arzon replenishment
Бо тасбеҳ зикр кардан бидъат аст?
845

 

Домуллои муҳтарам! Як масъаларо ба шумо расонида, мехоҳам назари исломро дар ин бобат гирам.  Ҳамсояамон мегӯяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на?

Раҷабмоҳ Назарова

Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ 

Хоҳари азиз, Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”, ояти 41) Инчунин дар ҷойи дигар фармудааст: “Ва Парвардигори худро бисёр ёд кун ва ба шому бомдод [Ўро] тасбеҳ гўй”. (Сураи “Оли Имрон”, ояти 41).

Илова бар ин дар суннати Паёмбари акрам (с) низ тавсияҳо ва дастуроти зиёде дар бораи зикру тасбеҳ ворид шуда, ки бар фазилати зикри бисёр гуфтан далолат доранд. Чунонки бо ангуштон зикр гуфтан дар суннат ворид шудааст, бо тасбеҳ зикр гуфтан ҳам дар суннат вуҷуд дорад ва онро бидъат пиндоштан фикри нодуруст аст. Яъне зикр гуфтан бо тасбеҳ ё бо ангуштон дуруст аст. Бинобар ин, шумо ба суханони ҳамсояатон аҳамият надиҳед ва зикри Худоро бисёр гўед, зеро дилҳо бо зикри Худо оромиш меёбанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД