Arzon march 2024
Дар соли нав бо арӯсам мулоқот ороям, гунаҳкор намешавам?
507


Салом! Ман ҷавони муҷаррад ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи бисёр муҳим назари уламои дини мубини исломро бидонам. Волидонам маро бо духтаре фотиҳа кардаанд, вале то имрӯз арӯсшавандаамро надидаам.

Мехоҳам дар соли нав бо арӯсам мулоқот намуда, ӯро ба ягон ҷо тамошо барам. Мехоҳам донам, ки агар бо номзадам мулоқот намуда, духтарро ба сайру тамошо барам, гунаҳкор мешавам ё не?

Масрур, сокини ш. Ваҳдат

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ислом пеш аз хонадоршавӣ иҷозат медиҳад, ки як бор бо ҳам суҳбат кунанд, то забонашон лакнат надошта бошад, ягон иллати дигар надошта бошад. Аммо ба таври ҳамеша инро иҷозат намедиҳад. Яъне, ҳамеша суҳбат кунанду тамоси телефонӣ гиранду вохӯранду дигар корҳо кунанд. Як маротиба ҳаққи дидану суҳбат кардан ҳаст ва ягон монеа нест ва дар ҳадиси Пайғамбар (с) ин чиз зикр шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД