ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
792

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз аз гумону шубҳа худдорӣ намоед, ин ба муносибатҳои ошиқона таъсири манфӣ мерасонад. Бо наздикон мулоим бошед, то нофаҳмиҳо пайдо нашаванд. Барои соҳибкорон рӯзи муфид аст: шартномаҳо ва ҳамкориҳои хуб имкон доранд. Барои хариди либос рӯзи мувофиқ аст, аммо сарфакор бошед. Барои қавигардонии иммунитет машқ кумак мекунад. Нисбати саломатӣ бепарво набошед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз ишқу муҳаббат барои шумо муҳимтаранд, корҳои хона ва хизматӣ метавонанд интизор шаванд. Қобилияти кориятон зиёд шуда, вазифаҳои душворро низ иҷро карда метавонед. Аз корҳои якранг дурӣ ҷӯед. Ҳунар ва истеъдодатонро дар ҷои мувофиқ истифода баред. Аз пурхӯрӣ парҳез намоед, вагарна аз бемориҳои меъда азият мекашед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Фикр накунед, ки ҳеҷ гоҳ бахти худро пайдо карда наметавонед, ин ҳолати муваққатист. Шом метавонад каме дилгиркунанда гузарад. Дар ҷои кор ба муҳити худ диққат диҳед, тағйироти хурд бароҳатиро меафзояд. Эҳтимол хароҷоти ғайричашмдошт буҷаатонро халалдор месозад. Баъзеҳо баландшавии фишори хунро эҳсос мекунанд, бинобар ин, аз кори зиёд худдорӣ кунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз ҷаззобу ҷолиб ҳастед, ҳамкорон ва атрофиён ба шумо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Барои аҳли оилаи худ вақт ҷудо карда, муҳаббат ва ғамхориатонро нишон диҳед. Дар касбу кор ҳама чиз мувофиқи нақша меравад ва шумо ҳатто ба дигарон ёрӣ мерасонед. Дар мавриди хона хариди ашёҳои лозимӣ муфид хоҳад буд. Парҳез ва ғизои дуруст саломатиро нигоҳ медорад.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи хубест барои муҳаббат ва вохӯриҳои ошиқона. Баъд аз нисфирӯзӣ беҳтараш ба корҳои хона машғул шавед. Интуитсия қавӣ хоҳад шуд, имкони беҳтар кардани вазъи молиявӣ пайдо мегардад. Аз қарорҳои шитобкорона парҳез кунед. Саломатии хуб хоҳед, ҳама гуна эҳсоси баду ногуворро аз сар дур созед. Ба асабоният роҳ надиҳед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Муҳаббат барои шумо такягоҳ мегардад, агар наздикон дастгириятон кунанд. Имрӯз эҳтимол зиндагии шахсиятон ба рафти корҳоятон таъсир расонанд. Энергияатон баланд аст, сафарҳои дур ва гуфтушунидҳо бобарор анҷом меёбанд. Аз баҳси молиявӣ дурӣ ҷӯед. Кӯшиш кунед бо ҳамаи онҳое, ки қаҳр будед, оштӣ шавед. Дилу нияти пок рӯзатонро сафо мебахшад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Худро пурра ба касбу кор бахшидан ба шумо оромии равонӣ мебахшад. Бо одамон бештар муошират кунед. Агар оиладор бошед, ҳатто ишқбозии содда низ метавонад нороҳатӣ оварад. Нисфирӯзӣ табъатон болида гашта, масъалаҳои бозмонда ҳал мегарданд. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед. Агар вазн кам карданӣ бошед, имрӯз оғози хуб барои парҳез ва машқҳост.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Дар ҷодаи муҳаббат оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Нафарони муҷаррадро шиносоии ҷолиб интизор аст. Кӯшиши дар танҳоӣ ислоҳ намудани ҳамаи оламро накунед, худ ва наздиконро ҳифз кардан басанда аст. Корҳоро субҳ ба анҷом расонед, шомро ба истироҳат ва оила бахшед. Аз хароҷоти калон худдорӣ кунед. Таваҷҷуҳи саривақтӣ ба саломатӣ шуморо аз мушкилот эмин медорад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз аз нафари бароятон наздик хабаре мешунавед, ки комилан ҳаётатонро тағйир медиҳад. Имрӯз дар касбу кор нофаҳмӣ имкон дорад, аммо роҳбарият сахтгир намешавад. Маблағи доштаи худро сарфа кунед ва роҳҳои нодурусти даромади пулиро ҳатто ба назар нагиред. Саломатиятон хуб аст ва чизе таҳдид намекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Дар ҷодаи муҳаббат бахт бо шумост, аммо барои ҷалби шахси дӯстдошта каме талош лозим аст. Назди худ ҳадафҳои аз ҳад калон нагузоред. Беҳуда нагуфтаанд, ки кам бошаду ғам набошад! Зеҳни шумо равшан аст ва қарорҳоро зуд қабул мекунед. Барои касоне, ки дар шоу-бизнес, соҳаи мӯд ё меҳмонхона кор мекунанд, рӯз он қадар муфид нест. Саломатӣ устувор мемонад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз барои харид, таъмир ё кӯчидан бобарор аст, аммо аз сафарҳои дур худдорӣ кунед. Аз фикрҳои зиёди молиявӣ каме фосила гиред. Дар касбу кор бахт бо шумост, аммо нақшаҳои ояндаро пешакӣ насозед. Эҳтимол бемориҳои кӯҳнаатон аз нав хурӯҷ намоянд, иммунитетро тақвият диҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нафарони муҷаррад метавонанд бо шахси ҷолиб вохӯранд. Эҳсосоти ҷамъшуда метавонад нороҳатӣ оварад, аммо баҳси хонаводагиро бо мулоимӣ ҳал кунед. Шояд ба зудӣ масъалаи иваз кардани кор ба миён ояд. Ашёҳои зебо харидан мехоҳед, аммо боварӣ ҳосил намоед, ки айни замон онҳо ба шумо воқеан лозиманд ё не. Аз хастагии рӯзҳои гузашта истироҳат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД