arzon replenishment
ЧАРО МАРД ДАР БИСТАР ҚОНЕЪ НАМЕШАВАД?
5167

 

Марди 45- сола ҳастам. Ҳангоми ҳамхобагӣ бо ҳамсарам қонеъ намешавам, муносибати маҳрамонаи мо ҳамагӣ як дақиқа ҳам давом намекунад. Сабабашро намедонам ва аз ин гуна ҳамхобагӣ шарм медорам. Хоҳишмандам дар мушкили ба сарам омада ба ман кумак расонед.

Расул, ш. Душанбе.

Барои пайдо намудани посух ба саволи хонандаамон бо уролог-андрологи шинохта Ҷамшед Ризоев ҳамсуҳбат шудем.

Берабтӣ ё ноҷӯрии ҳаёти маҳрамона, ки оқибатҳои нохуш ба бор меорад, ҳатман табобатро тақозо мекунад. Дар баъзе мавридҳо барои мӯътадил гардонидани ҳаёти маҳрамона машварат бо мутахассиси бемориҳои ҷимоӣ (сексопатолог) басанда аст. Ҳангоми ба миён омадани ихтилоли таносулӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намудан лозим аст, чунки бисёр ноҷӯриҳои ҷинсӣ шакли мураккаб ва музмин мегиранд ва табобати онҳо басо душвор мегардад.

Мутаассифона, аксаран мардҳо аз шарми ботил ба назди пизишк нарафта, маслиҳати ошноҳои худро авлотар медонанд ва он тоифа ҳам ба ҷону дил аз «таҷриба»-и хеш тавсияҳо медиҳанд, вале намедонанд, ки дар соҳаи таносул ягон илоҷ ё тавсияи умумӣ вуҷуд надорад.

Бинобар ин, дар сурати номӯътадил гардидани ҳаёти ҷинсӣ, ки ба синну сол вобаста набошад, ба пизишки бемориҳои ҷимоӣ ва ё духтури дигар ихтисос (психоневролог, уролог, андролог ва ғайра), ки чунин беморонро қабул мекунад, муроҷиат намудан лозим аст.

Дар муддати кӯтоҳ анҷом додани алоқаи ҷинсӣ сабабҳои зиёд дорад:

1. Асабӣ (дар ҳолате, ки ташвиш зиёд аст).

2. Психо-эмотсионалӣ (пайдо шудани тарс дар бадан).

3. Одатӣ (аз ибтидо ҳамин гуна будан).

4. Нейрофизиологӣ (мондашавии зиёд).

5. Эҳсосӣ (аз лиҳози молиш ва ламси зиёд тез тамом кардан).

6. Гормони пролактин (агар ин гормон зиёд шавад).

7. Дорои бемориҳои шамолхӯрӣ (простатит, уретрит).

Агар шахси бемор дар худ чунин ҳолатҳоро эҳсос кард, ҳатман ба уролог-андролог муроҷиат намояд (ҳеҷ гоҳ аз дӯст ва ё рафиқи худ тавсия напурсад, ки ин кор ба зарари худи бемор хоҳад буд). Аз ташхис гузарад ва сабаби бемориро муайян намояд. Агар мард дорои бемориҳои простатит ва уретрит бошад, ба ин мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданаш мумкин аст.

Бояд гуфт, ки шахси бемор набояд аз дорувориҳои баландкунандаи рағбати ҷинсӣ ва боқувват кардани таносул барои ҳамхобагӣ бе тавсияи духтур истеъмол намояд, чунки ин гуна ҳабҳо ба саломатии мард зарари ҷиддӣ мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД