Oila 5 years
Дар моҳи шарифи рамазон дуои киҳо қабул мешавад?
533


Мегӯянд, ки дар моҳи шарифи рамазон дуоҳо мустаҷоб гашта, дарвозаҳои биҳишт ба рӯйи бандагони Худо кушода мешаванд.

Мехоҳам донам, ки дуои кадом тоифаи одамон қабул мешавад?
Ҳасан, н. Айнӣ.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят кардаанд, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: «Дар Биҳишт дарвозаест, ки «Райён» ном дорад. Рӯзи қиёмат фақат рӯзадорон аз он дарвоза дохил мешаванд. Бандагони Худо бояд умед бар он банданд, ки Худованд гуноҳҳояшонро бибахшад ва рӯзаашонро қабул кунад. Моҳи Рамазон моҳи мустаҷоб шудани дуоҳост. Дар китоби «Нурул воъизин» омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) бо Худованд роз мегуфт ва дар муноҷоташ пурсид: «Илоҳӣ, Ту маро бо такаллум кардан бо худат иззат додӣ. Оё чунин иззатро ба дигарон ҳам додаӣ?»

Худованд ба Мӯсо (а) ваҳй кард: -Ё Мӯсо (а), бидон, ки дар охирузамон ман бандагони рӯзадорамро дар моҳи Рамазон иззати зиёд мекунам. Вақте бо ту сухан мегӯям, миёни мо ҳафтод ҳазор парда аст. Вақте умматони Муҳаммад (с) рӯза мегиранд (аз гуруснагиву ташнагӣ) лабҳояшон хушк ва рангҳояшон зард мешавад, ман ҳиҷоб (парда)-ҳои худро дар вақти ифтор боло мекунам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД