард. Як субњи бањорї Рустам чун њарваќта туњфањои зиёде бардошта ба хабаргирии Назокат омад. Бонуи орзуҳояш аз вай хоњиши аљибе кард:
-Рустамљон, маро ба аѓбаи Фахробод намебарї? Ҳар гоње бањорон ба пойтахт меомадам, аз дидани даштњои лолазор дилам ба ваљд меомад. Рустам аз љияни Назокат Холида, ки ўро нигоњубин мекард, хоњиш кард, ки њамроњи холааш ба мошин бишинад. Онњо ба пуштањои аз лола суп-сурхи Фахробод омаданд.
-Рустамљон, ман безеб шудаам?- Пурсид бо мањзунї Назокат.
-Не, ту њоло њам хушрўи дењаӣ,-Бо ханда гуфт мард ва бори аввал љуръат карда дастони Назокатро рўи каф гирифт.
-Агар чунин аст, пас маро бибўс, то аз дунё ормонӣ наравам. Ман дар умрам лаззати бўсаи мардро начашидаам,-пичиррос зад Назокат….
Пас аз се рўзи ин суњбат Назокати сўхтабахт ин оламро падруд гуфт….
Дилошӯб
Аз муаллиф:
Ин қисса саргузашти занест, ки ман ўро аз наздик мешинохтам. Вай ба ман як муддат дарс њам додааст. Танњо номи ќањрамони марказӣ иваз карда шудааст…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД