Дардҳои бачагӣ
Хушбахтанд он афроде, ки дар хонаи падарӣ кўдакии хушбахтонаро паси сар намудаанд. Ман духтари худотарсаму аз додаҳои парвардигор шукрона мекунам, вале аз хурдӣ шоҳиди зиндагии вазнини волидайнам будам…
Модарам бо маоши ҳамшираи шафқат ману хоҳаракамро ба воя расонд, имрўз ман дар мактаби деҳа муаллима ва хоҳарам бошад, донишҷўйи курси дуюми донишгоҳи тиббист. Аз рӯзе, ки худро ёд дорам, падарам бемор аст. Ба худ фурў рафта, хомўшу бесадо мегардад, ҷойе кор намекунад, вале замини наздиҳавлигиямонро ба боғи зебое табдил додааст. Аз сабаби бемории рўҳӣ доштанаш нафақа мегирад, вале нафақаи ночизаш сарфи дорувориҳои худаш мегардад. Ману модарам дукаса шабу рўз заҳмат мекашем, то зиндагиямон пеш равад ва ташвишҳои хоҳари донишҷўям низ дар гардани мост. Мани аз хурдӣ ба як шахси калонсол табдилёфта назари муҳаббати ҷавононро ба сўям нодида мегирифтам, вале…
Ишқи муаллимбача
Дар ноҳияамон байни хонандагон як озмуне баргузор гашту ман низ шогирдонамро бурдам. Ана дар ҳамин озмун бо муаллимбачае аз деҳаи ҳамсоя шинос шудам. Муносибатҳоямон аввал дўстона буданд, вале оҳиста-оҳиста бо ҳам унс гирифта, якдигаро дўст доштем. Ансор маро бо волидайнаш шинос карду ман ўро. Баъди як соли вохўрданҳою аз ишқ сухан гуфтанҳо модараш ба хостгорӣ омаду моро фотеҳа карданд. Оилаи Ансорино низ мисли оилаи мо зиндагии миёнаҳолона доштанд. Ў миёни шаш духтар писари ягонаи волидайнаш буду бисёр мехост соҳиби пулу мол ва зиндагии хуб бошанд, аммо бо маоши муаллимӣ ба ин орзуҳо расидан амри маҳол буд…
Ману Ансор бо ҳамдигар қасри орзуҳоямонро месохтем, ў ба ман ваъдаҳои зиёде медоду мегуфт, ки барои падару модарам писар хоҳад шуд, барои хоҳаракам бошад, бародар. Хурсандиям ҳадду канор надошт, ки Худованд маро бо чунин ҷавони боақл шинос кардааст. Модарам низ шукрона мекард, вале оҳиста-оҳиста дўстдоштаам қилиқҳои нав баровард…
Алфонс
Мо ба тўй тайёрӣ медидем, модарам ба модари Ансор гуфт, ки харҷи зиёдатӣ лозим несту сарфакорона сарупо биёранд, худашонро ғам надиҳанд. Модари Ансор низ бо хурсандӣ розӣ шуду ба модарам ҳазор бор раҳмат гуфт… Мо ба рухсатии меҳнатӣ баромадему якҷоя бо Ансор барои гирифтани музди меҳнатам рафтем. Ҳамин вақт ў тарошаи аз бом афтодагӣ барин гуфт: “Нисо, ту рухсатипулиятро ба ман деҳ, то ба модарам диҳам, ки ба маблағи доштааш зам карда бароят сарупо харад”. Дар ҷоям аз ин беномусии Ансор шах шудам, вале базӯр худамро дошта, гуфтам, ки Ансорҷон, ту медонӣ, ки ман ин корро карда наметавонам. Зеро дар зиндагӣ камбудии зиёд дорем…
Пас аз ин сар шуд қилиқҳои нав ба нави муаллимбачаи ба қавли худаш «ошиқ». Ў зуд-зуд аз ман пул мепурсид, ман гоҳ-гоҳ хоҳишҳояшро иҷро мекардам ва сад ё дусад сомониаш медодам, аммо ин барояш кифоят намекарду дилмаро сиёҳ карда, ҳар гуна гапҳо мегуфт.
Ансор ҳамеша таъкид мекард, ки фалону бисмадон ҷӯрааш бо бойдухтарон риштаи муҳаббат доранду аз ҳисоби онҳо хўрда мегарданд, вай бошад, ба духтари камбағал дил бастааст. Азбаски ўро дўст медоштам, ҳама заҳри суханашро бо таҳаммул фурў мебурдам, намехостам ў аз ман дил канад, аммо тақдирро тадбир набудааст…
(Давом дорад)
НИСО
Таснифи Рухсора САИД