Arzon march 2024
Шабнами Сурайё дар чакдон нон мепазад?  
7662

 Меҳмони «Ошхонаи Оила» ин навбат сарояндаи оддӣ не, ситораи ҷаҳонӣ ва товуси хушхироми саҳнаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё аст. 

Шабнамро мо махсус ба ошхонаи Оила даъват намудем, то бидонем, ки  ин бонуи гулбадану гулпираҳан  ҳунари кадбонугӣ дорад ё танҳо бо ороиши рӯю мӯй ва рақсу бози машғул асту халос.

-Шабнамҷони азиз, аввалан Шуморо хушомадед мегӯем.

-Ташаккур!

-Бисёриҳо чунин андеша доранд, ки Шабнами Сурайё ситораи ҷаҳонӣ шуда, дигар дасташро ба оби хунук ҳам намезанад.

-Не, ман аз хурдӣ тамоми хунарҳои занонаро аз худ намуда будам ва имрӯз ҳам, вақти холӣ ёбам, дарҳол ба ошхона медароям, то ягон чизаки бомазза пазам. 

-Хӯроки дӯстдоштаи Шабнами Сурайё?

-Далдаи кӯлобӣ, оши палов ва қурутоб.

-Шабнаме, ки қариб дар нисфи дунё консерт дода, беҳтарин ғизоҳоро тановул кардааст, далдаи кӯлобӣ мехӯрад?!

-Бовар кунед, хӯрокҳои худамон барин ғизои сервитамину бомаззаро дар ягон гӯшаи дунё ёфта намешавад. Хӯрокҳои тоҷикӣ роҳати ҷонанд!

-Нон пухта метавонед?

-Албатта! Наход зан нон пухта натавонад?! (механдад)

-Мардуми Кӯлоб дар чакдони заминӣ нон мепазанд. Шабнам аз баногоҳ сӯхтани дасташ дар дегдони тасфон наметарсад?

-Чаро тарсам?! Ин ҳунарро модарам барвақт ба ман ва хоҳаронам Рӯзигулу Фарзона ёд дода буданд. Аз хурдӣ дар чакдон нон  пухта, одат кардаем, барои ҳамин наметарсем. 

-Аксарият сарояндаҳои машҳур дар хонадонашон хизматгор доранд. Шабнам ёрирасон киро кардааст?

-Ману Фарзона дар сафар набошем, ҳатман худамон барои аҳли оила таъом мепазем ва дигар корҳои рӯзгорро мекунем, дар набуданамон апаам Рӯзигул кадбонугӣ мекунад.

-Ба ҳунари кадбонугии  хоҳаратон Фарзона чӣ баҳо медиҳед?

-Фарзона табъи нозук дорад ва аз ӯҳдаи ҳама ҳунарҳои занона мебарояд.


Волидайни ҳардуямон барои хонадоршавии мо розӣ набуданд, вале мо бо ҳар васила кӯшиш кардем ва эшонро мутмаин сохта хонадор шудем. Падарарӯс се сол бо мо қаҳрӣ буд ва баъдан маро ҳамчун фарзанд қабул намуд.

 


-Мегӯянд, ки Фарзона назарбаланд аст ва ҳар чиро намехӯрад?

-Не, хоҳарам духтари хоксор аст, ёд надорам, ки ягон бор ба ягон хӯрок эрод гирифта бошад.

-Дар як маърака шоҳиди он гаштам, ки аз миёни чанд сароянда танҳо шумо ба хӯришҳо даст бурдед. Магар салатхӯракед?

-Бале, ошиқи салат ҳастам, вале лесакӣ намекунам (механдад).

-Дар як мусоҳибаатон гуфта будед, ки ҳавсалаи ширинихӯрӣ надорам. Ширинӣ ба саломатиатон зарар дорад ё аз тарси фарбеҳшавӣ шириниро бинед, дарҳол чашмонатонро мепӯшед?

-На ину на он, ман аз кӯдакӣ ширинихӯрак нестам. Фарзона шириниро дӯст медорад.

-Ин тавр бошад, барои ҳаводоронатон тарзи тайёр крадани ягон хӯриши навро бигӯед, то маззаи дасти Шабнамро чашанд?

-Хӯриши махсуси «Шабнам»-ро барояшон пешкаш месозам. 

Маҳсулоти лозима:
-лаблабӯи обпаз

-70г сабзии кореягӣ, чипс
-як қошуқ нахӯди сабз
-як қошуқ ҷуворимакка
-70г ҳасиб
-1 бодиринг
-майонез ва кашниз

Тарзи таҳия:
Дар хӯришгираки васеъ аввал лаблабӯи аз турбтароши сурохиҳояш васеъ гузаронидашударо дар як тараф мегузорем. Рӯ ба рӯяш сабзиро гузошта, баъдан маҳсулоти дигари дар боло зикршударо паи ҳам мегузорем. Ҳасибу бодирингро хурд-хурд реза карда, илова менамоем ва каме кашнизро дар паҳлӯяш мегузорем.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД