Бошгоҳи «Соро компания» дар бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2024/2025 пирӯзӣ ба даст овард. Шогирдони Пайрав Воҳидов дар як бозии сахту сангин тими «Сипар»-и шаҳри Хуҷандро мағлуб карданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нерусанҷии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 6 бар 3 хотима ёфт. Дар дидори мазкур аз ҳайати дастаи «Соро компания» Лукас Наказато ба задани се гол муваффақ омад. Файзалӣ Сардоров муаллифи дубл шуд. Як голи дигарро Самандар Ризомов ба самар расонид.
Аз ҳайати “Сипар” голҳоро Рафаэл Камило, Эдуардо Агналдо ва Парвиз Раҳматов ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми силсилаи марҳилаи нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон миёни ин ду даста рӯзи 3-юми май дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.