formula
Дастархони солинавӣ
31.12.2022
Mahina
709


Албатта ҳар як оила расму русуми худро дорад, вале имсол дар шаби Соли Нав ба анъанаҳои оилавиатон андак дигаргуниву навгонӣ ворид намоед, зиён нахоҳед дид. Таомҳое, ки барои хони шаби солинавӣ аз рӯи табъу завқи ҳокими сол таҳия мегарданд, ба хонадон файзу баракат меоранд. Харгӯш сабзӣ, карам ва сабзиҷотро дӯст медорад, аз ин рӯ дар ороиши дастурхон бештар кабудиҳоро истифода баред. Барги салат, сабзӣ ва карам бояд ҳатман дар дастурхони солинавии шумо бошанд.

Дар шаби ҷашни соли нав дар дастурхон бояд маҳсулоти гуногуни ширӣ бошад, зеро шир разми сафедӣ буда, натанҳо ба кас саломатӣ мебахшад, балки хушбахтиро низ ҷалб мекунад. Ҳайрон нашавед, маҳсулоти ширӣ гуфта, танҳо ширу қаймоқро дар назар надорем, метавонед дастурхонатонро бо хӯришҳои гуногуни дар таркибашон қаймоқ дошта оро диҳед. Панир ё ягон хӯроки аҷиби бо фалла тайёр шуда низ айни муддао хоҳад буд.

Хӯришҳои тайёркардаатонро бо шохчаҳои арча оро диҳед ва ҳатман дар рӯи хон зарфи чӯбин гузоред. Дар дастурхони солинавӣ будани маҳсулоти номбурдаамон боиси нарм гардидани қалби Харгӯш гашта, ба хонадони шумо файзу баракат меорад.
Акнун тарзи тайёр кардани чанд хӯроки гӯштии идонаро ба шумо пешкаш месозем, то ки дастурхони солинавиатон бомазза ва соли наватон хотирмон гузарад.

                           Мурғ дар тафдон
Маҳсулоти зарурӣ:
- мурғ – 1 дона;
- лиму – 1 шт.;
- намаки баҳрӣ (ё маъмулӣ) – 400 г.;
- мурчи сиёҳ – мувофиқи тавбъ.

Тарзи таҳия:
Дар болои зарфи тафдон коғаз гузошта, намак пошед. Мурғро шуста, хушк намоед ва равғанҳои зиёдатиашро бурида гиреду ба он каме мурчи сиёҳ молед. Дар даруни мурғ лимӯи тоза шустаро гузоред.
Пойҳои мурғро бо риштае нағзакак бандед ва болои намак гузоред.

Мурғ дар тафдони қаблан тафсони дараҷааш то 190 ºC тули 50 дақиқа пухта мешавад. Хоҳиш дошта бошед, метавонед ба тани мурғ каме равғани офтобпараст бимолед.

Мурғ, ки пухт, метавонед лимуро гирифта партоед. Мабодо мурғро бо гарнир хӯрдан хоҳед, пюреи картошка айни муддао мешавад.

Почаи гӯсфанд дар тафдон
Гӯшти гӯсфанд дар таркибаш қариб, ки холестерин надорад, бинобар ин, мо ба шахсони парҳезро риоя мекарда дар шаби Соли Нав маҳз ҳамин гӯштро тавсия медиҳем. Гӯшти гӯсфанд ба осонӣ ҳазм шуда, барои кори меъда вазнинӣ намеорад. Ин гӯшт микроэлементҳои зиёди муфид дорад, бинобар ин, шаби ид почаи гӯсфандро дар тафдон пухта, маза карда хӯред!

Маҳсулоти лозимӣ:
- пойи гусфанд - 1, 5 кг;
- сир (чиснок) – 5-6 дандона;
- орд - 2 қошуқ.;
- лиму – ½ дона.;
- равғани растанӣ - 2 қошуқ;
- адвия (приправа) барои шашлик - 2 қошуқ.;
- мурчи сиёҳи дона;
- занҷабили (имбир) тару тоза – 1 пораи ғафсиаш 1 см;
- намак.

Тарзи таҳия:
Барои омода кардани ин таом пойҳои қафои барра лозим мешаванд. Гӯштро чанд қисм менамоем, аммо аз устухон ҷудо намекунем.

Гӯшти майдакардаро дар таги оби равон хуб шустан лозим аст, то дар он пораҳои устухон боқӣ намонанд. Пас аз ин ба гӯшт адвия ва намак мепошем. Дар таркиби приправа бояд ҳатман гашниҷ, қаламфур, райҳон, тимён, мурчи сиёҳ, сири хушк (сушеный чеснок) ва мурчи сурхи тез бошанд.

Ин гуна приправа надошта бошед, ҳамаашро дар зарфе якҷоя карда, баъд ба гӯшт пошед. 30 дақиқа тоқат кунед, то гӯшт мазаи адвия (приправа)-ро кашида гирад. Дар зарфи тафдон варақаи алюминӣ (фольга)-ро паҳн намуда, гӯштро ба болояш гузоред ва як пора занҷабилро ба болояш монед. Фолгаро нағзакак печонед, то ҷои кушода ё сӯрохие дар он намонад.

Дар акси ҳол обе, ки аз гӯшт мебарояд, мерезаду гӯшт хушк мешавад. Занҷабилро барои рафъ намудани бӯи маъмулии гӯшти гӯсфанд мегузоранд. Тафдонро ба дараҷаи 180°C тафсонда, зарфи гӯштдорро дар қабати болоии тафдон гузошта, на кам аз ду соат пухтан лозим аст. Метавонед то пухтани гӯшт соус тайёр кунед. Барои ин пеш аз ҳама дандонаҳои чиснокро шуста бо сачоқ хушк карда, дар 400 миллилитр об ҷӯшондан лозим.

Дар зарфи чуқур равғани растанӣ андохта, ба оташи паст мегузорем. Вақте равған тафсон мешавад, ба он орд илова мекунем. Ордро ду дақиқа бирён кардан кифоя аст. Ранги орд тиллоӣ, ки шуд, ба дег оби ҷӯшомада мерезем. Баъди ҷӯшидан ба он чисноки майдакардашударо илова намуда, мурчу намак мепошем ва ду қошуқ оби лимӯ мерезем.

Акнун оташро паст карда, даҳони зарфро мепӯшем ва соусро боз каме меҷӯшонем. Пас аз ин оташро пурра хомӯш намуда, даҳони зарфро маҳкам мекунему 7-8 дақиқа дам медиҳем. Соусро баъди ин ба соусгирак мегирем ва тафдонро кушода, гӯшти гӯсфандро берун меорем. Эҳтиёт кунед, то ҳангоми кушодани фолга дар ҳаври гӯшт дастатон насӯзад.

Гӯшти тайёршударо ба лаълие мегирему аз болояш обашро рехта бо помидору кабудӣ оро медиҳем ва ҳатман зарфи соусдорро дар паҳлӯяш ба рӯйи дастурхони идонаамон мегузорем.

Хуриши солинавии «Харгӯшак»
Тайёр кардани ин намуди хӯриш хеле осон буда, вақти зиёди шуморо намегирад. Вақти сарф мешуда ҳамагӣ 40 дақиқа буда, хӯриш ҳам ба меҳмононатон ва ҳам ба аъзоёни оилаи шумо мақбул меафтад. Ҳамзамон аз рӯи ороишаш ин салат ба Гӯсфанд –ҳокими сол бисёр монандӣ дорад.

Маҳсулоти лозимӣ:
Бигузор зиёд будани маҳсулот шуморо наҳаросонад, аз нисф зиёди инҳо барои ороиш заруранд, агар нахоҳед, метавонед баъзеашонро истифода набаред.
- гӯшти мурғ 500 грамм,
- ҷуворимакка 1 банка,
- ананас 1 банка,
- майонез 100 грамм,
- намак 1 грамм,
- мурчи сиёҳи куфташуда 1 грамм.
- панири сахт 100 грамм,
- помидор 10 грамм,
- сабзӣ 10 грамм,
- укроп 5 шохча,
- мурчи хушбуи дона 1дона,
- райҳон 1 шохча.

Тарзи таҳия:
Пеш аз ҳама маҳсулоти лозимаро аз рӯи рӯйхат тайёр кунед. Ананасро ба дуршлаг барои 20 дақиқа мегузорем, то ки оби таркибаш пурра холӣ шавад. Ҷуворимаккаро мекушоему мисли ананас ба дуршлаг мегузорем. Сабзавоти барои ороишро нағзакак дар зери оби равон шуста, бо сачоқ хушк мекунем. Гӯшти мурғро дар оби намакин меҷӯшонем.

Пас аз ин гӯшти мурғ ва ананасро ба тарзи кубик майда кардан лозим аст. Зарфи барои хӯришгирӣ мувофиқи чуқурро гирифта, дар он гӯшти мурғро бо ҷуворимаккаю ананасу майонез омехта мекунем ва намаку мурч мепошем. Хӯриши солинавӣ аллакай омода шуд, акнун ба ороишаш машғул мешавем. Аз хӯриш тани Харгӯшак ва каллаи онро созед.

Дар лаъличаи хурд панирро аз турбтарошак мегузаронем, ин либоси Харгӯшаки мо мешавад. Ҳамзамон аз панир барои харгӯшак ба шакли дум ва пойҳо бурида мегирем. Сабзии тару тоза ва помидорро мегирему аз помидор гулҳо мебурем. Донаи мурчро ба ҷойи чашмҳои Харгӯшак истифода бурда, ба даҳонаш як пора сабзӣ мегузорем. Хӯриши «Харгӯшак» омода шуд. Иштиҳои том ва табъи хуши идонаро ба шумо таманно мекунем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД