arzon replenishment
Чизпараст
1957

 

- Мурад ин қудои паст! Дар ягон гӯшаи хаёлам набуд, ки бо ҳамин одамони камбағал хеш мешавам. На бисоташ дуруст, на мебелаш, на либоси мепӯшидаи духтараш... Боз ду-се либосу гушвору пойафзолаш ба орият будааст. Ин қудои паст боз шарм надошта, духтар баровард. Аввал буғчаи духтарро пур кардан лозим буд. Хайр, рост намегӯям дугона?, - пурсид Ороста аз дугонааш Шоиста.

Зан, ки Оростаро аз хурдӣ хуб мешинохт оҳи чуқуре кашиду гуфт:

- Шояд рост бошад. Вале, ман ба ҳамин ҷавонони ҳозира ҳайронам, махсусан ба духтарон. Барои чӣ бо нархҳои гарон ба орият либос мегиранд? Магар ба пули ба орият сарфкардаашон чор панҷ куртаи дигар гиранду солҳо пӯшида гарданд беҳтар нест? Аслан айби мо калонсолон аст. Обрӯ гирам, ки даҳони мардум воз шавад мегӯем. Чӣ қадар бисоти духтар пур гуфта, ҳайрон шаванд, мегӯему то гарданамон ба қарз меғӯтем. Бар замми ин, боз ба орият либосу гӯшвору гарданбанду ҳазор балои дигар мегирем. Чӣ лозим ҳамин? - абрӯ чин кард Шоиста.

Ороста ба ин суханони дугонааш эътироз намуда, гуфт:

- Оббо, ту ҳам гузарондӣ, - ку?! Ҳамин калонҳо ҳам барои фарзандашон мекунанд. Барои он ки мисли келини ман назди ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, махсусан, хусуру хушдоман ва авсуну хоҳарарӯс забонкӯтоҳ нашаванд.

- Рост мегӯям! Охир, ҳама мисли ту, дугона, чизпараст шудаанд. Магар пули ҳамонро мазза карда, худи ҷавонон дар тарабхона, ошхонаҳои қиммат, ё меҳмононхонаҳои замонавӣ рафтамоҳи асал гузаронандхуб не? Мо чӣ кор мекунем? Ҳатто домодро то биниаш ба қарз гӯронда, пагоҳи тӯяш ба муҳоҷират мефиристем. Баъд гиря карда мегардем, ки чаро кӯдакдор намешаванд? - гуфт Шоиста.

- Шоиста, дугонаҷон намедонам ба фикрам ту ҳоло ҳам дар замони Дақёнус зиндагӣ дорӣ. Давраи бо ду кӯрпаву кӯрпача, ду болину як лӯла ва як ду либос шавҳар кардани духтарон кайҳо аз байн рафтааст. Ҳозир мардум механданд. Халқ ба чизи хӯрдаат не, ба чизи пӯшидаат, ба дарвозаву хонаат менигарад. Бигзор гурусна гардӣ, лекин хонаат зебо бошад, либосат, тиллоҳоят беҳисоб бошанд. Ана, баъд байни халқ эҳтиром дорӣ, фаҳмидӣ? - таъкид кард Ороста.

- Ороста, бидон, ки на ҳама вақт молу давлат касро хушбахту хушрӯзгор месозанд. Келини маро бин. Чӣ қадар чизи бисёр овард. Гӯшвору ангуштарину гарданбандҳояш дар ягон зани бонуффузу ашрофзода нест. Барои писараму келинам аз Душанбе, ҳатто аз Маскав хона харида дод қудои бечора. Аммо, фарзанд надоранд. Магар, ин бахт аст? Агар илоҷи фарзанддор шудан дар молу сарват мебуд ё бар ивази сарват фарзанд ёфт мешуд, ҳозир ман ҳам ва қудоям ҳам тайёр будем, ки тамоми сарватамонро диҳему онҳоро соҳиби фарзанд гардонем. Аммо, илоҷ нест. Вале, ту бошӣ, дугона, мудом камбағалии келинатро мегӯиву бас. Охир, онҳо ду гулписар доранд. Ин сарвати бебаҳо нест, магар? Ғайр аз ин, дар давоми умр чизҳои ба худ лозимаро мегиранд.

- Эй Шоиста, намемонӣ, ки одам камтар дарди дил кунад. Ҳамин, ки дар бораи камбағалии келинам гӯям, даррав худатро мисол меорӣ. Фалон шуду фалон буду фалон кард. Акнун “он кас писар таваллуд кард” гуфта, тоҷи сар карда монам? Чӣ қадар орзуву ҳавас доштам? Гӯр ба сари камбағалиаш. Аққалан хизматамро дуруст ба ҷо орад. Ман ҳам як гулписарро калони пулёб карда, бо ду дасти адаб ба як келини ноӯҳдабаро додам. Ду - се соли дигар гузарад, келинам писари латаамро таги даст мекунаду аз хатти кашидааш намебаромадагӣ месозад.

- Оростаҷон, асабӣ нашав, азизам. Аз ман наранҷ, вале ту писаратро ба келинат рашк мебарӣ, ки ин оқибати хуб надорад. Ин ба вайроншавии оилаи фарзандат оварда мерасонад.

- Чӣ, акнун “ин танҳо аст” гуфта, гапи ба даҳонат омадаро мезанӣ? - аз “рашк мебарӣ” гуфтани Шоиста дар ғазаб шуда, дод зад Ороста.

Шоиста мехост дугонаашро ором созад вале...

Давом дорад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД